Ҳушаъ 12 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУВОЗДАҲУМ Яъқуби сарқабила ба қавми худ намунаи ибрати ҳаётро нишон додааст. 1 Эфроим бод мепаймояд ва аз паи боди шарқӣ медавад, тамоми рӯз кизб ва ситамро афзун мекунад; ва онҳо бо Ашшур аҳд мебанданд, ва равған ба Миср бурда мешавад. 2 Ва Худованд бо Яҳудо низ талош хоҳад кард, ва Яъқубро бар тибқи роҳҳояш ба ҷазо мустаҳиқ хоҳад кард: ба ӯ мувофиқи аъмолаш подош хоҳад дод. 3 Дар шиками модар ӯ пошнаи бародари худро қапид; ва дар авҷи қувваташ бо Худо гӯштин гирифт. 4 Ва ӯ бо фаришта гӯштин гирифта, ғолиб омад; ӯ гириста, пеши Худо тазаррӯъ намуд; дар Байт‐Ил низ Худо ӯро ёфт, ва дар он ҷо бо ӯ гуфтугӯ кард. 5 Ва Худованд Худои лашкарҳост: Худованд исми Ӯст. 6 «Ту низ сӯи Худои худ руҷӯъ намо, марҳамат ва инсофро риоят бикун, ва ҳамеша ба Худои худ таваккал намо». 7 Вай савдогарест, ки дар дасташ тарозуи макр мебошад, ва ситамро дӯст медорад. 8 Вале Эфроим мегӯяд: «Дуруст аст, ки ман сарватдор шудаам, барои худ молу мулк пайдо кардаам; дар тамоми дороии ман ноинсофие ки гуноҳ бошад, назди ман нахоҳанд ёфт». 9 Валекин Ман Худованд Худои ту аз замини Миср ҳастам; боз туро мисли айёми ид дар хаймаҳо ҷойгир хоҳам кард. 10 Ва Ман ба анбиё сухан рондам, ва рӯъёҳоро афзун кардам, ва ба воситаи анбиё масалҳоро ба кор бурдам. 11 Модоме ки Ҷилъод пур аз ҷафо гардидааст, пас инҳо бар абас будааст; дар Ҷилҷол онҳо говҳоро қурбонӣ мекарданд, ва қурбонгоҳҳои онҳо мисли сангтӯдаҳои назди огардҳои саҳро буд. 12 Ва Яъқуб ба саҳрои Арам гурехт, ва Исроил барои зан хизмат кард, ва барои зан чӯпонӣ намуд. 13 Ва Худованд ба воситаи набӣ Исроилро аз Миср берун овард, ва ба воситаи набӣ ӯро нигаҳбонӣ намуд. 14 Эфроим хашми бағоят сахте ба вуҷуд овард, пас Худовандаш хуни варо бар вай боқӣ хоҳад гузошт, ва нанги варо ба вай хоҳад баргардонид. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden