Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ҳастӣ 37 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ СИЮ ҲАФТУМ Яъқуб ва хонаводаи ӯ.

1 Ва Яъқуб дар замини мусофирати падари худ, дар замини Канъон маскан гирифт.

2 Ин аст насаби Яъқуб. Юсуф, дар синни ҳафдаҳсолагӣ, бо бародарони худ чорво мечаронид, ва ин навҷавон бо писарони Билҳо ва бо писарони Зилфо, занони падараш, буд. Ва Юсуф рафтори бади онҳоро ба падарашон хабар медод.

3 Ва Исроил Юсуфро аз ҳамаи писарони худ зиёдтар дӯст медошт, чунки ӯ писари пиронсолагиаш буд; ва барои ӯ куртаи рангин кард.

4 Ва чун бародаронаш диданд, ки падарашон ӯро аз ҳамаи бародаронаш зиёдтар дӯст медорад, аз ӯ нафрат карданд, ва бо ӯ осуда сухан гуфта наметавонистанд.

5 Ва Юсуф хобе дида, онро ба бародарони худ нақл кард; ва онҳо боз зиёдтар аз ӯ нафрат карданд.

6 Ба онҳо гуфт: «Хоберо, ки дидаам, бишнавед:

7 Инак, мо дар киштзор бандҳо мебастем; ва инак, банди ман бархост ва рост истод; ва инак, бандҳои шумо гирд омада, ба банди ман саҷда карданд».


Бародарон аз Юсуф нафрат доранд ва ӯро ба ғуломӣ фурӯхтанд.

8 Бародаронаш ба ӯ гуфтанд: «Наход ки бар мо подшоҳӣ мекарда бошӣ? Наход ки бар мо ҳукмфармо мешуда бошӣ?» Ва барои хобҳо ва суханонаш боз ҳам зиёдтар аз ӯ нафрат карданд.

9 Ва ӯ боз хоби дигаре дид, ва онро ба бародарони худ нақл карда, гуфт: «Инак, боз хобе дидам, ва инак, офтоб ва моҳ ва ёздаҳ ситорагон ба ман саҷда карданд».

10 Ва ӯ ба падар ва бародарони худ нақл кард; ва падараш ӯро мазаммат намуда, гуфт: «Ин чӣ хобест, ки дидаӣ? Наход ки ман, ва модарат, ва бародаронат омада, ба ту то замин саҷда мекарда бошем?»

11 Бародаронаш ба ӯ ҳасад бурданд; ва падараш инро дар хотир нигоҳ дошт.

12 Бародаронаш барои чаронидани чорвои падарашон ба Шакем рафтанд.

13 Ва Исроил ба Юсуф гуфт: «Магар бародаронат дар Шакем намечаронанд? Биё, то ки туро назди онҳо бифиристам». Ба ӯ гуфт: «Лаббай!»

14 Ва ба ӯ гуфт: «Бирав ва саломатии бародаронат ва саломатии чорворо бубин, ва ба ман хабар биёр». Ӯро аз водии Ҳебрӯн фиристод, ва ӯ ба Шакем омад.

15 Ва шахсе ӯро дид, ки дар саҳро овора шуда гаштааст; ва он шахс аз ӯ пурсида, гуфт: «Чӣ меҷӯӣ?»

16 Гуфт: «Ман бародарони худро меҷӯям; хоҳишмандам, ба ман бигӯй, ки онҳо дар куҷо мечаронанд?»

17 Ва он шахс гуфт: «Аз ин ҷо баромада рафтанд; зеро шунидам, ки мегуфтанд: „Ба Дӯтон меравем“». Ва Юсуф аз ақиби бародарони худ рафта, онҳоро дар Дӯтон ёфт.

18 Вале онҳо ӯро аз дур диданд, ва пеш аз он ки ба онҳо наздик ояд, қасд карданд, ки ӯро бикушанд.

19 Ва ба яқдигар гуфтанд: «Инак, соҳиби хобҳо ба ин ҷо меояд;

20 Акнун биёед, ӯро бикушем ва ба яке аз ин чоҳҳо биафканем, ва гӯем, ки ҳайвони даррандае ӯро хӯрдааст; ва бубинем, ки хобҳояш чӣ мешавад».

21 Вале Реубен инро шунида, ӯро аз дасти онҳо раҳо кард, ва гуфт: «Ӯро накушем!»

22 Ва Реубен ба онҳо гуфт: «Хун нарезед; ӯро ба ин чоҳе ки дар биёбон аст, биафканед, ва дасти тааддӣ бар ӯ дароз накунед». Мехост, ки ӯро аз дасти онҳо раҳонида, назди падари худ гардонда фиристонад.

23 Вақте ки Юсуф назди бародарони худ расид, куртаи Юсуфро, он куртаи рангинро, ки дар бар дошт, кашиданд,

24 Ва ӯро гирифта, дар чоҳ афканданд; вале чоҳ холӣ буд: об надошт.

25 Ва барои нон хӯрдан нишастанд, ва чашм андохта, диданд, ки инак, корвони исмоилиён аз Ҷилъод меояд, ва шутурони онҳо атриёт, баласон ва лодан мекашонанд; мераванд, то ки онро ба Миср бибаранд.

26 Ва Яҳудо ба бародарони худ гуфт: «Чӣ суд аст аз он ки бародари худро бикушем ва хунашро махфӣ дорем?

27 Биёед, ӯро ба исмоилиён бифрӯшем, ва дасти мо бар ӯ набошад; зеро ки ӯ бародар ва гӯшти мост». Бародаронаш гапи ӯро гӯш карданд.

28 Ва ҳангоме ки тоҷирони мидьёнӣ аз пеши онҳо мегузаштанд, Юсуфро аз чоҳ кашида бароварданд, ва Юсуфро ба исмоилиён ба бист сиккаи нуқра фурӯхтанд; ва Юсуфро ба Миср бурданд.

29 Ва Реубен ба сари чоҳ баргашт; ва инак, Юсуф дар чоҳ нест. Ва ҷомаи худро чок зад,

30 Ва назди бародарони худ баргашт, ва гуфт: «Бача нест, ва ман куҷо биравам?»

31 Ва куртаи Юсуфро гирифтанд, ва нарбузеро кушта, куртаро ба хун олуда карданд;

32 Ва куртаи рангинро фиристоданд, ва ба падари худ расонида, гуфтанд: «Инро ёфтем; бишнос, ки оё куртаи писари туст ё не».

33 Ва онро шинохта, гуфт: «Куртаи писари ман аст! Ҳайвони даррандае ӯро хӯрдааст! Яқинан Юсуф дарида шудааст!»

34 Ва Яъқуб либоси худро чок зада, палос дар бар кард, ва рӯзҳои бисьёр барои писари худ мотам гирифт.

35 Ва ҳамаи писаронаш ва духтаронаш ҷамъ омаданд, то ки ӯро тасаллӣ диханд; вале ӯ тасаллиро қабул намекард, ва мегуфт: «Бо мотам назди писари худ ба гӯр меравам». Ва падараш барои ӯ мегирист.

36 Ва мидьёниён Юсуфро дар Миср ба Фӯтифар, ки дарбории фиръавн, сардори посбонон буд, фурӯхтанд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan