Ҳизқиёл 13 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СЕЗДАҲУМ Фош кардани анбиёи козиб. 1 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт: 2 «Эй писари одам! Дар бораи анбиёи Исроил, ки нубувват мекунанд, нубувват намо, ва ба онҳое ки ба дилхоҳи худ нубувват мекунанд, бигӯй: „Каломи Худовандро бишнавед!“» 3 Худованд Худо чунин мегӯяд: «Вой бар ҳоли анбиёи разиле ки рӯҳи худро пайравӣ менамоянд, бе он ки рӯъёе дида бишанд! 4 Анбиёи ту, эй Исроил, мисли рӯбоҳон дар харобазор мебошанд. 5 Шумо ба рахнаҳо набаромадед ва деворе барои хонадони Исроил барпо накардед, то ки онҳо дар рӯзи Худованд дар ҷанг истодагӣ намоянд. 6 Рӯъёи ботил мебинанд ва бардурӯғ фол кушода, мегӯянд: „Худо мегӯяд“, ва ҳол он ки онҳоро Худованд нафиристодааст; ва умедвор мешаванд, ки суханашон ба амал хоҳад омад. 7 Оё шумо рӯъёи ботил надидед, ва бардурӯғ фол кушода, нагуфтед: „Худованд мегӯяд“, ва ҳол он ки Ман чизе нагуфтаам?» 8 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд. «Азбаски шумо суханони ботил гуфтаед ва рӯъёи бардурӯғ дидаед, ба ин сабаб инак Ман ба шумо зид ҳастам, мегӯяд Худованд Худо. 9 Ва дасти Ман бар анбиёе ки рӯъёи ботил мебинанд ва бардурӯғ фол мекушоянд, тӯло хоҳад буд; онҳо дар шӯрои қавми Ман дохил нахоҳанд буд, ва дар дафтари хонадони Исроил навишта нахоҳанд шуд, ва ба замини Исроил нахоҳанд омад; ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам. 10 Азбаски онҳо қавми Маро дар иштибоҳ андохта, мегуфтанд: „Сулҳу осоиштагӣ“, ва ҳол он ки сулҳу осоиштагӣ набуд, ва ҳангоме ки ин қавм таворае месохтанд, онҳо онро бо лои нобоб андова мекарданд, 11 Пас ба онҳое ки бо лои нобоб андова мекунанд, бигӯй, ки он тавора хоҳад афтод; борони сел хоҳад борид, ва шумо, эй сангҳои жола, фурӯ хоҳед рехт, ва боди сахт онро хоҳад шикофт. 12 Ва инак, ҳангоме ки он девор фурӯ ғалтад, оё ба шумо нахоҳанд гуфт: „Куҷост он андовае ки андуда будед?“ 13 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: Ман дар ғазаби Худ боди сахтро ба шикофтан амр хоҳам кард, ва дар хашми Ман борони сел хоҳад борид, ва сангҳои жола низ дар ғазаби ҳалокатовар. 14 Ва Ман он деворро, ки шумо бо лои нобоб андова кардаед, хароб намуда, бар замин фурӯ хоҳам ғалтонид, ба тавре ки таҳкурсии он намоён гардад, ва ҳангоме ки он фурӯ ғалтад, шумо андаруни он ба ҳалокат хоҳед расид, ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам. 15 Ва Ман ғазаби Худро бар он девор ва бар онҳое ки онро бо лои нобоб андова кардаанд, ба итмом расонида, ба шумо хоҳам гуфт: ин девор нест шуд, ва онҳое ки онро андова карда буданд, несту нобуд гардиданд, 16 Яъне он анбиёи Исроил, ки дар бораи Ерусалим нубувват мекунанд ва барояш рӯъёи сулҳу осоиштагиро мебинанд, ва ҳол он ки сулҳу осоиштагӣ нест, мегӯяд Худованд Худо. 17 Ва ту, эй писари одам, рӯи худро ба тарафи духтарони қавми худ, ки ба дилхоҳи худ нубувват мекунанд, бигардон ва дар ҳаққи онҳо нубувват намо. 18 Ва бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: вой бар ҳоли онҳое ки бозубандҳои ҷоду барои ҳар бозуе медӯзанд, ва чодирҳо барои сари ҳар қомате месозанд, то ки ҷонҳоро сайд кунанд! Оё шумо ҷонҳои қавми Маро сайд мекунед, то ки ҷонҳои худро зинда нигоҳ доред? 19 Ва Маро пеши қавми Ман барои як мушт ҷав ва як бурда нон беҳурмат мекунед, ва ба қавми Ман, ки ба суханони дурӯғ гӯш медиҳанд, дурӯғ гуфта, ҷонҳоеро, ки набояд бимиранд, мемиронед, ва ҷонҳоеро, ки набояд зинда монанд, зинда мемононед. 20 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман ба бозубандҳои ҷодуи шумо зид ҳастам, ки ба воситаи онҳо ҷонҳоро мисли паррандагон сайд мекунед, ва Ман онҳоро аз болои бозуҳотон хоҳам канд, ва ҷонҳоеро, ки шумо сайд мекунед, раҳоӣ хоҳам дод, то ки он ҷонҳо парида раванд. 21 Ва чодирҳои шуморо хоҳам дарронид, ва қавми Худро аз дасти шумо раҳо хоҳам кард, ва онҳо дар дастатон дигар мавриди сайд нахоҳанд буд, ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам. 22 Азбаски шумо дили марди одилро ба воситаи дурӯғи худ ғамгин мекунед, — ва ҳол он ки Ман намехостам ғамгин намоям, — ва дастҳои марди шарирро тақвият медиҳед, бе он ки вай аз рафтори бади худ тавба карда, зинда монад, 23 Бинобар ин дигар рӯъёҳои ботил нахоҳед дид ва фол нахоҳед кушод, ва Ман қавми Худро аз дасти шумо раҳо хоҳам кард, ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам“». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden