Ҳизқиёл 31 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СИЮ ЯКУМ Нубувват дар бораи фиръавн. 1 Ва чунин воқеъ шуд, ки дар соли ёздаҳум, дар рӯзи якуми моҳи сеюм, каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт: 2 «Эй писари одам! Ба фиръавн подшоҳи Миср ва ба анбӯҳи ӯ бигӯй: „дар бузургии худ ту ба кӣ монандӣ дорӣ? 3 Инак, ашшур арзест дар Лубнон, ки дорои шохаҳои зебост, ва мисли бешаи серсоя аст, ва қоматаш баланд аст, ва дар миёни анбӯҳи шохаҳо сар афрохтааст. 4 Обҳо онро сабзонидааст, варта онро баланд кардааст: вай наҳрҳояшро гирдогирди киштзори худ ҷорӣ намудааст, ва ҷӯйҳояшро сӯи ҳамаи дарахтони саҳро фиристодааст. 5 Бинобар ин қомати он аз ҳамаи дарахтони саҳро баландтар шудааст, ва шохаҳои он афзудааст, ва навдаҳои теппаҳои он аз обҳои бисьёр нашъунамо ёфта, дароз шудааст. 6 Дар миёни шохаҳои он ҳамаи мурғони ҳаво лона месохтанд, ва зери навдаҳояш тамоми ҳайвоноти саҳро бача меоварданд, ва дар сояи он ҳар навъ халқҳои сершумор сукунат доштанд. 7 Ва он бо бузургии худ, бо дарозии шохаҳои худ хушнамуд гардид, зеро ки решаҳояш назди обҳои бисьёр буд. 8 Арзҳои боғи Худо онро наметавонист пинҳон созад; сарвҳо ба шохаҳои он монандӣ надошт, ва қастонаҳо мисли навдаҳои он набуд; ҳеҷ як дарахти боғи Худо дар зебоии худ ба он монанд набуд. 9 Ман онро бо фаровонии шохаҳояш зебо гардонидаам, ба тавре ки ҳамаи дарахтони Адан, ки дар боғи Худо мебошанд, аз он ҳасад мебурданд. 10 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: азбаски қомати ту баланд шудааст, ва ту дар миёни анбӯҳи шохаҳо сар афрохтаӣ, ва дилат аз баландии қадат мағрур гардидааст, 11 Бинобар ин Ман онро ба дасти зӯровари халқҳо хоҳам супурд, то ки ба он бар тибқи шарорати он амал кунад; ва онро бадар хоҳам ронд. 12 Ва аҷнабиён, золимтарини халқҳо, онро бурида, фурӯ хоҳанд ғалтонид; шоҳахои он бар кӯҳҳо ва дар ҳамаи дараҳо хоҳад афтод, ва навдаҳои он дар ҳамаи рӯдхонаҳои замин хоҳад шикаст, ва ҳамаи қавмҳои замин аз зери сояи он фурӯд омада, онро тарк хоҳанд кард. 13 Бар шикастапораҳои он ҳар навъ мурғони ҳаво сокин хоҳанд шуд, ва дар миёни навдаҳояш ҳар гуна ҳайвоноти саҳро хоҳанд буд, 14 То ки ҳеҷ яке аз дарахтони назди обҳо аз қади баланди худ мағрур нашавад, ва дар миёни анбӯҳи шоҳаҳо сар наафрозад, ва ҳамаи дарахтони обхӯр кибриёи худро ба сабаби баландии худ афзун накунанд; зеро ки ҳамаи онҳо дар асфалуссофилин андаруни банӣ‐одаме ки дар гӯр фурӯд омадаанд, маҳкуми мамот мебошанд. 15 Худованд Худо чунин мегӯяд: дар рӯзе ки вай дар гӯр фурӯд ояд, Ман вартаро сӯгдор гардонида, барои вай либоси мотамӣ хоҳам пӯшонид, ва ҷараёни наҳрҳояшро хоҳам боздошт, ва обҳои бисьёр аз ҳаракат хоҳад монд; ва Лубнонро барои вай шикастадил хоҳам кард, ва ҳамаи дарахтони саҳро барояш пажмурда хоҳанд шуд. 16 Аз садои фурӯ ғалтиданаш халқҳоро ба ларза хоҳам овард, вақте ки варо бо онҳое ки дар гӯр фурӯд меоянд, дар дӯзах фурӯд оварам, ва он гоҳ ҳамаи дарахтони Адан, ки гузину беҳтарини Лубнон мебошанд, яъне ҳамаи обхӯрон дар асфалуссофилин тасаллӣ хоҳанд ёфт. 17 Онҳо низ ҳамроҳи вай сӯи мақтулони шамшер дар дӯзах фурӯд хоҳанд омад; ва мададгорони вай низ, ки дар сояи вай андаруни халқҳо сокин буданд. 18 Пас, ба кадоме аз дарахтони Адан ту дар ҷалол ва бузургии худ монандӣ доштӣ? Валекин бо дарахтони Адан дар асфалуссофилин фурӯд оварда хоҳӣ шуд, андаруни номахтунон бо мақтулони шамшер хоҳӣ хобид; ин фиръавн аст бо тамоми анбӯҳи вай, мегӯяд Худованд Худо“». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden