Ҳизқиёл 7 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ҲАФТУМ Доварии саҳмгини Худо бар Исроил фаро расидааст. 1 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт: 2 «Ва ту, эй писари одам! Худованд Худо ба замини Исроил чунин мегӯяд: интиҳост! Бар чор канори замин интиҳо омадааст! 3 Алҳол интиҳо бар туст, ва Ман ғазаби Худро бар ту мефиристам, ва туро бар тибқи рафторат доварӣ хоҳам намуд, ва мувофиқи тамоми аъмоли зиштат ба ту талофӣ хоҳам дод. 4 Ва чашмам бар ту риққат нахоҳад овард, ва Ман раҳм нахоҳам кард, балки ба ту бар тибқи рафтор ва аъмоли зишти ту, ки андаруни туст, подош хоҳам дод; ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам». 5 Худованд Худо чунин мегӯяд: «Фалокат, инак фалокати беназир меояд. 6 Интиҳо меояд, интиҳо меояд; он ба зидди ту қиём намудааст; инак, меояд. 7 Завол сӯи ту меояд, эй сокини замин! Вақт мерасад, он рӯз наздик аст, ки дар ивази нидоҳои шодиёна бар кӯҳҳо ҳарҷумарҷ барпо мешавад. 8 Алҳол хашми Худро ба зудӣ бар ту фурӯ хоҳам рехт, ва ғазаби Худро бар ту ба итмом хоҳам расонид, ва туро бар тибқи рафторат доварӣ хоҳам намуд, ва мукофоти тамоми аъмоли зиштатро ба ту хоҳам дод. 9 Ва чашмам риққат нахоҳад овард, ва Ман раҳм нахоҳам кард; ба ту бар тибқи рафтор ва аъмоли зишти ту, ки андаруни туст, подош хоҳам дод; ва хоҳед донист, ки Ман Худованди ҷазодиҳанда ҳастам. 10 Инак он рӯз! Инак меояд: завол берун омадааст, чӯбдаст ғунча бастааст, бадқасдӣ гул кардааст. 11 Зулм қиём намуда, чӯбдасти шарорат гардидааст; на аз онҳо, ва на аз анбӯҳи онҳо, ва на аз ғулғулаи онҳо осоре нахоҳад монд, ва касе боқӣ нахоҳад монд, ки ба онҳо навҳа кунад. 12 Вақт расидааст, он рӯз омадааст; касе ки харида бошад, бигзор шодӣ накунад, ва касе ки фурӯхта бошад, бигзор мотам нагирад, зеро ки ғазаб бар тамоми анбӯҳи онҳост. 13 Зеро касе ки фурӯхта бошад, сӯи чизе ки фурӯхтааст, нахоҳад баргашт, гарчанде ки ҷони онҳо ҳанӯз дар қайди ҳаёт бошад; чунки рӯъё дар бораи тамоми анбӯҳи онҳост, ва касе нахоҳад баргашт, ва ҳар кас ҷонашро ба гуноҳи худаш барбод хоҳад дод, ва онҳо истодагӣ натавонанд кард. 14 Карнай навохтаанд, ва ҳама чизро муҳайё кардаанд, валекин касе ба ҷанг намеравад; зеро ки ғазаби Ман бар тамоми анбӯҳи онҳост. 15 Шамшер аз берун аст, ва вабо ва қаҳтӣ — аз дарун; касе ки дар саҳрост, аз шамшер хоҳад мурд, ва касе ки дар шаҳр аст, қаҳтӣ ва вабо кори варо тамом хоҳанд кард. 16 Растагорони онҳо хоҳанд гурехт, ва бар кӯҳҳо мисли кабӯтарони дараҳо хоҳанд буд; ҳар яке аз онҳо ба сабаби гуноҳи худ оҳу нола хоҳанд кард. 17 Ҳамаи дастҳо бемаҷол, ва ҳамаи зонуҳо мисли об беҳол хоҳад шуд. 18 Ва палос дар бар хоҳанд кард, ва ларза онҳоро фаро хоҳад гирифт; ва бар ҳамаи рӯйҳо хиҷолат дида хоҳад шуд, ва мӯйсари ҳамаашон тарошида хоҳад шуд. 19 Нуқраи худро онҳо ба кӯчаҳо хоҳанд партофт, ва тиллои онҳо чизи наҷисе ҳисоб хоҳад ёфт; нуқра ва тиллои онҳо дар рӯзи қаҳри Худованд онҳоро халосӣ натавонад дод; онҳо ҷони худро аз он сер, ва амъои худро пур натавонанд кард, зеро ки он ба гуноҳи онҳо сабаб шудааст. 20 Ва асбоби зебу зинати худро, ки аз он мебошад, онҳо боиси ифтихор гардонидаанд, ва бутҳои зишт ва қабеҳи худро аз он сохтаанд; барои ҳамин ҳам Ман онро барояшон ба чизи наҷисе табдил хоҳам дод. 21 Ва онро ба дасти бегонаҳо барои ғорат, ва ба шарирони замин барои тороҷ хоҳам супурд; ва онҳо онро палид хоҳанд кард. 22 Ва рӯи Худро аз онҳо хоҳам гардонид, ва ниҳонгоҳи Маро палид хоҳанд кард; ва тороҷгарон ба он дохил шуда, онро палид хоҳанд кард. 23 Занҷир бисоз, зеро ки замин аз ҷиноятҳои хунин пур шудааст, ва шаҳр аз зулм мамлӯ аст. 24 Ва Ман шариртарини халқҳоро хоҳам овард, ва хонаҳои онҳоро соҳиб хоҳанд шуд; ва ба ғурури зӯроварон хотима хоҳам дод, ва ҷойҳои муқаддаси онҳо палид хоҳад шуд. 25 Таҳлука меояд; ва сулҳу осоиштагӣ талаб хоҳанд кард, вале ёфт нахоҳад шуд. 26 Фалокат бар фалокат меояд, ва овоза бар овоза ба гӯш мерасад; ва рӯъёе аз набӣ талаб хоҳанд кард, вале дастур аз коҳин, ва машварат аз пирон барҳам хоҳад хӯрд. 27 Подшоҳ мотам хоҳад гирифт, ва раис пероҳани саргумӣ хоҳад пӯшид, ва дастҳои қавми замин ба ларза хоҳад омад; бар тибқи рафторашон бо онҳо амал хоҳам кард, ва мувофиқи ҷиноятҳошон онҳоро доварӣ хоҳам намуд; ва онҳо хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden