Ҳизқиёл 28 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ БИСТУ ҲАШТУМ Набӣ подшоҳи Сӯрро мазаммат менамояд. 1 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт: 2 «Эй писари одам! Ба раиси Сӯр бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: азбаски дили ту мағрур шудааст, ва ту мегӯӣ: «Ман Худо ҳастам, бар нишемангоҳи худоён нишастаам», ва ҳол он ки ту одамизод ҳастӣ ва на Худо, валекин дили худро мисли худоён пиндоштаӣ, 3 Инак, ту аз Дониёл ҳакимтар ҳастӣ, ва ҳеҷ сирре аз ту пӯшида нест; 4 Бо ҳикмат ва хиради худ сарват барои худ ғун кардаӣ, ва тиллову нуқра дар ганҷинаҳои худ андӯхтаӣ; 5 Бо фаровонии ҳикмати худ, ба воситаи тиҷорати худ сарвати худро афзун кардаӣ, ва дили ту аз сарвати ту мағрур шудааст, 6 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: азбаски ту дили худро мисли дили худоён пиндоштаӣ, 7 Бинобар ин, инак Ман аҷнабиён, золимтарини халқҳоро бар ту хоҳам овард, ва онҳо шамшерҳои худро бар зебоии ҳикмати ту кашида, латофати туро поймол хоҳанд кард; 8 Туро дар гӯр фурӯд хоҳанд овард, ва ту бо мавти мақтулон дар дили баҳрҳо хоҳӣ мурд. 9 Оё ту ба ҳузури қотили худ хоҳӣ гуфт: «Ман Худо ҳастам?» Ва ҳол он ки ту дар дасти кушандаи худ одамизод хоҳӣ буд, ва на Худо. 10 Аз дасти аҷнабиён бо мавти номахтунон хоҳӣ мурд, зеро ки Ман гуфтам, мегӯяд Худованд Худо“». 11 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт: 12 «Эй писари одам! Дар ҳаққи подшоҳи Сӯр навҳа намо ва ба ӯ бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: ту нигини мукаммал, пуррагин ҳикмат ва камоли ҳусн ҳастӣ. 13 Ту дар Адан, дар боғи Худо будӣ; либосҳои ту бо ҳар гуна санги гаронбаҳо: лаъл, ёқути зард ва алмос, забарҷад, ҷазъ ва яшм, ёқути кабуд, баҳрамон ва зумуррад мурассаъ буд, ва санъати дафҳо ва найҳоят барои ту аз тилло буд, ва ҳамааш дар рӯзи офариниши ту муҳайё шуда буд. 14 Ту каррубии бузургҷуссае ҳастӣ, ки бо болҳоят соя афкандаӣ, ва Ман туро бар кӯҳи муқаддас ҷойгир кардам; мисли яке аз худоён будӣ, ва андаруни сангҳои оташин роҳ мепаймудӣ. 15 Ту аз рӯзи офариниши худ дар роҳҳоят комил будӣ, то вақте ки маъсияти ту ошкор гардид. 16 Дар баробари вусъат ёфтани тиҷорати ту ботинат аз ситам пур шуд, ва ту гуноҳ кардӣ, ва Ман туро аз кӯҳи Худо сарнагун сохтам, ва туро, эй каррубии сояафкан, аз даруни сангҳои оташин нест кардам. 17 Дили ту аз зебоии ту мағрур шуд, ту ҳикмати худро аз боиси латофати худ нобуд кардӣ; Ман туро бар замин задам, пеши подшоҳон вожгун намудам, то ба ту бо нафрат назар андозанд. 18 Бо фаровонии гуноҳҳои худ, бо ноинсофии тиҷорати худ ту маконҳои муқаддаси худро палид кардӣ; ва Ман аз даруни ту оташе берун хоҳам овард, ки он туро хоҳад сӯзонид, ва Ман туро дар пеши назари ҳамаи бинандагонат бар рӯи замин хокистар хоҳам гардонид. 19 Ҳамаи онҳое ки дар миёни қавмҳо туро мешинохтанд, дар бораи ту моту мабҳут хоҳанд шуд; ту мавриди даҳшат гардидаӣ, ва то абад дигар нахоҳӣ буд“». Доварӣ бар Сидӯн. 20 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт: 21 «Эй писари одам! Рӯи худро ба тарафи Сидӯн бигардон, ва дар ҳаққи он нубувват намо. 22 Ва бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: Инак Ман ба ту, эй Сидӯн, зид ҳастам, ва андаруни ту ҷалол хоҳам ёфт; ва чун бар он доварӣ намуда, ба воситаи он тақдис ёбам, хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам. 23 Ва вабо бар он, ва хун бар кӯчаҳояш хоҳам фиристод, ва шаҳидон андаруни он аз шамшере ки аз ҳар ҷониб бар он меояд, хоҳанд афтод; ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам. 24 Ва он дигар барои хонадони Исроил аз миёни ҳамаи атрофиёнашон, ки аз онҳо нафрат доранд, янтоқи халанда ва хори дардовар нахоҳад буд; ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд Худо ҳастам. Худованд ваъда медиҳад, ки Исроилро аз парокандагӣ ҷамъ оварад. 25 Худованд Худо чунин мегӯяд: ҳангоме ки Ман хонадони Исроилро аз миёни қавмҳое ки андарунашон пароканда шудаанд, ҷамъ оварам ва ба воситаи онҳо дар назари халқҳо тақдис ёбам, онҳо дар замини худашон, ки ба бандаи худ Яъқуб додаам, сокин хоҳанд шуд; 26 Ва дар он дар амният сокин шуда, хонаҳо бино хоҳанд кард ва токҳо хоҳанд шинонид ва дар амният сокин хоҳанд шуд; ҳангоме ки бар ҳамаи атрофиёнашон, ки аз онҳо нафрат доранд, доварӣ намоям, хоҳанд донист, ки Ман Худованд Худои онҳо ҳастам“». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden