Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ҳушаъ 10 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ДАҲУМ Бе адолат наҷот нест.

1 Исроил токи сершохаест, ки меваи ба худаш муносибе меоварад; ба андозаи фаровонии меваи худ қурбонгоҳҳои зиёде сохтааст; баробари афзудани нозу неъмати заминаш сутунҳоро хубтар зебу зинат додаанд.

2 Дили онҳо пур аз тамаллуқ аст, акнун гирифтори ҷазо хоҳанд шуд: Ӯ қурбонгоҳҳои онҳоро вайрон, ва сутунҳои онҳоро вожгун хоҳад кард.

3 Зеро ки онҳо алҳол мегӯянд: «Мо подшоҳ надорем, чунки мо аз Худованд натарсидем, ва ин подшоҳ чӣ метавонад ба мо бикунад?»

4 Сухан мегӯянд, қасамҳои дурӯғ ёд мекунанд, аҳд мебанданд; ва доварӣ мисли гиёҳи заҳрдор бар огардҳои саҳро гул мекунад.

5 Аз боиси гӯсолаи Байт‐Овин сокинони Сомария ба ҳарос хоҳанд афтод, зеро ки қавмаш барои он мотам мегиранд, ва коҳинонаш барои ҷалоли он, ки аз он гирифта шудааст, ба ларза меоянд.

6 Худи он низ ба Ашшур ҳамчун ҳадия ба подшоҳ бурда хоҳад шуд; Эфроим хиҷолат хоҳад кашид, ва Исроил аз дасисаҳояш шарманда хоҳад гардид.

7 Сомария ва подшоҳаш мисли кафке бар рӯи об нест хоҳанд шуд.

8 Ва баландиҳои Овин — ҷои гуноҳи Исроил — маҳв хоҳанд шуд; хору хас бар қурбонгоҳҳои онҳо хоҳад рӯид, ва онҳо ба кӯҳҳо хоҳанд гуфт: «Моро бипӯшонед», ва ба талҳо: «Бар мо биафтед».

9 Аз айёми Ҷабъа гуноҳ кардаӣ, эй Исроил; дар он ҷо онҳо истодагӣ карданд: ҷанг дар Ҷабъа ба муқобили ноинсофон ба онҳо нарасид.

10 Бар тибқи иштиёқи Худ онҳоро ҷазо хоҳам дод, ва қавмҳо ба муқобили онҳо ҷамъ хоҳанд омад, ва онҳоро ба ду ҳалқаи юғ хоҳанд баст.

11 Ва Эфроим ғуноҷини омӯхташудаест, ки хирманкӯбиро дӯст медорад, ва Ман юғро бар гардани зебои вай баста, бар Эфроим низ гузоштам, то ки Яҳудо шудгор кунад, ва Яъқуб барои худ мола намояд.

12 Барои худ аз рӯи инсоф кишт кунед, ва бар тибқи марҳамат дарав намоед; киштзорро барои худ шудгор кунед, ва он гоҳ вақти он аст, ки Худовандро толиб шавед, то ки Ӯ омада, борони адолат бар шумо биборонад.

13 Аммо шумо шароратро кишт кардед, ноинсофиро дарав намудед, меваи кизбро хӯрдед; зеро ки ту ба роҳи худ, ба анбӯҳи баҳодурони худ таваккал намудӣ.

14 Ва ошӯбе дар миёни қавми ту хоҳад бархост, ва ҳамаи қалъаҳоят валангор хоҳад шуд, мисли он ки Шалмон Байт‐Арбилро дар рӯзи ҷанг валангор кардааст; модар бо фарзандонаш кушта пора‐пора карда шудааст.

15 Байт‐Ил, ба сабаби шарорати бузурги шумо, ба шумо ҳамин тавр амал хоҳад кард; дар вақти шафақи субҳ подшоҳи Исроил ба ҳалокат хохад расид.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan