Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ҳизқиёл 29 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ БИСТУ НӮҲУМ Нубувват дар бораи Миср.

1 Дар соли даҳум, дар рӯзи дувоздаҳуми моҳи даҳум, каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

2 «Эй писари одам! Рӯи худро ба тарафи фиръавн подшоҳи Миср бигардон, ва дар ҳаққи ӯ ва тамоми Миср нубувват намо.

3 Сухан ронда, бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман ба ту, эй фиръавн подшоҳи Миср, зид ҳастам! Эй тимсоҳи бузург, ки андаруни наҳрҳои худ хобида, мегӯӣ: «Наҳри ман аз они ман аст, ва ман онро ба вуҷуд овардаам».

4 Вале Ман чангакҳо дар ҷоғҳоят хоҳам андохт, ва моҳиёни наҳрҳоятро ба пулакчаҳоят хоҳам часпонид, ва туро аз даруни наҳрҳоят хоҳам баровард, бо ҳамаи моҳиёни наҳрҳоят, ки ба пулакчаҳои ту часпида бошанд.

5 Ва туро дар биёбон хоҳам партофт, туро бо ҳамаи моҳиёни наҳрҳоят; ту бар рӯи саҳро хоҳӣ афтод, ва дигар ҷамъ карда ва фароҳам оварда нахоҳӣ шуд; туро тӯъмаи ҳайвоноти замин ва мурғони ҳаво хоҳам гардонид.

6 Ва ҳамаи сокинони Миср хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам, чунки онҳо барои хонадони Исроил асои наин буданд.

7 Вақте ки туро ба даст гирифтанд, ту пора шуда, тамоми китфашонро маҷрӯҳ сохтӣ; ва ҳангоме ки бар ту такья карданд, ту шикаста, тамоми камари онҳоро бемаҷол гардондӣ.

8 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман бар ту шамшер хоҳам овард, ва аз миёни ту инсон ва ҳайвонро несту нобуд хоҳам кард.

9 Ва замини Миср валангор ва харобазор хоҳад гардид, ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам, чунки мегуфт: «Наҳр аз они ман аст, ва ман онро ба вуҷуд овардаам».

10 Бинобар ин, инак Ман ба ту ва ба наҳрҳоят зид ҳастам, ва замини Мисрро аз Миҷдӯл то Асвон ва то сарҳади Ҳабаш тамоман харобу валангор хоҳам сохт.

11 Пои инсон аз он гузар нахоҳад кард, ва пои ҳайвон аз он гузар нахоҳад кард; ва он чил сол маскун нахоҳад шуд.

12 Ва замини Мисрро андаруни заминҳои вайронаю валангор, валангор хоҳам кард, ва шаҳрҳояш андаруни шаҳрҳои хароба чил сол вайронаю валангор хоҳад буд; ва аҳли Мисрро дар миёни халқҳо пароканда хоҳам сохт, ва дар миёни кишварҳо парешон хоҳам кард.

13 Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: баъд аз тамом шудани чил сол аҳли Мисрро аз миёни қавмон, ки дар он ҷо пароканда шудаанд, ҷамъ хоҳам кард;

14 Ва асирони Мисрро хоҳам баргардонид, ва онҳоро ба замини Фатрус, ба замини зодгоҳашон хоҳам овард, ва дар он ҷо мамлакати заифе хоҳанд буд.

15 Он пасттарини мамлакатҳо хоҳад буд ва дигар бар халқҳо бартарӣ нахоҳад дошт; ва Ман онҳоро хурд хоҳам гардонид, то ки бар халқҳо хукмронӣ накунанд.

16 Ва он дигар барои хонадони Исроил пушту паноҳе нахоҳад буд, ки маъсияташонро ба ёд меоварда бошад, ки он вақт онҳо ба он муроҷиат карда буданд; ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд Худо ҳастам“».

17 Ва чунин воқеъ шуд, ки дар соли бисту ҳафтум, дар рӯзи якуми моҳи якум, каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

18 «Эй писари одам! Набукаднесар подшоҳи Бобил лашкари худро назди Сӯр меҳнати азиме фармуд; ҳар калла бемӯй ва ҳар китф захмдор гардид, вале худаш ва лашкараш аз Сӯр барои меҳнате ки назди он ба ҷо оварданд, ҳеҷ музде пайдо накарданд.

19 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман замини Мисрро ба Набукаднесар подшоҳи Бобил хоҳам дод, ва ӯ дороии онро хоҳад бурд, ва ғанимати онро ба ғанимат хоҳад гирифт ва тороҷкардаи онро тороҷ хоҳад кард, ва ин барои лашкараш музде хоҳад шуд.

20 Барои амалиёте ки ӯ назди он ба ҷо овардааст, Ман замини Мисрро ба ӯ хоҳам дод, чунки он корро барои Ман кардаанд, мегӯяд Худованд Худо.

21 Дар он рӯз Ман шохе барои хонадони Исроил хоҳам рӯёнид, ва даҳони туро андаруни онҳо хоҳам кушод, ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan