Ҳабаққуқ 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУЮМ Худованд ба Хабаққуқ дар рӯъё ҷавоб мегардонад. 1 Дар дидбонгоҳи худ бармехезам, ва дар бурҷ рост меистам, ва интизорӣ мекашам, то бубинам, ки Ӯ ба ман чӣ хоҳад гуфт, ва ман дар бораи шикояти худ чӣ ҷавоб хоҳам дод. 2 Ва Худованд ба ман ҷавоб гардонда, гуфт: «Рӯъёро бинавис ва бар лавҳҳо ҳак намо, то ки хонанда онро бо тезӣ бихонад. 3 Зеро ки рӯъё барои мӯҳлати муайян аст, ва аз фарҷом шаҳодат медиҳад, ва дурӯғ намегӯяд; агар даранг кунад, онро мунтазир шав, зеро ки ҳатман ба амал хоҳад омад, таъхир нахоҳад кард. 4 Инак, каҷдил мағрур шудааст, валекин одил бо имони худ хоҳад зист. 5 Дуруст аст, ки майзада ғаддор аст, ва ин марди мағрур оромӣ надорад; ҳирсашро мисли дӯзах калон мекунад, ва мисли марг сериро намедонад, ва ҳамаи халқҳоро пеши худ ҷамъ мекунад, ва ҳамаи қавмҳоро пеши худ фароҳам меоварад». 6 Ҳамаи инҳо, охир, дар ҳаққи вай масале хоҳанд зад, ва муаммои истеҳзоомезе ба забон ронда, хоҳанд гуфт: «Вой ба ҳоли касе ки он чиро, ки аз они худаш нест, афзун мекунад, — то ба кай? — ва худро зери бори гаравҳо мегузорад!» 7 Даъвогарони ту, охир, баногоҳ қиём хоҳанд кард, ва ташвишдиҳандагони ту бедор хоҳанд шуд, ва ту ба тороҷи онҳо дучор хоҳӣ омад. 8 Азбаски ту халқҳои зиёдро ғорат кардӣ, тамоми бақияи қавмҳо туро ғорат хоҳанд кард, аз барои хуни одамон, ки рехтӣ, ва ситаме ки дар ҳаққи замин, ва шаҳр ва ҳамаи сокинони он ба амал овардӣ. 9 Вой ба ҳоли касе ки барои хонаи худ бо роҳи бадӣ дороӣ меандӯзад, то ки лонаи худро дар баландӣ барпо намуда, худро аз дасти шарорат раҳо кунад! 10 Расвоиро барои хонаи худ салоҳ дидӣ, вақте ки қавмҳои зиёдро несту нобуд кардӣ, — ва ҷони худро дар роҳи гуноҳ андохтӣ. 11 Зеро ки санг аз девор фарьёд мезанад, ва ғӯлаи чӯб ба он ҷавоб мегардонад. 12 Вой ба ҳоли касе ки шаҳрро бо хун бино мекунад, ва қасабаро бо беинсофӣ буньёд менамояд! 13 Ин, охир, аз ҷониби Худованди лашкарҳост! Ва қавмҳо аз барои оташ меҳнат мекунанд, ва қабилаҳо бар абас хаста мешаванд. 14 Зеро ки замин аз шинохтани ҷалоли Худованд пур хоҳад шуд, чунон ки об баҳрро пур мекунад. 15 Вой ба ҳоли касе ки ёрони худро шароб менӯшонад, ва ту заҳри худро ба он илова намуда, онҳоро маст мегардонӣ, то ки аврати онҳоро бубинӣ! 16 Ту ба ҷои ҷалол аз нанг сер шудаӣ, пас ту низ нӯшида, заҳролуд шав: косаи ямини Худованд бар ту фурӯд хоҳад омад, ва расвоӣ — бар ҷалоли ту. 17 Зеро ситаме ки дар ҳаққи Лубнон кардӣ, ба сари худат хоҳад омад, ва ҳалокате ки бар чорпоён овардӣ, боиси шикасти ту хоҳад шуд, аз барои хуни одамон, ки рехтӣ, ва ситаме ки дар ҳаққи замин, ва шаҳр ва ҳамаи сокинони он ба амал овардӣ. 18 Чӣ фоида аст аз санаме ки санамсозаш онро ба вуҷуд овардааст, дар сурате ки он фақат бут ва муаллими козиб аст, агарчи сонеи ин маснӯъ ба он таваккал карда, бутҳои гунг сохтааст? 19 Вой ба ҳоли касе ки ба чӯб бигӯяд: «Бедор шав!» ва ба санги безабон: «Бархез!» Оё он метавонад таълим диҳад? Инак, он бо тилло ва нуқра пӯшида шудааст, вале рӯҳе андарунаш нест. 20 Валекин Худованд дар қасри қудси Худ сокин аст, — бигзор ба ҳузури Ӯ тамоми замин хомӯш бошад! |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden