Ҳастӣ 20 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ БИСТУМ Иброҳим дар Чарор сустӣ зоҳир менамояд. 1 Ва Иброҳим аз он ҷо сӯи замини ҷанубӣ кӯч кард, ва дар миёни Қодеш ва Шур маскан гирифт, ва дар Ҷарор манзил кард. 2 Ва Иброҳим дар ҳаққи зани худ Соро гуфт: «Ӯ хоҳари ман аст». Ва Абималик подшоҳи Ҷарор одам фиристода, Сороро гирифт. 3 Ва Худо пеши Абималик дар хоби шаб омада, ба ӯ гуфт: «Инак, ту мемирӣ аз боиси ин зан, ки гирифтаӣ; зеро ки вай зани шавҳардор аст». 4 Ва Абималик ҳанӯз ба вай наздикӣ накарда буд, ва гуфт: «Худоё! Наход ки халқи одилро низ бикушӣ? 5 Магар ӯ ба ман нагуфт: „Вай хоҳари ман аст“? Худи вай ҳам гуфт: „Ӯ бародари ман аст“. Ба соддадилӣ ва покдастии худ ин корро кардам». 6 Ва Худо ба ӯ дар хоб гуфт: «Ман низ медонистам, ки ба соддадилии худ ин корро кардӣ, ва Ман низ туро нигоҳ доштам, то ки пеши Ман гуноҳкор нашавӣ; аз ин сабаб нагузоштам, ки ба вай даст бирасонӣ. 7 Ва акнун занро ба шавҳараш баргардон: зеро ки ӯ пайғамбар аст, ва барои ту дуо хоҳад гуфт, ва ту зинда хоҳӣ монд; вале агар барнагардонӣ, бидон, ки ту ва ҳар кӣ аз они туст, ҳатман хоҳед мурд». 8 Ва Абималик бомдодон бархоста, тамоми ғуломони худро хонд, ва ҳамаи ин суханонро ба самъашон расонд; ва ин одамон хеле ҳаросон шуданд. 9 Ва Абималик Иброҳимро хонда, ба ӯ гуфт: «Чӣ кор аст, ки ба мо кардӣ? Ба ту чӣ гуноҳ кардам, ки бар ман ва бар мамлакати ман гуноҳи азиме овардӣ? Корҳои накарданӣ ба ман кардӣ». 10 Ва Абималик ба Иброҳим гуфт: «Чиро дар назар доштӣ, ки ин корро кардӣ?» 11 Ва Иброҳим гуфт: «Гумон кардам, ки худотарсӣ дар ин макон нест, ва аз боиси занам маро хоҳанд кушт. 12 Ва дар ҳақиқат низ вай хоҳари ман аст: духтари падарам, аммо на духтари модарам; ва зани ман шуд. 13 Ва инак, ҳангоме ки Худо маро аз хонаи падарам ба роҳи мусофират андохт, ба вай гуфтам: эҳсоне ки ба ман бояд бикунӣ, ин аст, ки ҳар ҷо биравем, дар ҳаққи ман бигӯӣ: „Ӯ бародари ман аст“». 14 Ва Абималик гӯсфандон, ва говон, ва ғуломон, ва канизон гирифта, ба Иброҳим бахшид, ва занаш Сороро ба ӯ баргардонд. 15 Ва Абималик гуфт: «Инак, замини ман пеши туст; ҳар ҷо, ки писанди назарат афтад, сокин шав». 16 Ва ба Соро гуфт: «Инак, ҳазор сиккаи нуқра ба бародарат додам; инак, ин барои ту чашмбанд аст пеши ҳамаи касоне ки бо ту ҳастанд, ва пеши ҳама бегуноҳият исбот шуд». 17 Ва Иброҳим пеши Худо дуо гуфт, ва Худо Абималик, ва зани ӯ, ва канизони ӯро шифо бахшид, ва онҳо зоён шуданд. 18 Зеро ки Худованд батни тамоми аҳли байти Абималикро аз боиси Соро, зани Иброҳим, сахт баста буд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden