Ҳизқиёл 37 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СИЮ ҲАФТУМ Рӯъёи даштрӯяе ки аз устухонҳои мурдагон пур буд. 1 Дасти Худованд бар ман ниҳода шуд, ва маро дар рӯҳи Худованд берун овард, ва маро андаруни даштрӯя гузошт, ва он аз устухонҳо пур буд. 2 Ва маро гирдогирди онҳо гардонид; ва инак онҳо бар рӯи даштрӯя бағоят бисьёр буд, ва инак онҳо бағоят хушк буд. 3 Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Оё ин устухонҳо зинда хоҳад шуд?» Ва ман гуфтам: «Худоё Худовандо! Инро Ту медонӣ» 4 Ва ба ман гуфт: «Дар бораи ин устухонҳо нубувват намо, ва ба онҳо бигӯй: „эй устухонҳои хушк, каломи Худовандро бишнавед! 5 Худованд Худо ба ин устухонҳо чунин мегӯяд: инак Ман рӯҳ дар шумо дохил мекунам, ва шумо зинда хоҳед шуд. 6 Ва пайҳо бар шумо ба вуҷуд меоварам, ва гӯшт бар шумо мерӯёнам, ва пӯст бар шумо мепӯшонам, ва рӯҳ дар шумо дохил мекунам, ва шумо зинда хоҳед шуд, ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам“». 7 Ва ман нубувват намудам, чунон ки ба ман амр фармуда шуд; ва ҳангоме ки нубувват намудам, садое баромад, ва инак ғулғулае ба амал омад, ва устухонҳо ба ҳамдигар, яъне ҳар устухон ба устухони худаш, наздик омад. 8 Ва ман дидам, ва инак пайҳо бар онҳо пайдо шуд, ва гӯшт баромад, ва пӯст онҳоро аз боло пӯшонид, вале рӯҳ дар онҳо набуд. 9 Ва ба ман гуфт: «Ба рӯҳ нубувват намо, эй писари одам, нубувват намо, ва ба рӯҳ бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: аз ҷониби чор бод биё, эй рӯҳ, ва ба ин мақтулон бидам, ва онҳо зинда хоҳанд шуд“». Эзоҳи ин рӯъё. 10 Ва ман нубувват намудам, чунон ки ба ман амр фармуда шуд; ва рӯҳ дар онҳо дохил шуд, ва онҳо зинда шуданд, ва бар пойхои худ истоданд, ба сони лашкари бағоят, бағоят бузург. 11 Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Ин устухонҳо тамоми хонадони Исроил мебошанд. Инак, онҳо мегӯянд: „Устухонҳои мо хушк шуд, ва умеди мо барбод рафт; мо маҳв шудаем“. 12 Бинобар ин нубувват намо ва ба онҳо бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман қабрҳои шуморо мекушоям, ва шуморо, эй қавми Ман, аз қабрҳотон мебарорам, ва шуморо ба замини Исроил меоварам, 13 Ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам, вақте ки қабрҳои шуморо бикшоям ва шуморо, эй қавми Ман, аз қабрҳотон барорам. 14 Ва рӯҳи Худро дар шумо дохил хоҳам кард, ва шумо зинда хоҳед шуд, ва шуморо дар заминатон ҷой хоҳам дод, ва хоҳед донист, ки Ман, ки Худованд ҳастам, гуфтам ва ба амал овардам, мегӯяд Худованд“». Рӯъёи ду чӯбдаст. 15 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт: 16 «Ва ту, эй писари одам, чӯбдасте барои худ бигир, ва бар он бинавис: „Барои Яҳудо ва барои банӣ‐Исроил, ки ба ӯ ҳамроҳ шудаанд“. Ва чӯбдасти дигаре бигир, ва бар он бинавис: „Барои Юсуф“; ин чӯбдаст аз они Эфроим ва тамоми хонадони Исроил аст, ки ба ӯ ҳамроҳ шудаанд. 17 Ва онҳоро ба якдигар наздик кун, то ки барои ту мисли як чӯбдаст бошанд; ва онҳо дар дасти ту якто хоҳанд буд. 18 Ва ҳангоме ки писарони қавмат ба ту савол дода, гӯянд: „Шояд ба мо бигӯӣ, ки инҳо барои ту чӣ маъно дорад?“ — 19 Ба онҳо бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман чӯбдасти Юсуфро, ки дар дасти Эфроим ва сибтҳои Исроили ҳамроҳонаш мебошад, хоҳам гирифт, ва онҳоро бар он, яъне бар чӯбдасти Яҳудо хоҳам пайваст, ва онҳоро як чӯбдаст хоҳам гардонид, ва онҳо дар дасти Ман якто хоҳанд буд“. 20 Ва чӯбдастҳо, ки бар онҳо хоҳӣ навишт, бигзор пеши назари онҳо дар дасти ту бошад. 21 Ва ба онҳо бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман банӣ‐Исроилро аз миёни халқҳое ки онҳо наздашон рафтаанд, хоҳам гирифт, ва онҳоро аз ҳар ҷо ҷамъ хоҳам кард, ва онҳоро ба заминашон хоҳам овард. 22 Ва онҳоро дар ин замин, бар кӯҳҳои Исроил, ба як халқ табдил хоҳам дод, ва як подшоҳ барои ҳамаи онҳо подшоҳӣ хоҳад кард; ва онҳо дигар ду халқ нахоҳанд буд, ва дигар ба ду мамлакат тақсим нахоҳанд шуд. 23 Ва худро дигар бо бутҳошон ва бо қабоҳатҳошон ва бо ҳар гуна ҷиноятҳошон палид нахоҳанд сохт, ва Ман онҳоро аз ҳамаи иқоматгоҳҳошон, ки дар он ҷо гуноҳ кардаанд, наҷот хоҳам дод, ва онҳоро пок хоҳам кард, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд, ва Ман Худои онҳо хоҳам буд. 24 Ва бандаи Ман Довуд подшоҳи онҳо хоҳад буд, ва як чӯпон барои ҳамаи онҳо хоҳад буд, ва бар тибқи дастурҳои Ман рафтор хоҳанд кард, ва фароизи Маро риоя хоҳанд намуд ва онҳоро ба ҷо хоҳанд овард. 25 Ва дар замине ки Ман ба бандаи Худ Яъқуб додаам, ва падаронашон дар он сокин буданд, маскан хоҳанд гирифт; ва онҳо ва писаронашон ва писарони писаронашон дар он то абад сукунат хоҳанд дошт, ва бандаи Ман Довуд то абад раиси онҳо хоҳад буд. 26 Ва Ман бо онҳо аҳди сулҳу осоиштагӣ хоҳам баст, ки бо онҳо аҳди ҷовидонӣ хоҳад буд; ва онҳоро баракат дода, афзун хоҳам намуд, ва хонаи муқаддаси Худро андаруни онҳо то абад барқарор хоҳам кард. 27 Ва маскани Ман бар онҳо хоҳад буд, ва Ман Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд. 28 Ва халқҳо хоҳанд донист, ки Ман Худованде ҳастам, ки Исроилро тақдис менамоям, вақте ки хонаи муқаддаси Ман андаруни онҳо то абад барқарор гардад“». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden