Ҳизқиёл 10 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДАҲУМ Рӯъёи чархҳои иборат аз сангҳои ёқути кабуд бо каррубиён. 1 Ва ман дидам, ва инак бар фалаке ки болои сари каррубиён буд, чизе мисли санги ёқути кабуд, мисли намуди сурати тахт бар онҳо намудор шуд. 2 Ва Худо ба марде ки либоси катон дар тан дошт, муроҷиат намуда, гуфт: «Дар миёни чархҳои зери каррубиён дохил шав ва муштҳоятро аз ахгарҳои оташе ки дар миёни каррубиён аст, пур карда, бар шаҳр парто». Ва ӯ дар пеши назари ман дохил шуд. 3 Ва ҳангоме ки он мард дохил шуд, каррубиён ба тарафи рости маъбад истода буданд, ва абр саҳни дохилиро пур кард. 4 Ва ҷалоли Худованд аз болои каррубӣ ба остонаи маъбад баромад, ва абр хонаро пур кард, ва саҳн аз дурахши ҷалоли Худованд пур шуд. 5 Ва садои болҳои каррубиён то саҳни берунӣ шунида шуд, ба монанди овози Худои Қодир, вақте ки Ӯ сухан меронад. 6 Ва ҳангоме ки Ӯ ба марди катонпӯш амр фармуда гуфт: «Оташро аз миёни чархҳо, аз миёни каррубиён бигир», он мард дохил шуда, назди чарх истод, 7 Ва каррубие дасти худро аз миёни каррубиён ба оташе ки дар миёни каррубиён буд, дароз кард, ва онро бардошта, ба ҳавучҳои марди катонпӯш дод, ва ӯ онро гирифта, берун рафт. Тасвири намуди каррубиён. 8 Ва дидам, ки дар зери болҳои каррубиён тарҳи дасти одам намудор шуд. 9 Ва ман дидам, ва инак чор чарх назди каррубиён, яъне як чарх назди як каррубӣ, ва чархи дигар назди каррубии дигар намудор шуд, ва намуди чархҳо мисли санги забарҷад буд. 10 Ва намудашон тавре буд, ки ҳар чорашон як сурат доштанд, гӯё ки чархе тақотӯи чарх бошад. 11 Онҳо чун роҳ мерафтанд, ба чор самти худ мерафтанд, дар вақти рафтанашон рӯй намегардониданд, зеро ба самте ки сар сӯи он менигарист, мерафтанд, ва дар вақти рафтанашон рӯй намегардониданд. 12 Ва тамоми ҷисмашон, ва пуштҳошон, ва дастҳошон, ва болҳошон, ва чархҳо, — чархҳои ҳар чорашон, — гирдогирд пур аз чашмон буд. 13 Ин чархҳо, чунон ки ба гӯши ман расид, ғилдирак номида шуданд. 14 Ва ҳар якеро чор рӯй буд: як рӯяш — рӯи каррубӣ, ва рӯи дуюмаш — рӯи одам, ва сеюмаш — рӯи шер, ва чорумаш — рӯи уқоб. 15 Ва каррубиён сууд карданд. Ин ҳамон ҳайвоне буд, ки назди наҳри Кабар дида будам. 16 Ва ҳангоме ки каррубиён роҳ мерафтанд, чархҳо низ назди онҳо роҳ мерафтанд; ва ҳангоме ки каррубиён болҳои худро бармеафроштанд, то аз болои замин сууд намоянд, чархҳо низ аз назди онҳо рӯй намегардониданд: 17 Ҳангоми истоданашон меистоданд, ва ҳангоми сууд карданашон бо онҳо сууд мекарданд, зеро ки рӯҳи ҳайвон дар онҳо буд. 18 Ва ҷалоли Худованд аз болои остонаи маъбад берун омад, ва бар каррубиён истод, 19 Ва каррубиён болҳои худро барафроштанд, ва дар пеши назари ман аз замин сууд карда, берун рафтанд, ва чархҳо назди онҳо буданд; ва дар даҳани дарвозаи шарқии хонаи Худованд истоданд, ва ҷалоли Худои Исроил аз боло бар онҳо буд. 20 Ин ҳамои ҳайвоне буд, ки зери пои Худои Исроил назди наҳри Кабар дида будам, ва ман донистам, ки инҳо каррубиёнанд. 21 Ҳар якеро чор рӯй буд, ва ҳар яке чор бол дошт; ва сурати дастҳои одам зери болҳошон буд. 22 Ва сурати рӯйҳошон ҳамон рӯйҳое буд, ки назди наҳри Кабар дида будам; намуди онҳо айни ҳамон буд; ҳар кадомашон ба самти рӯи худ мерафтанд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden