Ҳизқиёл 9 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ НӮҲУМ Рӯъёи куштори бузург дар Ерусалим. 1 Ва бо овози баланде ба самъи ман хонда, гуфт: «Бигзор амалдорони шаҳр наздик шаванд, ва ҳар кас олати ҳалокатовари худро дар дасташ дошта бошад». 2 Ва инак шаш нафар аз роҳи дарвозаи боло, ки рӯ ба ҷониби шимол буд, омаданд, ва ҳар кадомро олати харобкунандааш дар дасташ буд, ва дар миёни онҳо як мард либоси катон дар тан дошт, ва дар камараш лавозимоти хатнависӣ буд; ва онҳо омада, назди қурбонгоҳи мисин истоданд. 3 Ва ҷалоли Худои Исроил аз болои каррубӣ, ки бар он буд, ба остонаи маъбад баромад; ва он мардро, ки либоси катон дар тан дошт, ва лавозимоти хатнависӣ дар камараш буд, даъват намуд. 4 Ва Худованд ба вай гуфт: «Аз миёнаи шаҳр, яъне аз миёнаи Ерусалим гузар намо, ва бар пешонии одамоне ки дар бораи ҳамаи корҳои зиште ки андаруни он карда мешавад, оҳу фиғон мекунанд, аломате бигузор». 5 Ва ба онҳо ба самъи ман гуфт: «Аз ақиби ин мард дар шаҳр гузар кунед ва зарба занед: бигзор чашмонатон риққат наоварад, ва раҳм накунед. 6 Пирон, ҷавонон ва духтарон, ва кӯдакон ва занонро кушта нобуд кунед, валекин ба ҳар касе ки бар худ аломат дорад, наздик нашавед, ва аз хонаи муқаддаси Ман оғоз намоед». Ва онҳо аз пироне ки пеши хона буданд, оғоз карданд. 7 Ва ба онҳо гуфт: «Маъбадро палид кунед ва саҳнҳоро аз мақтулон пур карда, берун равед». Ва онҳо берун рафтанд, ва дар шаҳр зарба задан гирифтанд. 8 Ва ҳангоме ки онҳо зарба мезаданд, ва ман боқӣ мондам, бар рӯи худ афтода, фарьёд кашидам, ва гуфтам: «Ё Худоё Худовандо! Оё Ту, чун ғазабатро бар Ерусалим фурӯ резӣ, тамоми бақияи Исроилро несту нобуд хоҳӣ кард?» 9 Ва ба ман гуфт: «Гуноҳи хонадони Исроил ва Яҳудо бағоят азим аст, ва ин замин аз хун пур шудааст, ва ин шаҳр аз беадолатӣ пур аст; зеро ки онҳо мегӯянд: „Худованд ин заминро тарк кардааст, ва Худованд намебинад“. 10 Бинобар ин чашми ман низ риққат нахоҳад овард, ва Ман раҳм нахоҳам кард: подоши рафторашонро бар сарашон хоҳам овард». 11 Ва инак марде ки либоси катон дар тан дошт, ва лавозимоти хатнависӣ дар камараш буд, ҷавоб гардонда, гуфт: «Ҳар он чи Ту амр фармудӣ, ба ҷо овардам». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden