Ҳизқиёл 17 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ҲАФДАҲУМ Масал дар бораи уқоби бузург. 1 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт: 2 «Эй писари одам! Муаммое бигӯй ва масале дар бораи хонадони Исроил бизан, 3 „Ва бигӯй: Худованд Худо чунин мегӯяд: уқоби бузург, ки болҳояш калон, дарозустухон ва пур аз парҳои рангин буд, ба Лубнон омад ва сари арзро гирифт. 4 Сари навдаҳои онро канда, ба замини тоҷирон овард, онро дар шаҳри савдогарон гузошт. 5 Ва аз тухми он замин гирифта, онро дар мазрааи бороваре кошт, назди обҳои фаровон ҷойгир кард, чунон ки дарахти бедро мешинонанд. 6 Ва он нумӯ ёфта, токи васеи пастқомате шуд, ки навдаҳояш сӯи вай моил буд, ва решаҳояш дар зери вай буд, ва он ба токе мубаддал гардида, шохаҳо расонид ва навдаҳо дод. 7 Ва уқоби бузурги дигаре буд, ки болҳои калон ва парҳои бисьёр дошт; ва инак, ин ток решаҳояшро бар вай печонид, ва навдаҳояшро аз ҷӯякҳое ки дар онҳо ҷойгир шуда буд, сӯи вай равона кард, то ки вай онро об диҳад. 8 Он дар мазрааи хубе, назди обҳои фаровон шинонида шуда буд, то ки шохаҳо расонида, мева диҳад ва токи боҳашамате гардад. 9 Бигӯй: Худованд Худо чунин мегӯяд: оё он муваффақият хоҳад ёфт? Вай, охир, решаҳои онро хоҳад барканд, ва меваи онро пора‐пора ва хушк хоҳад кард; ҳамаи баргҳои тару тозаи он хушк хоҳад шуд; ва он бе қуввати бузурге ва мардуми зиёде решакан карда хоҳад шуд. 10 Ва инак, агарчи он шинонида шуда бошад, оё муваффақият хоҳад ёфт? Охир, ҳамин ки боди шарқӣ ба он бирасад, он тамоман хушк хоҳад шуд, дар ҷӯякҳои нумӯи худ хоҳад хушкид“». Муроҷиат ба хонадони исьёнгар. 11 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт: 12 «Ба хонадони исьёнгар бигӯй: „оё намедонед, ки инҳо чӣ маънӣ дорад? Бигӯй: инак подшоҳи Бобил ба Ерусалим омад, ва подшоҳи он ва сарварони онро гирифт, ва онҳоро назди худ ба Бобил овард. 13 Ва аз насли подшоҳ гирифт, ва бо ӯ аҳд баст, ва ӯро қасам дод, ва зӯроварони заминро гирифта бурд, 14 То ки мамлакат сарпаст гардида, қомат баланд накунад, ва аҳди варо риоя намуда, дар он устувор бошад. 15 Валекин ӯ ба зидди вай исьён карда, қосидони худро ба Миср фиристод, то ки ба ӯ аспон ва мардуми зиёде бидиҳанд. Оё ӯ муваффақият хоҳад ёфт? Оё касе ки ин корҳоро кардааст, метавонад ҷон ба саломат барад? Ва оё касе ки аҳдро поймол намудааст, метавонад ҷон ба саломат барад? 16 Ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, ӯ дар макони ҳамон подшоҳе ки ӯро подшоҳ таъин кардааст, ва ӯ қасами варо хор дида, аҳди варо поймол намудааст, назди вай андаруни Бобил хоҳад мурд. 17 Ва фиръавн ӯро дар ҷанг бо қуввати бузурге ва мардуми зиёде дастгирӣ нахоҳад кард, вақте ки хокрез барпо намоянд ва истеҳкомот бисозанд, то ки ҷонҳои бисьёрро несту нобуд кунанд. 18 Ва ӯ қасамро хор дид, то ки аҳдро поймол намояд; ва инак, агарчи дасти байат дода буд, ҳамаи ин корҳоро кард, пас ҷон ба саломат нахоҳад бурд. 19 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: ба ҳаёти Худам қасам ки савганди Маро, ки ӯ хор дид, ва аҳди Маро, ки ӯ поймол намуд, Ман бар сари ӯ хоҳам овард. 20 Ва доми Худро бар ӯ хоҳам афканд, ва ӯ дар тӯри Ман хоҳад афтод; ва Ман ӯро ба Бобил хоҳам овард, ва дар он ҷо барои хиёнате ки дар ҳаққи Ман кард, бар ӯ доварӣ хоҳам намуд. 21 Ва ҳамаи гурезаҳои ӯ дар ҳамаи фавҷҳояш аз шамшер хоҳанд афтод, ва боқимондагон ба сӯи ҳар бод пароканда хоҳанд шуд; ва хоҳед донист, ки Ман, ки Худованд ҳастам, гуфтам“. 22 Худованд Худо чунин мегӯяд: „Ва Ман навдае аз сари арзи баланд гирифта, онро хоҳам шинонид: аз миёни шохаҳои сари он Ман навдаи тару тозае хоҳам барканд, ва онро бар кӯҳи баланди ростбаромадае хоҳам шинонид. 23 Бар кӯҳи сарбаланди Исроил онро хоҳам шинонид, ва он, шохаҳо расонида, мева хоҳад дод, ва арзи боҳашамате хоҳад шуд, ва ҳар навъ мурғон, ҳар гуна болдорон дар таги он сокин хоҳанд шуд, дар сояи навдаҳояш лона хоҳанд сохт. 24 Ва ҳамаи дарахтони саҳро хоҳанд донист, ки Ман, ки Худованд ҳастам, дарахти баландро паст мекунам, дарахти пастро баланд месозам, дарахти сабзро мехушконам, ва дарахти хушкро сабзу хуррам мегардонам. Ман, ки Худованд ҳастам, гуфтам ва ба амал хоҳам овард“». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden