Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ҳушаъ 1 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЯКУМ Маъсияти Исроил ва ҷазои вай.

1 Каломи Худованд, ки дар айёми Узиё, Ютом, Оҳоз ва Ҳизқиё, подшоҳони Яҳудо, ва дар айёми Ёробъом ибни Юош, подшоҳи Исроил, бар Ҳушаъ ибни Баэрӣ нозил шуд.


Никоҳи рамзӣ; таваллуд ёфтани Изреъил.

2 Ибтидои каломи Худованд ба Ҳушаъ. Ва Худованд ба Ҳушаъ гуфт: «Бирав, зани зинокор ва фарзандони зиноро барои худ бигир; зеро ки ин замин дар ҳаққи Худованд хиёнат намуда, бениҳоят саргарми зино шудааст».

3 Ва ӯ рафта, духтари Диблоим — Ҷумарро гирифт, ки вай ҳомила шуда, писаре барои ӯ зоид.

4 Ва Худованд ба ӯ гуфт: «Насли ӯро Изреъил бихон, зеро ки пас аз муддати каме Ман интиқоми хуни Изреъилро аз хонадони Еҳу хоҳам гирифт ва ба подшоҳии хонадони Исроил хотима хоҳам дод;

5 Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, ки Ман камони Исроилро дар водии Изреъил хоҳам шикаст».

6 Ва боз вай ҳомила шуда, духтаре зоид, ва Худованд гуфт: «Номи варо Лӯ‐Руҳома бихон, зеро ки Ман бар хонадони Исроил дигар марҳамат нахоҳам кард ва онҳоро нахоҳам омурзид;

7 Валекин бар хонадони Яҳудо марҳамат хоҳам кард, ва онҳоро бо қудрати Худованд Худои онҳо наҷот хоҳам дод, ва онҳоро ба воситаи камон ва шамшер ва корзор ва аспон ва саворон наҷот нахоҳам дод».

8 Ва ҳангоме ки вай Лӯ‐Руҳомаро аз сина ҷудо кард, ҳомила шуда, писаре зоид.

9 Ва Ӯ гуфт: «Номи ӯро Лӯ‐Аммӣ бихон, зеро ки шумо қавми Ман нестед, ва Ман барои шумо нахоҳам буд.

10 Вале шумораи банӣ‐Исроил мисли реги дарьё хоҳад буд, ки онро на чен кардан мумкин аст ва на шумурдан; ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки ба ҷои он ки ба онҳо гуфта мешуд: „Шумо қавми Ман нестед“, ба онҳо гуфта хоҳад шуд: „Писарони Худои Ҳай ҳастед“.

11 Ва банӣ‐Яҳудо ва банӣ‐Исроил бо ҳам ҷамъ хоҳанд шуд, ва як сардорро барои худ таъин намуда, аз он замин хоҳанд баромад; зеро ки рӯзи Изреъил бузург аст.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan