Ҳизқиёл 48 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧИЛУ ҲАШТУМ Тақсимоти замин дар миёни сибтҳо. 1 Ва ин аст номҳои сибтҳо: аз канори сарҳади шимолӣ ба дарозии роҳи Ҳатлун ва даромадгоҳи Ҳамот ва Ҳасар‐Энон, аз он тарафи сарҳади шимолии Димишқ, назди Ҳамот, — аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ аз они ӯ хоҳад буд, — барои Дон як ҳисса. 2 Ва назди сарҳади Дон, аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ, — барои Ошер як ҳисса. 3 Ва назди сарҳади Ошер, аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ, — барои Нафтолӣ як ҳисса. 4 Ва назди сарҳади Нафтолӣ, аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ, — барои Менашше як ҳисса. 5 Ва назди сарҳади Менашше, аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ, — барои Эфроим як ҳисса. 6 Ва назди сарҳади Эфроим, аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ, — барои Реубен як ҳисса. 7 Ва назди сарҳади Реубен, аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ, — барои Яҳудо як ҳисса. 8 Ва назди сарҳади Яҳудо, аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ, пешкаше ки медиҳед, хоҳад буд: фарохии он бисту панҷ ҳазор зироъ ва дарозии он мисли яке аз ҳиссаҳо, аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ; ва андаруни он хонаи муқаддас хоҳад буд. 9 Пешкаше ки барои Худованд медиҳед, дарозияш бисту панҷ ҳазор зироъ ва фарохияш даҳ ҳазор зироъ хоҳад буд. Қитъаи коҳинон. 10 Ва ин пешкаши муқаддас барои инҳо хоҳад буд: барои коҳинон ба тарафи шимолӣ дарозияш бисту панҷ ҳазор зироъ, ва ба тарафи ғарбӣ фарохияш даҳ ҳазор зироъ, ва ба тарафи шарқӣ фарохияш даҳ ҳазор, ва ба тарафи ҷанубӣ дарозияш бисту панҷ ҳазор; ва хонаи муқаддаси Худованд андаруни он хоҳад буд. 11 Ин барои коҳинони тақдисьёфтаи банӣ‐Содӯқ хоҳад буд, ки онҳо хизмати навбатдории Маро ба ҷо овардаанд ва дар вақти гумроҳ шудани банӣ‐Исроил гумроҳ нашудаанд, чунон ки левизодагон гумроҳ шуда буданд. 12 Ва ин барои онҳо пешкаши алоҳидае аз пешкаши замин, яъне қудси қудсҳо, назди сарҳади левизодагон хоҳад буд. 13 Ва ҳиссаи левизодагон, дар рӯ ба рӯи сарҳади коҳинон, бисту панҷ ҳазор зироъ дарозӣ ва даҳ ҳазор зироъ фароҳӣ хоҳад дошт; тамоми дарозии он бисту панҷ ҳазор ва фарохии он даҳ ҳазор хоҳад буд. 14 Ва чизе аз он нахоҳанд фурӯхт ва иваз нахоҳанд кард, ва ин навбари замин ба дигарон гузаронида нахоҳад шуд, зеро ки он барои Худованд муқаддас аст. 15 Ва панҷ ҳазоре ки аз фарохии он ба дарозии бисту панҷ ҳазор боқӣ мемонад, сатҳи ғайримуқаддас барои шаҳр, яъне барои истиқоматгоҳҳо ва барои майдонҳои холӣ хоҳад буд, ва шаҳр андаруни он вуҷуд хоҳад дошт. 16 Ва ин аст андозаҳои он: канори шимолӣ чор ҳазору панҷсад зироъ, ва канори ҷанубӣ чор ҳазору панҷсад, ва канори шарқӣ чор ҳазору панҷсад, ва канори ғарбӣ чор ҳазору панҷсад. 17 Ва майдони холӣ дар гирди шаҳр аз шимол дусаду панҷоҳ зироъ, ва аз ҷануб дусаду панҷоҳ, ва аз шарқ дусаду панҷоҳ, ва аз ғарб дусаду панҷоҳ хоҳад буд. 18 Ва он чи аз дарозии он дар рӯ ба рӯи пешкаши муқаддас, — даҳ ҳазор зироъ аз шарқ ва даҳ ҳазор аз ғарб, — боқӣ мемонад, дар рӯ ба рӯи пешкаши муқаддас мебошад, ва ҳосилоти он барои хӯроки коркунони шаҳр хоҳад буд. 19 Ва коркунони шаҳр аз ҳамаи сибтҳои Исроил буда, онро кишт хоҳанд кард. 20 Тамоми пешкашро, ки бисту панҷ ҳазор зироъ бар бисту панҷ ҳазор, яъне мураббаъ хоҳад буд, ҳамчун пешкаши муқаддас бо якҷоягии мулки шаҳр ҷудо кунед. Қитъаи раис. 21 Ва он чи аз ин тараф ва аз он тарафи пешкаши муқаддас ва мулқи шаҳр боқӣ мемонад, аз они раис хоҳад буд, яъне назди бисту панҷ ҳазори пешкаш то сарҳади шарқӣ, ва аз ғарб — назди бисту панҷ ҳазор то сарҳади ғарбӣ, дар рӯ ба рӯи ҳиссаҳо, аз они раис хоҳад буд; ва пешкаши муқаддас, ва хонаи муқаддас андаруни он хоҳад буд. 22 Ва он чи аз мулки левизодагон ва аз мулки шаҳр андаруни мулки раис аст, яъне он чи дар миёни сарҳади Яҳудо ва сарҳади Биньёмин мебошад, аз они раис хоҳад буд. 23 Ва барои сибтҳои боқӣ: аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ, — барои Биньёмин як ҳисса. 24 Ва назди сарҳади Биньёмин, аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ, — барои Шимъӯн як ҳисса. 25 Ва назди сарҳади Шимъӯн, аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ, — барои Иссокор як ҳисса. 26 Ва назди сарҳади Иссокор, аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ, — барои Забулун як ҳисса. 27 Ва назди сарҳади Забулун, аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ, — барои Ҷод як ҳисса. 28 Ва назди сарҳади Ҷод, дар канори ҷанубӣ, ба тарафи ҷануб, аз Томор то обҳои Марибут‐Қодеш ва наҳри сӯи баҳри Кабир сарҳад хоҳад буд. 29 Ин аст замине ки ба сибтҳои Исроил ҳамчун мулки ирсӣ тақсим хоҳед кард, ва ин аст ҳиссаҳои онҳо, мегӯяд Худованд Худо. Дар бораи шаҳр ва дарвозаҳои он. 30 Ва ин аст баромадгоҳҳои шаҳр: дар канори шимолӣ чор ҳазору панҷсад зироъ масофа; 31 Ва дарвозаҳои шаҳр бо номҳои сибтҳои Исроил хонда хоҳад шуд; се дарвоза дар шимол: як дарвозаи Реубен, як дарвозаи Яҳудо, як дарвозаи Левӣ. 32 Ва дар канори шарқӣ чор ҳазору панҷсад зироъ, ва се дарвоза: як дарвозаи Юсуф, як дарвозаи Биньёмин, як дарвозаи Дон. 33 Ва дар канори ҷанубӣ чор ҳазору панҷсад зироъ масофа, ва се дарвоза: як дарвозаи Шимъӯн, як дарвозаи Иссокор, як дарвозаи Забулун. 34 Дар канори ғарбӣ чор ҳазору панҷсад зироъ; дарвозаҳо сето: як дарвозаи Ҷод, як дарвозаи Ошер, як дарвозаи Нафтолӣ. 35 Гирдогирд ҳаждаҳ ҳазор зироъ; ва номи шаҳр аз он рӯз: «Худованд он ҷост» хоҳад буд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden