Ҳизқиёл 8 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ҲАШТУМ Рӯъёи сеюми ҷалол. 1 Ва чунин воқеъ шуд, ки дар соли шашум, дар рӯзи панҷуми моҳи шашум, ман дар хонаи худ нишаста будам, ва пирони Яҳудо пеши ман нишаста буданд, ва дар он ҷо дасти Худованд Худо бар ман фурӯд омад. 2 Ва ман дидам, ки инак сурате мисли намуди оташ буд; аз намуди камараш то поён — оташ, ва аз камараш то боло мисли намуди дурахше, мисли барқе буд. 3 Ва чизе мисли даст дароз карда, маро аз мӯи сарам қапид, ва Рӯҳи Худо маро дар мобайни замин ва осмон бардошт, ва маро дар рӯъёҳои Худо ба Ерусалим, ба даҳани дарвозаи дохилӣ, ки рӯ ба ҷониби шимол буд, овард, ки дар он ҷо бути рашки рашкангез гузошта шуда буд. 4 Ва инак дар он ҷо ҷалоли Худои Исроил мисли он намуде буд, ки ман дар даштрӯя дида будам. 5 Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Чашмонатро ба тарафи роҳи шимолӣ баланд кун». Ва ман чашмонамро ба тарафи роҳи шимолӣ баланд кардам, ва инак ба тарафи шимолии дарвозаи қурбонгоҳ ин бути рашкро назди даромадгоҳ дидам. 6 Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Оё ту он чиро, ки онҳо мекунанд, мебинӣ? Он корҳои зишти азимеро, ки хонадони Исроил дар ин ҷо мекунанд, то ки Ман аз хонаи муқаддаси Худ дур шавам? Валекин ту боз корҳои зишти азимтарро хоҳӣ дид». 7 Ва маро назди даромадгоҳи саҳн овард, ва ман назар кардам, ва инак сӯрохе дар девор буд. 8 Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Деворро бикан». Ва ман деворро кандам, ва инак даромадгоҳе пайдо шуд. 9 Ва ба ман гуфт: «Дохил шав ва корҳои зишти нафратангезро, ки онҳо дар ин ҷо мекунанд, бубин». 10 Ва ман дохил шуда, дидам, ва инак ҳар гуна нақшҳои хазандагон ва ҳайвонҳои наҷис, ва ҳамаи бутҳои хонадони Исроил бар девор гирдогирд ҳак карда шудааст. 11 Ва ҳафтод нафар аз пирони хонадони Исроил пеши онҳо истодаанд, ва Яазаньё ибни Шофон дар миёни онҳо истодааст, ва ҳар яке маҷмари худро дар даст дорад, ва бӯи абри бухур боло мебарояд. 12 Ва ба ман гуфт: «Оё ту, эй писари одам, он чиро, ки пирони хонадони Исроил дар торикӣ, ҳар яке дар ҳуҷраҳои бутпарастии худ мекунанд, дидӣ? Зеро ки мегӯянд: „Худованд моро намебинад, Худованд ин заминро тарк кардааст“». 13 Ва ба ман гуфт: «Боз корҳои зишти азимтарро, ки онҳо мекунанд, хоҳӣ дид». 14 Ва маро ба даҳани дарвозаи хонаи Худованд, ки ба тарафи шимол буд, овард, ва инак дар он ҷо заноне нишастаанд, ки барои Таммуз навҳагарӣ мекунанд. 15 Ва ба ман гуфт: «Оё дидӣ, эй писари одам? Боз корҳои зишти аз ин азимтарро хоҳӣ дид». 16 Ва маро ба саҳни дохилии хонаи Худованд овард, ва инак назди дари даромади толори маъбади Худованд, дар миёни равоқ ва қурбонгоҳ, тақрибан бисту панҷ кас истодаанд, ки пуштҳошон ба толори маъбади Худованд ва рӯйҳошон ба тарафи шарқ мебошад, ва онҳо ба тарафи шарқ ба офтоб саҷда мекунанд. 17 Ва ба ман гуфт: «Оё дидӣ, эй писари одам? Оё барои хонадони Яҳудо кардани чунин корҳои зишт, ки дар ин ҷо мекунанд, кам аст, ки боз онҳо заминро аз зулм пур мекунанд ва ба роҳи бутпарастӣ баргашта, Маро ба ғазаб меоваранд? Инак онҳо навдаеро ба биниҳои худ медоранд. 18 Бинобар ин Ман низ бо ғазаб амал хоҳам намуд: чашмам риққат нахоҳад овард, ва Ман раҳм нахоҳам кард, ва ҳарчанд ба гӯшҳои Ман бо овози баланд бихонанд, онҳоро иҷобат нахоҳам намуд». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden