Ҳизқиёл 42 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧИЛУ ДУЮМ Давоми он. 1 Ва маро ба саҳни берунӣ бо роҳи самти шимолӣ баровард; ва маро назди утоқҳое ки дар рӯ ба рӯи ялангӣ ва дар рӯ ба рӯи бино ба тарафи шимол буд, овард, — 2 Ба тарафи пеши иморате ки сад зироъ дарозӣ дошта, дар ҷониби дари даромади шимолӣ воқеъ буд, ва панҷоҳ зироъ фарохӣ дошт. 3 Рӯ ба рӯи бист зирое ки аз они саҳни дохилӣ буд, ва рӯ ба рӯи сангфарше ки аз они саҳни берунӣ буд, айвоне рӯ ба рӯи айвоне дар қабатҳои сеюм буд. 4 Ва дар пеши утоқҳо роҳе ба тарафи саҳни дарунӣ буд, ки даҳ зироъ фарохӣ дошт, ва роҳраве ки як зироъ буд, ва дарҳои онҳо ба тарафи шимолӣ буд. 5 Ва утоқҳои боло тангтар буданд, зеро ки айвонҳо аз онҳо, назар ба утоқҳои поён ва миёнаи бино, бештар мегирифтанд. 6 Зеро ки онҳо сеқабата буданд, ва сутунҳо мисли сутунҳои саҳнҳо надоштанд; бинобар ин аз заминашон, назар ба утоқҳои поён ва миёна, бештар гирифта шуда буд. 7 Ва деворе ки ба берун рӯ ба рӯи утоқҳо, сӯи саҳни берунӣ, ба тарафи пеши утоқҳо буд, панҷоҳ зироъ дарозӣ дошт, 8 Зеро дарозии утоқҳое ки дар саҳни берунӣ буд, панҷоҳ зироъ буд; ва инак тарафи пеши толори маъбад сад зироъ буд. 9 Ва дар поёни ин утоқҳо аз тарафи шарқӣ даромадгоҳе буд, ки аз он ба онҳо аз саҳни берунӣ омада дохил мешуданд; 10 Он баробари фарохии девори саҳн буда, аз пеши ялангӣ мегузашт ва пеши бинои утоқҳо мерафт. 11 Ва роҳи тарафи пеши онҳо мисли намуди роҳи утоқҳои самти шимолӣ буд, ҳам дарозияшон ва ҳам фарохияшон; ва ҳамаи баромадгоҳҳои онҳо, ва сохти онҳо, ва дарҳои даромади онҳо ҳамон хел буд. 12 Ва мисли дарҳои даромади утоқҳои самти ҷанубӣ даре бар сари роҳ буд, бар сари роҳе ки пеши девори сарбастаи шарқӣ буд, ва мардум бо ин роҳ омада дохил мешуданд. 13 Ва ба ман гуфт: «Утоқҳои шимолӣ ва утоқҳои ҷанубӣ, ки пеши ялангӣ мебошанд, утоқҳои муқаддасанд, ва коҳиноне ки ба Худованд наздик меоянд, қурбониҳои муқаддасро дар онҳо мехӯранд; қурбониҳои муқаддасро, яъне ҳадияи ордӣ, қурбонии гуноҳ ва курбонии ҷурмро дар он ҷо мегузоранд, зеро ки ин макон муқаддас аст. 14 Ҳангоме ки коҳинон меоянд, аз ин қудс ба саҳни берунӣ намебароянд, балки либосҳои худро, ки бо онҳо хизмат мекунанд, дар он ҷо мегузоранд, зеро ки онҳо муқаддас мебошанд; ва либосҳои дигар пӯшида, ба маконе ки аз они қавм аст, наздик мешаванд». 15 Ва баъд аз он ки андоза кардани маъбад ва саҳни дохилиро анҷом дод, маро аз дарвозае ки рӯ ба ҷониби шарқ буд, берун овард, ва онро гирдогирд андоза кард. 16 Тарафи шарқиро бо наи андоза андоза кард; бо наи андоза панҷсад най гирдогирд андоза кард. 17 Тарафи шимолиро бо наи андоза панҷсад най гирдогирд андоза кард. 18 Тарафи ҷанубиро бо наи андоза панҷсад най андоза кард. 19 Ба тарафи ғарбӣ гашта, бо наи андоза панҷсад най андоза кард. 20 Ҳар чор тарафи онро андоза кард; ҳисоре гирдогирди он буд, ки дарозияш панҷсад ва фарохияш панҷсад най буд, то ки чизи муқаддасро аз ғайримуқаддас ҷудо кунад. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden