Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ҳизқиёл 32 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ СИЮ ДУЮМ Андӯҳ дар бораи тақдири фиръавн.

1 Ва чунин воқеъ шуд, ки дар соли дувоздаҳум, дар рӯзи якуми моҳи дувоздаҳум, каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

2 «Эй писари одам! Дар ҳаққи фиръавн подшоҳи Миср навҳа намо ва ба ӯ бигӯй: „эй, ки худро шери жаёни халқҳо мепиндоштӣ! Вале ту мисли тимсоҳе дар баҳрҳо ҳастӣ, ва дар наҳрҳои худ ҷавлон менамоӣ, ва обҳоро бо пойҳои худ лой мекунӣ, ва наҳрҳошонро лойқазор мегардонӣ“.

3 Худованд Худо чунин мегӯяд: Ман тӯри Худро дар ҷамъомади қавмҳои бисьёр бар ту хоҳам густурд, ва онҳо туро бо тӯри Ман хоҳанд баровард.

4 Ва туро бар замин хоҳам партофт, бар рӯи саҳро хоҳам андохт, ва ҳар навъ мурғони ҳаворо дар ту ҷойгир хоҳам кард, ва ҳайвоноти тамоми заминро аз ту сер хоҳам сохт.

5 Ва гӯшти туро бар кӯҳҳо хоҳам партофт, ва дараҳоро аз лошаҳоят пур хоҳам кард.

6 Ва замини обьёрии туро бо ҳуни ту, ки аз кӯҳҳо ҷорӣ мешавад, обьёрӣ хоҳам намуд; ва рӯдхонаҳо аз ту пур хоҳад шуд.

7 Ва ҳангоме ки ту хомӯш шавӣ, осмонро хоҳам пӯшонид, ва ситораҳои онро торик хоҳам кард; офтобро бо абр хоҳам пӯшонид, ва моҳ рӯшноии худро нахоҳад дод.

8 Ҳамаи найирҳои нурафкани осмонро бар ту сиёҳ хоҳам гардонид, ва торикӣ бар замини ту хоҳам овард, мегӯяд Худованд Худо.

9 Ва дили қавмҳои бисъёрро ба изтироб хоҳам андохт, вақте ки хабари шикасти туро ба халқҳо, ба заминҳое ки ту намешинохтӣ, бирасонам.

10 Ва қавмҳои бисьёрро дар ҳаққи ту моту мабҳут хоҳам сохт, ва подшоҳони онҳо дар ҳаққи ту бағоят ба ларза хоҳанд омад, вақте ки шамшери Худро пеши рӯяшон ҷавлон диҳам; ва онҳо дар рӯзи фурӯ ғалтидани ту ҳар яке барои ҷони худ ҳар лаҳза хоҳанд ларзид.

11 Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: шамшери подшоҳи Бобил бар ту хоҳад омад.

12 Бо шамшери зӯроварон, ки ҳамаашон золимтарини халқҳо мебошанд, анбӯҳи туро фурӯ хоҳам ғалтонид; ва онҳо кибриёи Мисрро несту нобуд хоҳанд кард, ва тамоми анбӯҳи он ба ҳалокат хоҳанд расид.

13 Ва ҳамаи чорпоёни онро назди обҳои фаровон маҳв хоҳам намуд, ва пои одамизод дигар онҳоро лой нахоҳад кард, ва суми чорпоён онҳоро лой нахоҳад кард.

14 Он гоҳ обҳои онҳоро софу зулол гардонида, наҳрҳои онҳоро мисли равған ҷорӣ хоҳам намуд, мегӯяд Худованд Худо.

15 Ҳангоме ки замини Мисрро вайронаю валангор намоям, ва замин аз ҳар чи дар он аст, тиҳӣ гардад, ва ҳангоме ки ҳамаи сокинони онро ба ҳалокат бирасонам, он гоҳ хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам.


Суруди навҳагарӣ дар бораи Миср.

16 Навҳае ки хоҳанд хонд, ҳамин аст, ва духтарони халқҳо онро хоҳанд хонд; дар ҳаққи Миср ва дар ҳаққи анбӯҳаш онро хоҳанд хонд, мегӯяд Худованд Худо».

17 Ва чунин воқеъ шуд, ки дар соли дувоздаҳум, дар рӯзи понздаҳуми моҳ, каломи Худо бар ман нозил шуда, гуфт:

18 «Эй писари одам! Дар ҳаққи анбӯҳи Миср навҳа намо ва онро, — ҳам онро ва ҳам духтарони халқҳои кабирро, — ба асфалуссофилин фурӯд овар, то бо онҳое бошанд, ки дар гӯр фурӯд омадаанд.

19 „Ту аз кӣ хубтарӣ? Фурӯд ой ва бо номахтунон бихоб“.

20 Андаруни мақтулони шамшер фурӯ хоҳанд ғалтид: шамшер супурда шудааст; ӯро бо тамоми анбӯҳаш бикашед.

21 Гузини зӯроварон аз даруни дӯзах дар ҳаққи ӯ ва мададгоронаш хоҳанд гуфт: „Инак, ин номахтунон, ин мақтулони шамшер фурӯд омада, хобидаанд!“

22 Дар он ҷо Ашшур ва тамоми ҷамоати ӯ мебошанд, ки қабрҳошон гирдогирди ӯст; ҳамаашон мақтулоне ҳастанд, ки аз шамшер афтодаанд.

23 Қабрҳои ӯ дар ақсои гӯристон ҷойгир шудааст, ва ҷамоати ӯ гирдогирди қабри ӯст; ҳамаашон мақтулоне ҳастанд, ки аз шамшер афтодаанд, дар сурате ки дар замини зиндагон ҳамаро дар даҳшат меандохтанд.

24 Дар он ҷо Элом аст, ва тамоми анбӯҳаш гирдогирди кабри ӯст; ҳамаашон мақтулоне ҳастанд, ки аз шамшер афтодаанд, ва дар ҳолати номахтунӣ ба асфалуссофилин фурӯд омадаанд, дар сурате ки дар замини зиндагон ҳамаро дар даҳшат меандохтанд, ва алҳол бо онҳое ки дар гӯр фурӯд омадаанд, бори нанги худро мебардоранд.

25 Ба ӯ бо тамоми анбӯҳаш андаруни мақтулон ҷойхобе додаанд; қабрҳошон гирдогирди ӯст; ҳамаашон номахтуноне ҳастанд, ки ба дами шамшер кушта шудаанд, дар сурате ки дар замини зиндагон дар даҳшат меандохтанд, ва алҳол бо онҳое ки дар гӯр фурӯд омадаанд, бори нанги худро мебардоранд, ва андаруни мақтулон ҷойгир шудаанд.

26 Дар он ҷо Мошак ва Тубол ва тамоми анбӯҳашон мебошанд, ки қабрҳошон гирдогирди онҳост; ҳамаашон номахтуноне ҳастанд, ки ба дами шамшер кушта шудаанд, дар сурате ки дар замини зиндагон ҳамаро дар даҳшат меандохтанд.

27 Ва онҳо, ки аз миёни номахтунон фурӯ ғалтидаанд, бо зӯровароне наҳоҳанд хобид, ки бо аслиҳаи ҷангии худ дар дӯзах фурӯд омадаанд, ва шамшерҳои худро зери сарашон гузоштаанд. Гуноҳи онҳо бар устухонҳошон хоҳад буд, зеро ки дар замини зиндагон зӯроваронро дар даҳшат меандохтанд.

28 Ту низ андаруни номахтунон шикаст хоҳӣ хӯрд, ва бо мақтулони шамшер хоҳӣ хобид.

29 Дар он ҷо Адӯм, подшоҳонаш ва ҳамаи раисонаш мебошанд, ки бо вуҷуди зӯроварии худ бо мақтулони шамшер ҷойгир шудаанд; онҳо бо номахтунон ва бо онҳое ки дар гӯр фурӯд омадаанд, хобидаанд.

30 Дар он ҷо ҳокимони шимол ва ҳамаи сидӯниён мебошанд, ки бо вуҷуди даҳшати худ, аз зӯроварии худ хиҷил гардида, бо мақтулон фурӯд омадаанд, ва бо мақтулони шамшер дар ҳолати номахтунӣ хобидаанд, ва алҳол бо онҳое ки дар гӯр фурӯд омадаанд, бори нанги худро мебардоранд.

31 Фиръавн онҳоро дида, дар хусуси тамоми анбӯҳи худ тасаллӣ хоҳад ёфт; фиръавн ва тамоми лашкари ӯ мақтулони шамшер хоҳанд буд, мегӯяд Худованд Худо.

32 Зеро ки Ман ӯро вогузоштаам, ки дар замини зиндагон ҳамаро дар даҳшат андозад, ва ӯ, яъне фиръавн ва тамоми анбуҳаш, андаруни номахтунон бо мақтулони шамшер хобонида хоҳад шуд, мегӯяд Худованд Худо».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan