Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ҳастӣ 15 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ПОНЗДАҲУМ Иҷрои аҳд: ваъда кардани насли рӯҳонӣ.

1 Баъд аз ин ҳодисаҳо каломи Худованд дар рӯъё ба Абром расида, гуфт: «Натарс, эй Абром; Ман сипари ту ҳастам; музди ту бағоят бузург аст».

2 Ва Абром гуфт: «Худоё Худовандо! Ба ман чӣ медиҳӣ? Ва ман бефарзанд меравам; ва Алиазари димишқӣ хонаи маро идора мекунад».

3 Ва Абром гуфт: «Инак, ба ман насл надодӣ, ва инак, хоназодам вориси ман аст».

4 Ва дарҳол каломи Худованд ба ӯ даррасида, гуфт: «Ин вориси ту нахоҳад буд, балки он ки аз камари ту барояд, вориси ту хоҳад буд».

5 Ва ӯро берун оварда, гуфт: «Ба осмон назар кун, ва ситорагонро бишумур, агар онҳоро шумурда тавонӣ». Ва ба ӯ гуфт: «Насли ту ҳамин қадар хоҳад шуд».

6 Ва ба Худованд имон овард, ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд.

7 Ва ба ӯ гуфт: «Манам Худованд, ки туро аз Ури калдониён берун овардам, то ки ин заминро ба ирсият ба ту бидиҳам».

8 Ва гуфт: «Худоё Худовандо! Аз чӣ бидонам, ки вориси он хоҳам буд?»

9 Ва ба ӯ гуфт: «Ғуноҷини сесола, модабузи сесола, қӯчқори сесола, қумрӣ ва кабӯтарбачае барои Ман бигир».

10 Ӯ ин ҳамаро гирифт, ва онҳоро дупора кард, ва ҳар пораро рӯ ба рӯи ҷуфташ гузошт; фақат мурғонро пора накард.

11 Ва лошахӯрон бар лошаҳо фурӯд омаданд; лекин Абром онҳоро ронд.

12 Ва ҳангоми ғуруби офтоб Абромро хоби гарон зер кард; ва инак, даҳшат ва зулмоти азиме ӯро фаро гирифт.

13 Ва ба Абром гуфт: «Яқин бидон, ки насли ту дар замине ки аз они онҳо набошад, ғариб хоҳанд буд, ва онҳоро банда хоҳанд кард, ва бар онҳо чорсад сол зулм хоҳанд кард.

14 Ва бар халқе ки онҳо бандагонаш хоҳанд буд, Ман доварӣ хоҳам кард; ва баъд аз он бо дороии зиёд берун хоҳанд омад.

15 Ва ту назди падарони худ ба саломатӣ хоҳӣ рафт ва дар пирии некӯ мадфун хоҳӣ шуд.

16 Ва дар насли чорум ба ин ҷо хоҳанд баргашт, зеро ки гуноҳи амӯриён ҳанӯз пур нашудааст».

17 Ва чун офтоб ғуруб карда, торикӣ фаро расид, танӯри пурдуд ва оташи алангадор аз миёни он пораҳо гузар кард.

18 Дар он рӯз Худованд бо Абром аҳд баста, гуфт: «Ин заминро аз наҳри Миср то наҳри бузург, яъне наҳри Фурот, ба насли ту медиҳам:

19 Қениёнро, қеназзиёнро, қадмӯниёнро,

20 Ҳиттиёнро, фариззиёнро, рафоиёнро,

21 Амӯриёнро, канъониёнро, ҷирҷошиёнро ва ябусиёнро».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan