Ҳизқиёл 18 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ҲАЖДАҲУМ Дастурҳои гуногун ба Исроиле ки ба асирӣ рафтааст. 1 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт: 2 «Чаро шумо ин масалро дар замини Исроил зада, мегӯед: „Падарон ғӯра хӯрдаанд, вале дандонҳои писарон кунд шудааст“? 3 Ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, минбаъд шуморо касе нахоҳад буд, ки ин масалро дар Исроил ба забон оварад. 4 Инак ҳамаи ҷонҳо аз они Ман аст; хоҳ ҷони падар ва хоҳ ҷони писар аз они Ман аст; ҷоне ки гуноҳ карда бошад, хоҳад мурд. 5 Ва касе агар одил бошад ва адлу инсофро ба амал оварад: 6 Бар кӯҳҳо нахӯрад, ва чашмонашро сӯи бутҳои хонадони Исроил баланд накунад, ва зани ёри худро палид насозад, ва ба зани ҳоиза наздикӣ нанамояд, 7 Ва ҳеҷ касро ба танг наоварад, ба қарздор гарави варо баргардонад, ғорат накунад, нони худро ба гуруснае бидиҳад ва бараҳнаро либосе бипӯшонад, 8 Пулашро ба фоида надиҳад ва суд нагирад, аз ноинсофӣ даст кашад, дар миёни одамон доварии ҳақиқиро ба ҷо оварад, 9 Бар тибқи фароизи Ман рафтор кунад ва дастурҳои Маро нигоҳ дошта, дар роҳи ростӣ амал намояд, чунин кас одил аст, ва ҳатман зинда хоҳад монд, мегӯяд Худованд Худо. 10 Аммо агар ӯ писари ҷафокор ва хунрезе ба дуньё оварда бошад, ки вай яке аз ин корҳои бадро бикунад, 11 Вале ҳамаи ин корҳои некро накунад, балки бар кӯҳҳо низ бихӯрад, ва зани ёри худро палид созад, 12 Мискин ва бенаворо фиреб диҳад, ғорат намояд, гаравро барнагардонад, ва чашмонашро сӯи бутҳо баланд кунад, корҳои зиштро ба ҷо оварад, 13 Пулашро ба фоида диҳад ва суд гирад, оё вай зинда хоҳад монд? Вай зинда нахоҳад монд! Модоме ки вай ҳамаи ин корҳои зиштро ба ҷо овардааст, албатта хоҳад мурд, хунаш бар гарданаш хоҳад буд. 14 Ва агар ӯ писаре ба дуньё оварда бошад, ки вай ҳамаи гуноҳҳоеро, ки падараш ба амал меоварад, дидааст, ва онҳоро дида, мисли онҳо амал накунад: 15 Бар кӯҳҳо наҳӯрад, ва чашмонашро сӯи бутҳои хонадони Исроил баланд накунад, зани ёрашро палид насозад, 16 Ва касеро фиреб надиҳад, гарав нагирад, ғорат накунад, нони худро ба гуруснае бидиҳад ва бараҳнаро либосе бипӯшонад, 17 Ба мискин дасти тааддӣ дароз накунад, фоида ва суд нагирад, дастурҳои Маро ба ҷо оварад ва бар тибқи фароизи Ман рафтор намояд, вай барои гуноҳи падараш нахоҳад мурд, балки ҳатман зинда хоҳад монд. 18 Падари вай, азбаски бо истисмор машғул буд, бародарашро ғорат менамуд, ва андаруни қавми худ корҳои бад мекард, инак ӯ ба гуноҳи худ хоҳад мурд. 19 Вале шумо мегӯед: „Чаро писар гуноҳи падарро намебардорад?“ Чунки писар адлу инсофро ба амал овардааст, тамоми фароизи Маро риоя намудааст, ва онҳоро ба ҷо меоварад, — вай ҳатман зинда хоҳад монд. 20 Ҷоне ки гуноҳ карда бошад, хоҳад мурд: писар бори гуноҳи падарро нахоҳад бардошт, ва падар бори гуноҳи писарро нахоҳад бардошт; адолати одил бар худаш хоҳад буд, ва шарорати шарир бар худаш хоҳад буд. 21 Ва агар шарир аз ҳамаи гуноҳҳое ки ба амал овардааст, тавба кунад, ва тамоми фароизи Маро риоя намояд ва адлу инсофро ба амал оварад, ҳатман зинда хоҳад монд, ӯ нахоҳад мурд. 22 Ҳамаи ҷиноятҳое ки ӯ ба амал овардааст, дар ҳаққи ӯ ба ёд оварда нахоҳад шуд; ӯ бо адолате ки ба амал овардааст, зинда хоҳад монд. 23 Оё Ман мавти шарирро хоҳонам? — мегӯяд Худованд Худо. — Балки онро хоҳонам, ки ӯ аз рафтори худ тавба карда, зинда монад. 24 Ва агар одиле аз адолати худ даст кашида, ноинсофӣ кунад, яъне мисли ҳамаи корҳои зиште ки шарир мекунад, амал намояд, оё ӯ зинда хоҳад монд? Тамоми аъмоли одилонае ки ӯ ба ҷо овардааст, ба ёд оварда нахоҳад шуд; ӯ дар хиёнати худ, ки ба амал овардааст, ва дар гуноҳи худ, ки кардааст, хоҳад мурд. 25 Вале шумо мегӯед: „Роҳи Худованд боинсоф нест!“ Лутфан, эй хонадони Исроил, бишнавед! Оё роҳи Ман боинсоф нест? Роҳҳои шумо, охир, боинсоф нест. 26 Агар одил аз адолати худ даст кашида, ноинсофӣ кунад, аз боиси он хоҳад мурд; ӯ аз боиси ноинсофие ки кардааст, хоҳад мурд. 27 Ва агар шарир аз шарорате ки ба амал овардааст, тавба кунад, ва адлу инсофро ба ҷо оварад, ӯ ҷони худро зинда нигоҳ хоҳад дошт. 28 Ӯ, ки назар андохта, аз ҳамаи ҷиноятҳои худ, ки ба амал оварда буд, тавба кардааст, ҳатман зинда хоҳад монд, ӯ нахоҳад мурд. 29 Вале хонадони Исроил мегӯянд: „Роҳи Худованд боинсоф нест!“ Оё роҳҳои Ман боинсоф нест, эй хонадони Исроил? Роҳҳои шумо, охир, боинсоф нест! 30 Бинобар ин Ман ҳар яке аз шуморо, эй хонадони Исроил, бар тибқи роҳҳояш доварӣ хоҳам намуд, мегӯяд Худованд Худо; тавба карда, аз ҳамаи ҷиноятҳои худ даст кашед, то ки ин барои шумо васвасаи гуноҳ нашавад. 31 Ҳамаи ҷиноятҳои худро, ки ба амал овардаед, аз худ дур андозед, ва дили тоза ва рӯҳи тозае барои худ ба вуҷуд оваред; ва чаро шумо, эй хонадони Исроил, бимиред? 32 Зеро ки Ман мавти шахси мирандаро хоҳон нестам, мегӯяд Худованд Худо; тавба кунед, ва зинда хоҳед монд!» |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden