Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ҳушаъ 14 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЧОРДАҲУМ Ба Худо руҷӯъ кардани Исроил ва дар оянда ба бузургӣ расидани вай.

1 Сомария маҳкум хоҳад шуд, зеро ки ба муқобили Худои худ қиём кардааст: онҳо ба дами шамшер хоҳанд афтод. тифлҳошон ба сахра зада кушта хоҳанд шуд, ва ҳомиладоронашон шикамчок хоҳанд гардид.

2 Эй Исроил, сӯи Худованд Худои худ руҷӯъ намо, зеро ки ба сабаби гуноҳи худ пешпо хӯрдаӣ.

3 Сухани тавбаро бо худ гирифта, сӯи Худованд руҷӯъ намоед; ба Ӯ бигӯед: «Ҳамаи гуноҳҳоро биомурз, ва он чи некӯст, қабул намо; ва мо, ба ҷои говҳо, тазаррӯи лабони худро қурбонӣ мекунем.

4 Ашшур моро наҷот нахоҳад дод; бар аспон савор нахоҳем шуд, ва дигар ба амали дастҳои худ „худоҳои мо“ нахоҳем гуфт, зеро ки ятим фақат дар Ту марҳамат хоҳад ёфт».

5 Муртадии онҳоро шифо хоҳам дод, аз рӯи марҳамат онҳоро дӯст хоҳам дошт, зеро ки ғазаби Ман аз онҳо дур шудааст.

6 Барои Исроил мисли шабнам хоҳам буд; вай мисли савсан гул хоҳад кард, ва мисли арзи Лубнон решаҳои худро хоҳад давонид.

7 Навдаҳояш вусъат ёфта, зебоии вай мисли дарахти зайтун, ва накҳати вай мисли ҷангали Лубнон хоҳад шуд.

8 Онҳое ки зери сояи вай сокин буданд, баргашта, гандумзорро аз нав зинда хоҳанд кард, ва худашон мисли ток гул‐гул хоҳанд шукуфт, ва таърифашон мисли бӯи шароби Лубнон паҳн хоҳад шуд.

9 Эфроим хоҳад гуфт: «Маро дигар бо бутҳо чӣ кор аст?» — Ман ӯро иҷобат намуда, ба ӯ назари нек хоҳам кард; Ман барояш мисли сарви сабзу хуррам хоҳам буд: меваи ту аз Ман ёфт хоҳад шуд.

10 Касе ки ҳаким аст, бигзор ин чизҳоро фаҳм кунад, касе ки оқил аст, бигзор онҳоро дарк намояд, зеро ки роҳҳои Худованд дуруст аст, ва одилон дар онҳо қадамгузор мебошанд, валекин гуноҳкорон дар онҳо пешпо мехӯранд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan