Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ҳизқиёл 35 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ СИЮ ПАНҶУМ Нубувват дар бораи кӯҳи Сеир.

1 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

2 «Эй писари одам! Рӯи худро ба самти кӯҳи Сеир бигардон ва дар ҳаққи он нубувват намо,

3 Ва ба он бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман ба ту, эй кӯҳи Сеир, зид ҳастам, ва дасти Худро бар ту дароз карда, туро вайронаю валангор хоҳам сохт.

4 Шаҳрҳоятро ба харобазор табдил хоҳам дод, ва ту валангор хоҳӣ шуд, ва хоҳӣ донист, ки Ман Худованд ҳастам.

5 Азбаски ту адовати доимӣ доштӣ, ва банӣ‐Исроилро дар вақти мусибаташон, дар ниҳояти гуноҳашон ба дами шамшер несту нобуд кардӣ,

6 Бинобар ин ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, туро ғарқи хун хоҳам кард, ва хун туро таъқиб хоҳад намуд; модоме ки адовати ту ташнаи хун буд, аз ин рӯ хун туро таъқиб хоҳад намуд.

7 Ва кӯҳи Сеирро вайронаю валангор хоҳам сохт, ва равандаю ояндаро аз он нест хоҳам кард.

8 Ва кӯҳҳои онро аз мақтулони он пур хоҳам кард; дар теппаҳо ва дараҳо ва ҳамаи рӯдхонаҳои ту мақтулони шамшер хоҳанд афтод.

9 Туро ба харобазори абадӣ табдил хоҳам дод, ва шаҳрҳои ту маскун нахоҳад шуд; ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам.

10 Азбаски ту гуфтӣ: «Ин ду халқ ва ин ду кишвар аз они ман хоҳад шуд, ва онро тасарруф хоҳем кард», ва ҳол он ки Худованд он ҷо буд,

11 Бинобар ин ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, ба андозаи хашм ва ҳасаде ки ту дар адовати худ нисбат ба онҳо нишон додаӣ, бо ту амал хоҳам кард, ва Худро ба онҳо зоҳир хоҳам сохт, вақте ки бар ту доварӣ намоям,

12 Ва хоҳӣ донист, ки Ман, ки Худованд ҳастам, ҳамаи дашномҳои туро, ки дар ҳаққи кӯҳҳои Исроил ба забон рондӣ, шунидаам, яъне гуфтӣ: «Валангор шудааст! Барои хӯрдани мо дода шудааст!»

13 Ва шумо бо даҳони худ бар Ман такаббур намудед ва суханони худро бар зидди Ман мағрурона афзун кардед, ва Ман шунидаам.

14 Худованд Худо чунин мегӯяд: дар сурате ки тамоми дуньё шодӣ мекунад, Ман туро валангор хоҳам сохт.

15 Чунон ки ту бар мероси хонадони Исроил, вақте ки он валангор шуд, шодӣ кардӣ, ончунон Ман бо ту амал хоҳам намуд; кӯҳи Сеир ва тамоми Адӯм саросар валангор хоҳад шуд, ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам“».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan