Ҳизқиёл 26 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ БИСТУ ШАШУМ Доварии оянда бар Сӯр. 1 Ва дар соли ёздаҳум, дар рӯзи якуми моҳ, каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт: 2 «Эй писари одам! Азбаски Сӯр дар бораи Ерусалим гуфтааст: „Ҳай‐ҳай! Дарвозаи қавмҳо шикаст хӯрд; ҳама чиз ба ман мегузарад; ман пур мешавам, чунки вай хароб шуд“, 3 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман, эй Сӯр, ба ту зид ҳастам! Ва халқҳои бисьёрро ба муқобили ту хоҳам бархезонид, чунон ки баҳр мавҷҳояшро бармехезонад. 4 Ва онҳо ҳисорҳои Сӯрро вайрон хоҳанд кард, ва бурҷҳои онро хароб хоҳанд намуд, ва Ман хоки онро аз он хоҳам рӯфт, ва онро ба сахраи суфтае табдил хоҳам дод. 5 Он андаруни баҳр маконе барои паҳн кардани тӯрҳои моҳигирӣ хоҳад гардид; зеро ки Ман гуфтам, мегӯяд Худованд Худо; ва он тӯъмаи тороҷи халқҳо хоҳад шуд. 6 Ва деҳоти атрофи Сӯр, ки дар саҳро мебошанд, ба дами шамшер кушта хоҳанд шуд, ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам. 7 Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман Набукаднесар подшоҳи Бобил, подшоҳи подшоҳонро аз шимол бар Сӯр бо аспон ва аробаҳо ва саворон ва бо ҷамоат ва қавми зиёде хоҳам овард. 8 Деҳоти атрофи туро ӯ дар саҳро ба дами шамшер хоҳад кушт; ва истеҳкомот ба муқобили ту хоҳад сохт, ва хокрез ба муқобили ту барпо хоҳад кард, ва сипарҳо ба муқобили ту ба вуҷуд хоҳад овард; 9 Ва манҷаниқҳои худро назди ҳисорҳои ту барқарор хоҳад намуд, ва бурҷҳои туро бо табарзинҳои худ вайрон хоҳад кард. 10 Аз бисьёрии аспони ӯ туро ғубор хоҳад пӯшонид; ҳангоме ки ӯ ба дарвозаҳоят дарояд, чунон ки ба шаҳри рахнадор медароянд, аз садои саворон ва чархҳо ва аробаҳо ҳисорҳоят ба ларза хоҳад омад. 11 Бо сумҳои аспонаш ҳамаи кӯчаҳоятро поймол хоҳад кард; қавматро ба дами шамшер хоҳад кушт, ва биноҳои ёдгории ҷалоли ту бо замин яксон хоҳад шуд. 12 Ва дорони туро тороҷ хоҳанд кард, ва молҳои туро ба яғмо хоҳанд бурд, ва ҳисорҳои туро вайрон хоҳанд намуд, ва хонаҳои дилпазири туро хароб хоҳанд кард, ва сангҳо ва чӯб ва хоки туро андаруни об хоҳанд андохт. 13 Ва Ман ба ғулғулаи сурудҳоят хотима хоҳам дод; ва садои барбатҳоят дигар шунида нахоҳад шуд. 14 Ва туро ба сахраи суфтае табдил хоҳам дод; маконе барои паҳн кардани тӯрҳои моҳигирӣ хоҳӣ шуд; дигар бино нахоҳӣ ёфт; зеро Ман, ки Худованд ҳастам, гуфтам, мегӯяд Худованд Худо. 15 Худованд Худо ба Сӯр чунин мегӯяд: охир, аз садои фурӯ ғалтидани ту, вақте ки андаруни ту маҷрӯҳон оҳу нола кунанд, ва куштори азиме ба амал ояд, ҷазираҳо ба ларза хоҳад омад. 16 Ва ҳамаи ҳокимони баҳр аз тахтҳои худ фурӯд хоҳанд омад, ва ҷомаҳои зебои худро дур хоҳанд кард, ва либосҳои гулдӯзии худро хоҳанд кашид; тарсу бим дар бар хоҳанд кард, бар замин хоҳанд нишаст, ва ҳар лаҳза хоҳанд ларзид, ва аз боиси ту моту мабҳут хоҳанд шуд; 17 Ва дар ҳаққи ту навҳа хоҳанд кард, ва ба ту хоҳанд гуфт: „Эй, ки аз баҳрҳо маскун будӣ, чӣ гуна ба ҳалокат расидаӣ, — ин шаҳри шӯҳратманде ки дар баҳр пурзӯр буд, ва худаш ва сокинонаш ҳайбати худро бар ҳамаи сокинони баҳр ҷорӣ карда буданд! 18 Акнун, дар рӯзи фурӯ ғалтидани ту, ҷазираҳо ба ларза хоҳад омад, ва ҷазираҳое ки дар баҳр мебошад, аз риҳлати ту ба даҳшат хоҳад афтод“. 19 Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: чун туро монанди шаҳрҳои ғайримаскун ба шаҳри вайронае табдил диҳам, ва вартаро бар ту барорам, то ки обҳои бисьёр туро бипӯшонад, 20 Он гоҳ туро бо ҳамаи онҳое ки дар гӯр фурӯд меоянд, назди қавми қадимӣ фурӯд хоҳам овард, ва туро дар асфалҳои замин, дар вайронаҳои абадӣ, бо онҳое ки дар гӯр фурӯд омадаанд, ҷойгир хоҳам кард, то ки дигар маскун нашавӣ; ва ҷалолро бар замини зиндагон зоҳир хоҳам сохт. 21 Туро рамзи даҳшат хоҳам гардонид, ва ба олами адам хоҳӣ рафт; ва туро ҷустуҷӯ хоҳанд кард, вале дигар то абад ёфт нахоҳӣ шуд, мегӯяд Худованд Худо». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden