Ҳизқиёл 15 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ПОНЗДАҲУМ Рӯъё дар бораи токе ки дар оташ андохта шуд. 1 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт: 2 «Эй писари одам! Дарахти ток аз ҳар дарахт чӣ бартарӣ дорад, ва навдаи он, ки дар миёни дарахтони ҷангал бошад? 3 Оё чӯбе аз он барои кардани коре гирифта мешавад? Оё мехе аз он мегиранд, то ки чизе бар он биовезанд? 4 Инак, онро барои сӯзонидан дар оташ меандозанд, ва оташ ду нӯгашро месӯзонад, ва миёнаи он нимсӯз мешавад; оё он барои коре боб аст? 5 Инак, вақте ки он том буд, барои коре боб набуд, алалхусус баъд аз он ки оташ онро сӯзонидааст, ва он нимсӯз шудааст, оё он барои коре боб аст? 6 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: чунон ки дарахти токро дар миёни дарахтони ҷангал Ман барои сӯзонидан ба оташ гирифтор кардаам, ончунон сокинони Ерусалимро гирифтор хоҳам кард. 7 Ва рӯи Худро ба зидди онҳо хоҳам нигаронид: онҳо аз як оташ берун омадаанд, вале оташи дигар онҳоро хоҳад сӯзонид. Ва чун рӯи Худро ба зидди онҳо нигаронам, хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам. 8 Ва ба сабаби хиёнате ки онҳо кардаанд, Ман ин заминро харобазор хоҳам сохт, мегӯяд Худованд Худо». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden