Ҳушаъ 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУЮМ Таҷдиди ояндаи Исроил ва баракат ёфтани вай. Исроил барои зинокориҳои худ ҷазо ёфт. 1 Ба бародарони худ бигӯед: „Аммӣ“, ва ба хоҳарони худ: „Руҳома“. 2 Бо модари худ муҷодила кунед, муҷодила, зеро ки вай зани Ман нест, ва Ман шавҳари вай нестам, ва бигзор вай зинои худро аз чеҳрааш ва фаҳши худро аз миёни пистонҳояш нест кунад, 3 Мабодо либосашро кашида, луб‐луч намоям, ва мисли он ки дар рӯзи таваллудаш буд, гардонам, ва монанди биёбоне варо валангор созам, ва ба замини хушкидае варо табдил диҳам, ва аз ташнагӣ варо бикушам. 4 Ва бар фарзандони вай марҳамат нахоҳам кард, зеро ки онҳо фарзандони зино мебошанд, 5 Зеро ки модари онҳо саргарми зино шудааст, онҳоро ҳомила гардида, худро расво кардааст, чунки гуфтааст: „Аз паи хушдоронам, ки нон ва об, пашм ва катон, равған ва машрубот ба ман медиҳанд, хоҳам рафт“. 6 Бинобар ин Ман роҳи туро бо хорҳо хоҳам баст, ва таворае пеши вай барпо хоҳам кард, ва ҷоддаҳои худро вай нахоҳад ёфт. 7 Ва ҳарчанд вай аз паи хушдорони худ афтад, ба онҳо нахоҳад расид, ва ҳарчанд онҳоро ҷустуҷӯ намояд, нахоҳад ёфт, ва хоҳад гуфт: „Рафта, назди шавҳари якуми худ бармегардам, зеро ки дар он вақт, назар ба ҳозира, барои ман беҳтар буд“. 8 Валекин вай намедонист, ки Ман будам, ки ғалла ва шароб ва равғанро ба вай медодам, ва нуқра ва тиллоро барои вай афзун мекардам, ки Баалро аз он месохтанд. 9 Бинобар ин Ман ғаллаи Худро дар вақташ ва шароби худро дар мавсимаш гашта хоҳам гирифт, ва пашм ва катони Худро, ки урьёнии вай бо он пӯшонида шудааст, кашида хоҳам гирифт. 10 Ва алҳол аврати варо пеши чашми хушдоронаш ошкор хоҳам сохт, ва касе варо аз дасти Ман раҳо нахоҳад кард. 11 Ва ба тамоми хурсандии вай: ба идҳо, навмоҳҳо, шанбеҳо ва ҳамаи мавсимҳои вай хотима хоҳам дод. 12 Ва токҳо ва дарахтони анҷири варо, ки гуфта буд: „Инҳо музди ман аст, ки хушдоронам ба ман додаанд“, валангор хоҳам кард, ва онҳоро ба ҷангал табдил хоҳам дод, ва ҳайвоноти саҳро онҳоро хоҳанд хӯрд. 13 Ва аз боиси айёми Баалҳо варо ҷазо хоҳам дод, ки он вақт вай барояшон бухур месӯзонид, ва худро бо ҳалқаҳои гӯшу бинӣ ва бо гарданбандҳо оро медод, ва аз паи хушдоронаш мерафт, вале Маро фаромӯш карда буд, мегӯяд Худованд. Исроил, — зани зинокор, — ислоҳ хоҳад шуд. 14 Бинобар ин, инак Ман варо мафтун намуда, ба биёбон хоҳам овард, ва суханони дилпазир ба вай хоҳам гуфт. 15 Ва токҳои варо аз он ҷо ба вай хоҳам дод, ва водии Охӯрро дарвозаи умед хоҳам гардонид; ва дар он ҷо вай, чун дар айёми ҷавониаш ва чун дар рӯзи баромаданаш аз замини Миср, суруд хоҳад хонд. 16 Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, мегӯяд Худованд, ки ту Маро хоҳӣ хонд: „Ишӣ“, ва дигар Маро нахоҳӣ хонд: „Баалӣ“. 17 Ва номҳои Баалҳоро аз даҳони вай дур хоҳам кард, ва онҳо дигар бо номҳои худ зикр нахоҳанд ёфт. 18 Ва дар он рӯз Ман барои онҳо бо ҳайвоноти саҳро ва мурғони ҳаво ва ҳашароти замин аҳд хоҳам баст, ва камон ва шамшер ва корзорро аз замин барҳам хоҳам дод, ва онҳоро дар амният хоҳам хобонид. 19 Ва туро то абад номзади Худ хоҳам гардонид, ва туро бо адолат ва инсоф ва эҳсон ва марҳамат номзади Худ хоҳам гардонид; 20 Ва туро бо садоқат номзади Худ хоҳам гардонид, ва ту Худовандро хоҳӣ шинохт. 21 Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, ки Ман иҷобат хоҳам намуд, мегӯяд Худованд, Ман осмонро иҷобат хоҳам намуд, ва он заминро иҷобат хоҳад намуд, 22 Ва замин ғалла ва шароб ва равғанро иҷобат хоҳад намуд, ва онҳо Изреъилро иҷобат хоҳанд намуд. 23 Ва барои Худам варо дар замин зироат хоҳам кард, ва бар Лӯ‐Руҳома марҳамат хоҳам намуд, ва ба Лӯ‐Аммӣ хоҳам гуфт: „Ту қавми Ман ҳастӣ“, ва ӯ хоҳад гуфт: „Ту Худои ман ҳастӣ“». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden