Ҳизқиёл 19 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ НУЗДАҲУМ Андӯҳ дар бораи сарварони Исроил. 1 Ва ту дар ҳаққи раисони Исроил навҳа намо, ва бигӯй: 2 «Модарат чӣ модашере буд! Дар миёни шерон мехобид, андаруни шерони ҷавон бачаҳояшро мепарварид. 3 Ва яке аз бачаҳояшро калон кард, ки вай шери ҷавон шуд, ва даридани нахҷирро ёд гирифт; одамонро мехӯрд. 4 Ва халқҳо овозаи варо шуниданд; вай дар чоҳи онҳо афтод; ва дар бинияш ҳалқа зада, варо ба замини Миср бурданд. 5 Ва модараш, ки дар интизор буд, чун дид, ки умедаш барбод рафт, як бачаи дигарашро гирифта, онро шери ҷавон гардонид. 6 Ва он андаруни шерон мегашт, шери ҷавоне шуд, ва даридани нахҷирро ёд гирифт; одамонро мехӯрд. 7 Ва қасрҳои онҳоро хароб, ва шаҳрҳошонро вайрон мекард; ва замин ва ҳар чи дар он буд, аз овози наъраи он валангор гардид. 8 Ва халқҳо аз кишварҳои гирду атроф ба вай ҳуҷум карданд, ва тӯри худро бар вай партофтанд: вай дар чоҳи онҳо дастгир шуд; 9 Ва дар бинияш ҳалқа зада, онро дар қафас ҷойгир карданд, ва онро назди подшоҳи Бобил бурданд; онро дар тӯр андохта бурданд, то ки овозаш дигар бар кӯҳҳои Исроил шунида нашавад. 10 Модарат, ту барин, мисли ток назди обҳо шинонида шуда буд, аз обҳои фаровон сермева ва сершоха буд; 11 Ва шохаҳои бақувват барои чӯбдастҳои султонон дошт, ва қадаш дар миёни навдаҳои пурбарг бағоят баланд шуд, бо баландии худ ва бо шохаҳои бисьёри худ ба назар намоён буд. 12 Вале бо ғазаб решакан карда бар замин андохта шуд, ва боди шарқӣ онро хушконид; шохаҳои бақуввати он шикаста, хушк шуд, ва оташ онҳоро сӯзонид. 13 Ва алҳол он дар биёбон, дар замини хушк ва ташна шинонида шудааст. 14 Ва аз танаи навдаҳояш оташ берун омада, меваи онро сӯзонид, ва як шохаи бақувват барои чӯбдасти султон боқӣ намондааст». Ин суруди навҳа аст, ва суруди навҳа хоҳад буд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden