Ҳизқиёл 20 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ БИСТУМ Худованд аз Исроил барои беитоатии вай интиқом гирифт. 1 Ва чунин воқеъ шуд, ки дар соли ҳафтум, дар рӯзи даҳуми моҳи панҷум, чанд нафар аз пирони Исроил барои талабидани Худованд омаданд, ва пеши ман нишастанд. 2 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт: 3 «Эй писари одам! Бо пирони Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: оё шумо барои талабидани Ман омадаед? Ба ҳаёти Худам қасам ки талабиши шуморо иҷобат нахоҳам кард, мегӯяд Худованд Худо“. 4 Оё бар онҳо доварӣ хоҳӣ кард, доварӣ хоҳӣ кард, эй писари одам? Пас аъмоли зишти падарони онҳоро ба онҳо баён намо. 5 Ва ба онҳо бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: дар он рӯзе ки Исроилро баргузидам, ва дасти Худро барои насли хонадони Яъқуб боло бардоштам, ва Худро ба онҳо дар замини Миср зоҳир сохтам, ва дасти Худро барои онҳо боло бардошта, гуфтам: «Ман Худованд Худои шумо ҳастам!» — 6 Дар он рӯз дасти Худро барои онҳо боло бардоштам, ки онҳоро аз замини Миср ба замине ки барояшон хуш кардаам, берун оварам, ба замине ки шир ва асал дар он ҷорист, ба замине ки гузини ҳамаи заминҳост. 7 Ва ба онҳо гуфтам: ҳар кадоматон қабоҳатҳои пеши чашмони худро дур андозед ва бо бутҳои Миср худро палид насозед: Ман Худованд Худои шумо ҳастам. 8 Валекин онҳо ба зидди Ман исьён карданд, ва нахостанд ба Ман гӯш диҳанд: ҳеҷ кадомашон қабоҳатҳои пеши чашмони худро дур наандохтанд, ва бутҳои Мисрро тарк накарданд; ва Ман гуфтам, ки ғазаби Худро бар онҳо фурӯ хоҳам рехт, ва хашми Худро андаруни замини Миср бар онҳо ба итмом хоҳам расонид. 9 Вале ба хотири исми Худ амал кардам, то ки он дар пеши назари халқҳо хор нашавад, — халқҳое ки онҳо дар миёнашон буданд, ва Ман Худро дар пеши назарашон ба онҳо зоҳир сохтам, то ки онҳоро аз замини Миср берун оварам. 10 Ва Ман онҳоро аз замини Миср берун овардам, ва онҳоро ба биёбон бурдам, 11 Ва фароизи Худро ба онҳо додам, ва дастурҳои Худро ба онҳо эълон намудам, ки ҳар кӣ онҳоро ба ҷо оварад, ба воситаи онҳо зинда хоҳад монд. 12 Ва шанбеҳои Худро низ ба онҳо бахшидам, то аломате дар миёни Ман ва онҳо бошад, ва онҳо бидонанд, ки Ман, ки Худованд ҳастам, онҳоро тақдис менамоям. 13 Валекин хонадони Исроил дар биёбон ба зидди Ман исьён карданд: бар тибқи фароизи Ман рафтор нанамуданд ва аз дастурҳои Ман, ки ҳар кӣ онҳоро бо ҷо оварад, ба воситаи онҳо зинда хоҳад монд, нафрат карданд, ва шанбеҳои Маро бағоят хор шумурданд; ва Ман гуфтам, ки ғазаби Худро бар онҳо фурӯ рехта, онҳоро дар биёбон маҳв хоҳам кард. 14 Вале ба хотири исми Худ амал кардам, то ки он дар пеши назари халқҳо хор нашавад, — халқҳое ки онҳоро дар пеши назарашон берун овардам. 15 Ва низ дасти Худро барои онҳо дар биёбон боло бардоштам, ки онҳоро ба замине ки додаам, наоварам, ба замине ки шир ва асал дар он ҷорист, ба замине ки гузини ҳамаи заминҳост, 16 Чунки онҳо аз дастурҳои Ман нафрат карданд, ва бар тибқи фароизи Ман рафтор нанамуданд, ва шанбеҳои Маро хор шумурданд, зеро ки дили онҳо пайрави бутҳошон буд. 17 Вале чашми Ман бар онҳо риққат оварда, аз нобуд карданашон даст кашидам, ва онҳоро дар биёбон маҳв накардам. 18 Ва ба писарони онҳо дар биёбон гуфтам: бар тибқи фароизи падарони худ рафтор накунед, ва дастурҳои онҳоро нигоҳ надоред, ва худро бо бутҳои онҳо палид насозед. 19 «Ман Худованд Худои шумо ҳастам: бар тибқи фароизи Ман рафтор кунед, ва дастурҳои Маро нигоҳ доред ва онҳоро ба ҷо оваред; 20 Ва шанбеҳои Маро тақдис намоед, то ки аломате дар миёни Ман ва шумо бошад, ва бидонед, ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам». 21 Вале писарон ба зидди Ман исьён карданд: бар тибқи фароизи Ман рафтор нанамуданд, ва дастурҳои Маро нигоҳ надоштанд, то ки онҳоро ба ҷо оваранд, ва ҳол он ки ҳар кӣ онҳоро ба ҷо оварад, ба воситаи онҳо зинда хоҳад монд; шанбеҳои Маро хор шумурданд; ва Ман гуфтам, ки ғазаби Худро бар онҳо фурӯ рехта, хашми Худро бар онҳо дар биёбон ба итмом хоҳам расонид. 22 Валекин дасти Худро ақиб кашида, ба хотири исми Худ амал кардам, то ки он дар пеши назари халқҳо хор нашавад, — халқҳое ки онҳоро дар пеши назарашон берун овардам. 23 Ман низ дасти Худро барои онҳо дар биёбон боло бардоштам, ки онҳоро дар миёни халқҳо пароканда намоям ва онҳоро дар кишварҳо парешон созам, 24 Чунки онҳо дастурхои Маро ба ҷо наоварданд, ва аз фароизи Ман нафрат карданд, ва шанбеҳои Маро хор шумурданд, ва чашмони онҳо ба сӯи бутҳои падаронашон нигарон буд. 25 Ва Ман низ ба онҳо фароизе додам, ки некӯ набуд, ва дастурҳое ки ба воситаи онҳо наметавонистанд зинда монанд. 26 Ва онҳоро вогузоштам, ки ба воситаи ҳадияҳои худашон, яъне ба воситаи аз оташ гузаронидани ҳар раҳимкушо, палид шаванд, то ки онҳоро хонавайрон созам, ва онҳо бидонанд, ки Ман Худованд хастам“. 27 Бинобар ин, эй писари одам, бо хонадони Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: боз бо ин Маро падарони шумо таҳқир намуда, дар ҳаққи Ман хиёнат карданд: 28 Ҳангоме ки Ман онҳоро ба замине овардам, ки дасти Худро боло бардошта будам, то онро ба онҳо бидиҳам, онҳо ҳар теппаи баланд ва ҳар дарахти сершохаро дида, қурбониҳои худро дар он ҷо забҳ карданд, ва қурбониҳои ғазабангези худро ба он ҷо оварданд, ва атри гуворои худро дар он ҷо гузоштанд, ва хадияҳои рехтании худро дар он ҷо рехтанд. 29 Ва Ман ба онҳо гуфтам: «ин бома, ки шумо ба он меравед, чист?» Ба ин сабаб номи он то имрӯз Бома хонда мешавад“. 30 Бинобар ин ба хонадони Исроил бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: дар сурате ки шумо худро бо рафтори падарони худ палид месозед, ва қабоҳати онҳоро пайравӣ намуда, зино мекунед, 31 Ва ба воситаи овардани ҳадияҳои худ ва аз оташ гузаронидани писарони худ шумо худро бо ҳамаи бутҳои худ то имрӯз палид месозед, оё Ман шуморо, эй хонадони Исроил, иҷобат намоям? Ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, шуморо иҷобат нахоҳам намуд. 32 Ва он чи дилхоҳи шумост, яъне он чи шумо мегӯед: «Мисли халқҳо ва мисли қабилаҳои кишварҳо гардида, ба чӯбу санг ибодат хоҳем кард», он ҳаргиз иҷро нахоҳад шуд. Дар бораи доварии оянда бар Исроил. 33 Ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, бо дасти қавӣ ва бозуи тӯлонӣ ва хашми ҷӯшон бар шумо салтанат хоҳам ронд; 34 Ва шуморо аз миёни қавмҳо берун хоҳам овард, ва шуморо аз кишварҳое ки дар онҳо пароканда шудаед, бо дасти қавӣ ва бозуи тӯлонӣ ва хашми ҷӯшон ҷамъ хоҳам кард; 35 Ва шуморо ба биёбони қавмҳо хоҳам овард, ва дар он ҷо бар шумо рӯ ба рӯ доварӣ хоҳам кард; 36 Чунон ки бар падарони шумо дар биёбони замини Миср доварӣ кардаам, ончунон бар шумо доварӣ хоҳам кард, мегӯяд Худованд Худо. 37 Ва шуморо аз зери чӯбдаст хоҳам гузаронид, ва шуморо ба банди аҳд дохил хоҳам кард. 38 Ва онҳоеро, ки осӣ шуда, ба зидди Ман ҷиноят кардаанд, аз миёни шумо ҷудо хоҳам намуд; онҳоро аз замини иқоматгоҳашон берун хоҳам овард, вале ба замини Исроил ворид нахоҳанд шуд, ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам. 39 Валекин шумо, эй хонадони Исроил, — Худованд Худо чунин мегӯяд, — дар сурате ки ба Ман гӯш намедиҳед, пас ҳар кадоматон назди бутҳои худ рафта, онҳоро ибодат намоед, вале баъд аз ин исми муқаддаси Маро дигар бо ҳадияҳо ва бутҳои худ палид насозед, 40 Зеро ки бар кӯҳи муқаддаси Ман, бар кӯҳи баланди Исроил, — мегӯяд Худованд Худо, — тамоми хонадони Исроил, ҳамаи онҳое ки дар замин сокин бошанд, Маро дар он ҷо ибодат хоҳанд кард, ва Ман дар он ҷо ба онҳо таваҷҷӯҳ хоҳам намуд, ва дар он ҷо пешкашҳои шумо ва навбарҳои бахшишҳои шуморо бо ҳар чизе ки тақдис менамоед, хоҳам талабид. 41 Ҳангоме ки шуморо аз миёни кавмҳо берун оварам, ва шуморо аз кишварҳое ки дар онҳо пароканда шудаед, ҷамъ кунам, он гоҳ ба атри гуворои шумо таваҷҷӯҳ хоҳам намуд, ва ба воситаи шумо пеши назари халқҳо қудсият хоҳам ёфт. 42 Ва ҳангоме ки шуморо ба замини Исроил биёрам, ба замине ки дасти Худро боло бардошта будам, то онро ба падарони шумо бидиҳам, он гоҳ хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам. 43 Ва дар он ҷо шумо роҳҳои худ ва тамоми аъмоли худро, ки ба воситаи онҳо палид шудаед, ба ёд хоҳед овард, ва барои ҳамаи корҳои баде ки кардаед, аз худатон пеши назари худ нафрат хоҳед кард. Масал дар бораи ҷангали саҳрои ҷануб. 44 Ва ҳангоме ки Ман бо шумо, эй хонадони Исроил, на бар тибқи рафтори бадатон ва аъмоли фосиқонаатон, балки ба хотири исми Худ амал намоям, он гоҳ хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам, мегӯяд Худованд Худо“». 45 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт: 46 «Эй писари одам! Рӯи худро ба самти ҷануб бигардон, ва дар бораи ҷануб ваъз гӯй, ва дар бораи ҷангали саҳрои ҷануб нубувват намо, 47 Ва ба ҷангали ҷануб бигӯй: „каломи Худовандро бишнав! Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман ба ту оташ мезанам, ва он ҳар дарахти сабз ва ҳар дарахти хушки туро хоҳад сӯзонид, ва алангаи сӯзони он хомӯш нахоҳад шуд, ва ҳамаи рӯйҳо аз ҷануб то шимол аз он хоҳад сӯхт. 48 Ва тамоми башар хоҳанд дид, ки Ман, ки Худованд ҳастам, ба он оташ задаам, ва он хомӯш нахоҳад шуд“». 49 Ва ман гуфтам: «Ё Худоё Худовандо! Онҳо дар ҳаққи ман мегӯянд: „Оё ӯ бо масалҳо ҳарф мезанад?“» |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden