Ҳизқиёл 30 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СИЮМ Дар бораи он ки Мисрро дар рӯзи Худованд чӣ мусибатҳо дар пеш аст. 1 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт: 2 «Эй писари одам! Нубувват намуда, бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: зор‐зор гириста, бигӯед: «Вой бар он рӯз!» 3 Зеро ки он рӯз наздик аст, ва рӯзи Худованд наздик аст; рӯзи тира, замони халқҳо фаро мерасад. 4 Ва шамшер бар Миср меояд, ва Ҳабашро тарсу бим фаро хоҳад гирифт, вақте ки дар Миср шаҳидон фурӯ ғалтанд, ва дороии онро бигиранд, ва асосҳои он хароб гардад. 5 Ҳабаш ва Фут ва Луд ва тамоми омезиши қабилаҳо ва Куб, ва аҳли замини аҳд ҳамроҳи онҳо аз шамшер хоҳанд афтод. 6 Худованд чунин мегӯяд: ва мададгорони Миср фурӯ хоҳанд ғалтид, ва кибриёи қуввати он аз Миҷдӯл то Асвон паст хоҳад шуд; дар он аз шамшер хоҳанд афтод, мегӯяд Худованд Худо. 7 Ва он андаруни кишварҳои вайронаю валангор, валангор хоҳад шуд, ва шаҳрҳои он андаруни шаҳрҳои хароба хоҳад буд. 8 Ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам; ҳангоме ки Ман бар Миср оташ занам, ҳамаи ёваронаш шикаст хоҳанд хӯрд. 9 Дар он рӯз аз ҳузури Ман қосидон бо киштиҳо берун хоҳанд рафт, то ки ҳабашиёни бепарворо ба ҳарос андозанд; ва онҳоро, мисли рӯзи Миср, тарсу бим фаро хоҳад гирифт, зеро ки инак он фаро мерасад. 10 Худованд Худо чунин мегӯяд: ва Ман ба анбӯҳи Миср ба воситаи Набукаднесар подшоҳи Бобил хотима хоҳам дод. 11 Ӯ ва қавми ӯ бо ӯ, золимтарини халқҳо, барои несту нобуд кардани ин замин оварда хоҳанд шуд, ва онҳо шамшери худро бар Миср кашида, заминро аз мақтулон пур хоҳанд кард. 12 Ва Ман наҳрҳоро хоҳам хушконид, ва заминро ба дасти шарирон хоҳам супурд; ва заминро бо ҳар чи дар он аст, бо дасти аҷнабиён валангор хоҳам кард; Ман, ки Худованд ҳастам, гуфтам. 13 Худованд Худо чунин мегӯяд: ва Ман бутҳоро нест хоҳам кард, ва санамҳоро аз Нӯф барҳам хоҳам дод, ва раисе аз замини Миср дигар нахоҳад буд, ва Ман замини Мисрро ба ҳарос хоҳам андохт. 14 Ва Фатрусро ба харобазор табдил хоҳам дод, ва оташ бар Суан хоҳам зад, ва доварӣ бар Нӯ хоҳам кард. 15 Ва ғазаби Худро бар Син, ки истеҳкоми Миср аст, фурӯ хоҳам рехт, ва анбӯҳи Нӯро маҳв хоҳам кард. 16 Ва ҳангоме ки бар Миср оташ занам, Син ба ларза хоҳад омад, ва Нӯ рахнадор хоҳад шуд, ва Нӯф ҳамеша ба ҳуҷуми душманон дучор хоҳад гардид. 17 Ҷавонони Ӯн ва Фибаст аз шамшер хоҳанд афтод, ва бақияи онҳо ба асирӣ хоҳанд рафт. 18 Ва дар Таҳфанаҳес рӯз торик хоҳад шуд, вақте ки Ман юғи Мисрро дарҳам шиканам, ва кибриёи қуввати он хотима ёбад; абрҳо онро хоҳад пӯшонид, ва деҳоти атрофи он ба асирӣ хоҳанд рафт. 19 Ва ҳангоме ки бар Миср доварӣ намоям, хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам“». Дар ҷанги Миср ва Бобил Худованд тарафдори Бобил аст. 20 Ва чунин воқеъ шуд, ки дар соли ёздаҳум, дар рӯзи ҳафтуми моҳи якум, каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт: 21 «Эй писари одам! Ман бозуи фиръавн подшоҳи Мисрро дарҳам шикастаам; ва инак он ҷароҳатбандӣ карда нашудааст, то ки шифо ёбад, ва тахтабанде бар он гузошта нашудааст, то ки барои нигоҳ доштани шамшер пайванд ва қавӣ гардад. 22 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман ба фиръавн подшоҳи Миср зид ҳастам, ва бозуҳои ӯро, ҳам сиҳҳаташ ва ҳам шикастаашро, дарҳам хоҳам шикаст, ва шамшерро аз дасти ӯ хоҳам ғалтонид. 23 Ва аҳли Мисрро дар миёни халқҳо пароканда хоҳам сохт, ва онҳоро дар кишварҳо парешон хоҳам кард. 24 Ва бозуҳои подшоҳи Бобилро боқувват хоҳам кард, ва шамшери худро ба дасти ӯ хоҳам дод, ва бозуҳои фиръавнро дарҳам хоҳам шикаст, то ки ба ҳузури душман бо оҳу нолаи шаҳидон оҳу нола кунад. 25 Ва бозуҳои подшоҳи Бобилро тақвият хоҳам дод, вале бозуҳои фиръавн фурӯ хоҳад ғалтид; ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам, вақте ки шамшери Худро ба дасти подшоҳи Бобил бидиҳам, ва ӯ онро бар замини Миср дароз кунад. 26 Ва аҳли Мисрро дар миёни халқҳо пароканда хоҳам сохт, ва онҳоро дар кишварҳо парешон хоҳам кард; ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden