Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ҳушаъ 11 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЁЗДАҲУМ Дар бораи марҳамати бузурги Худо.

1 Вақте ки Исроил навҷавоне буд, Ман ӯро дӯст доштам; ва писари Худро аз Миср даъват намудам.

2 Ҳар қадар бештар онҳоро даъват мекарданд, ҳамон қадар бештар аз пеши онҳо дур мерафтанд: барои Баалҳо қурбонӣ мекарданд, ва барои санамҳо бухур месӯзониданд.

3 Ва ҳол он ки Ман Эфроимро ба по хезонида ба роҳравӣ одат кунондам, бар бозуҳоям ӯро бардоштам, вале онҳо надонистанд, ки Ман онҳоро шифо додаам.

4 Бо риштаҳои инсонӣ, бо танобҳои муҳаббат онҳоро пеш кашидам; ва барояшон мисли касоне будам, ки юғро аз ҷоғашон боло мебардоранд; ва навозишкорона ба вай хӯрок медодам.

5 Ба замини Миср нахоҳад баргашт, вале Ашшур подшоҳи ӯст; зеро ки онҳо нахостанд руҷӯъ намоянд.

6 Ва шамшер дар шаҳрҳояш чарх зад. ва деҳоти варо маҳв кард, ва онҳоро ба сабаби дасисаҳошон фурӯ бурд.

7 Ва қавми Ман ҳанӯз моиланд, ки ба Ман осӣ шаванд; ва ҳангоме ки онҳоро ба сӯи Худои Таоло даъват менамоянд, онҳо бо якҷоягӣ баланд намешаванд.

8 Чӣ гуна туро таслим кунам, эй Эфроим? Чӣ гуна туро бисупорам, эй Исроил? Чӣ гуна туро мисли Адмо таслим кунам, мисли Сабӯим вожгун созам? Дили Ман андаруни Ман вайрон шудааст, риққатҳои Ман якбора ба ҷӯш омадааст.

9 Бар ҳасби оташи ғазаби Худ амал нахоҳам кард, ба маҳв кардани Эфроим шурӯъ нахоҳам намуд; зеро ки Ман Худо ҳастам ва на одамизод; дар миёни ту Қуддус ҳастам; ва дар авҷи ғазаб назди ту нахоҳам омад.

10 Худовандро онҳо пайравӣ хоҳанд кард; Ӯ мисли шер наъра хоҳад зад; вақте ки Ӯ наъра занад, фарзандон аз он тарафи баҳр хоҳанд шитофт.

11 Мисли мурғон аз Миср, ва мисли кабӯтарон аз замини Ашшур хоҳанд шитофт; ва онҳоро дар хонаҳошон ҷойгир хоҳам намуд, мегӯяд Худованд.

12 Маро Эфроим бо кизб, ва Исроил бо макр иҳота кардааст; ва Яҳудо ҳанӯз бо Худо, бо Қуддуси амин саркашӣ мекунад.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan