Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ҳастӣ 18 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ҲАЖДАҲУМ Иброҳим — дӯсти Худо.

1 Ва Худованд дар булутзори Мамре бар ӯ зоҳир гардид, вақте ки ӯ дар гармои рӯз ба дари хайма нишаста буд.

2 Ва чашм андохта, дид, ки инак, се мард дар рӯ ба рӯяш истодаанд. Чун онҳоро дид, аз дари хайма ба пешвози онҳо шитофт, ва то замин саҷда кард.

3 Ва гуфт: «Эй оғои ман! Агар дар назари Ту илтифот ёфта бошам, аз пеши бандаи Худ нагузар.

4 Андак об биёваранд, то ки пойҳои худро шуста, зери дарахт фароғат кунед.

5 Ва луқмаи ноне биёварам, то ки дилҳои худро кувват диҳед; ва пас аз он равона шавед; зеро ки барои ҳамин шумо пеши бандаи худ гузар кардаед». Гуфтанд: «Он чи гуфтӣ, бикун».

6 Ва Иброҳим ба хайма назди Соро шитофт ва гуфт: «Ба зудӣ се қафиз аз орди маҳин гирифта, хамир кун ва кулча паз».

7 Ва Иброҳим сӯи рама давид, ва гӯсолаи навдаму хуберо гирифта, ба ҷавоне дод, то ки зуд онро тайёр кунад.

8 Пас маска ва шир ва гӯсолаи тайёршударо гирифта, пеши онҳо гузошт; ва худаш дар паҳлуи онҳо зери дарахт истод, то хӯрданд.

9 Ва ба ӯ гуфтанд: «Зани ту, Соро куҷост?» Гуфт: «Инак, дар хайма аст».

10 Ва гуфт: «Соли оянда дар ҳамин вақт ҳатман назди ту хоҳам баргашт, ва занат Сороро писаре хоҳад шуд». Ва Соро ба дари хайма, ки дар ақиби ӯ буд, шунид.

11 Ва Иброҳим ва Соро пир ва солхӯрда буданд; ва одати занон аз Соро қатъ шуда буд.

12 Ва Соро дарунакӣ хандида, гуфт: «Оё баъд аз фарсудагиам маро ҳузуру ҳаловате хоҳад буд? Ва оғоям низ пир шудааст».

13 Ва Худованд ба Иброҳим гуфт: «Барои чӣ Соро хандида, гуфт: „Наход ки ҳақиқатан зоида тавонам, дар сурате ки ман пир шудаам?“

14 Магар барои Худованд чизи мушкиле ҳаст? Дар сари ваъда, соли оянда дар ҳамин вақт назди ту хоҳам баргашт, ва Сороро писаре хоҳад шуд».

15 Аммо Соро мункир шуда, гуфт: «Нахандидаам». Чунки тарсид. Вале Ӯ гуфт: «Не, хандидӣ».

16 Ва он мардон аз он ҷо бархоста, сӯи Садӯм назар дӯхтанд, ва Иброҳим ҳамроҳашон равона шуд, то ки онҳоро гусел кунад.

17 Ва Худованд гуфт: «Оё он чи Ман карданиам, аз Иброҳим пӯшида дорам?

18 Ва аз Иброҳим ҳатман халқи бузург ва зӯроваре ба вуҷуд хоҳад омад, ва ҳамаи халқҳои рӯи замин дар ӯ баракат хоҳанд хост.

19 Зеро ӯро барои он шинохтаам, ки фарзандони худро, ва аҳли байти худро баъд аз худ амр хоҳад фармуд, ки роҳи Худовандро риоя карда, адлу инсофро ба амал оваранд, то ки Худованд он чи дар ҳаққи Иброҳим гуфтааст, ба вай бирасонад».

20 Ва Худованд гуфт: «Фиғон аз дасти Садӯм ва Амӯро бисьёр шудааст, ва гуноҳашон бағоят гарон шудааст.

21 Фурӯд омадам, то бубинам, ки оё онҳо комилан мувофиқи фиғоне ки ба Ман мерасад, рафтор кардаанд, ё не; хоҳам донист».

22 Ва мардон аз он ҷо сӯи Садӯм рӯй ниҳода рафтанд; вале Иброҳим ҳанӯз пеши Худованд истода буд.


Иброҳим шафоат менамояд.

23 Ва Иброҳим наздик омада, гуфт: «Наход ки одилро бо шарир маҳв созӣ?

24 Шояд, дар ин шаҳр панҷоҳ одил бошанд? Наход ки онҳоро маҳв созӣ, ва он маконро ба хотири панҷоҳ одиле ки дар он бошанд, амон надиҳӣ?

25 Калло ва ҳошо ба Ту, ки коре мисли ин бикунӣ, ки одилро бо шарир бикушӣ, ва одилу шарир баробар бошанд; калло ва ҳошо ба Ту! Оё Довари тамоми замин аз рӯи адл амал нахоҳад кард?»

26 Ва Худованд гуфт: «Агар дар шаҳри Садӯм панҷоҳ одил ёбам, тамоми он маконро ба хотири онҳо амон медиҳам».

27 Ва Иброҳим ба ҷавоб гуфт: «Инак ман, ки хок ва хокистар ҳастам, ҷуръат намудам ба Худованд сухане бигӯям:

28 Шояд, аз он панҷоҳ одил панҷ нафар кам бошад, наход ки тамоми шаҳрро аз боиси панҷ нафар маҳв созӣ?» Гуфт: «Агар дар он ҷо чилу панҷ нафар ёбам, маҳв накунам».

29 Ва боз илова намуда, ба Ӯ гуфт: «Шояд, дар он ҷо чил нафар ёфт шаванд?» Гуфт: «Ба хотири чил нафар ҳам ин корро накунам».

30 Ва гуфт: «Худованд дарғазаб нашавад, ки ман сухане хоҳам гуфт: шояд, дар он ҷо сӣ нафар ёфт шаванд?» Гуфт: «Агар дар он ҷо сӣ нафар ёбам, ин корро накунам».

31 Ва гуфт: «Инак, ман ҷуръат намудам ба Худованд сухане бигӯям: шояд, дар он ҷо бист нафар ёфт шаванд?» Гуфт: «Ба хотири бист нафар маҳв накунам».

32 Ва гуфт: «Худованд дарғазаб нашавад, ки ман фақат як бори дигар сухане хоҳам гуфт: шояд, дар он ҷо даҳ нафар ёфт шаванд?» Гуфт: «Ба хотири даҳ нафар маҳв накунам».

33 Ва Худованд, чун гуфтугӯро бо Иброҳим тамом кард, бирафт; ва Иброҳим ба макони худ баргашт.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan