Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ҳабаққуқ 1 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЯКУМ Дуои Ҳабаққуқ, мусибатҳои Исроил дар замони парокандагӣ.

1 Ваҳйе ки Ҳабаққуқи набӣ дидааст.

2 То ба кай, эй Худованд, истиғоса намоям, — ва Ту иҷобат намекунӣ, сӯи Ту дар бораи ситам фарьёд занам, — ва Ту наҷот намедиҳӣ?

3 Чаро ҷафоро ба ман нишон медиҳӣ, ва ба хабосат назар меандозӣ, дар сурате ки тороҷ ва ситам дар рӯ ба рӯи ман аст, ва ҷангу ҷидол ба миён меояд ва ситезакорӣ сар мебардорад?

4 Аз ин сабаб шариат беэътибор мешавад, ва инсоф ҳаргиз ба амал намебарояд, зеро ки шарир одилро мулзам мекунад, бинобар ин инсоф ба роҳи каҷ меравад.


Овози Худованд ба қавме ки дар парокандагӣ мебошанд.

5 «Дар миёни халқҳо назар андозед ва бубинед, ва хело мутаҳайир хоҳед шуд, зеро дар айёми шумо Ман амале ба ҷо меоварам, ки агар ба шумо онро ҳикоят мекарданд, боваратон намеомад.

6 Зеро инак, Ман калдониёнро, ки халқи сангдил ва тундмизоҷанд, бармехезонам, ки онҳо дар фарохиҳои замин мегарданд, то масканҳоеро, ки аз они худашон нест, забт намоянд.

7 Онҳо мудҳиш ва саҳмгин мебошанд: ҳукм ва шавкати онҳо аз худашон ба вуҷуд меояд.

8 Ва аспони онҳо аз палангон чобуктар, ва аз гургони шаб далертаранд, ва саворони онҳо сершуморанд, ва саворони онҳо аз дурдаст меоянд, мисли уқобе ки сӯи шикори худ мешитобад, парида меоянд.

9 Саросар барои ситам меоянд, дар ҳолате ки рӯяшон ба пеш нигаронида шудааст, ва асиронро мисли рег ҷамъ мекунанд.

10 Ва онҳо подшоҳонро масхара медоранд, ва сарварон барои онҳо асбоби бозӣ мебошанд; онҳо бар ҳар қалъа механданд, ва хоктӯдае барпо карда, онро забт менамоянд.

11 Он гоҳ мисли боде вазида ба макони дигар мегузаранд ва гуноҳкор мешаванд, чунки ин қуввати худро ба худои худ нисбат медиҳанд».


Набӣ Худовандро мадҳ мегӯяд.

12 Ту, охир, аз азал вуҷуд дорӣ, эй Худованд Худои ман, эй Қуддуси ман! Пас мо нахоҳем мурд. Ту, эй Худованд, онҳоро барои доварӣ таъин намудаӣ, ва Ту, эй сахраи ман, онҳоро барои ҷазо додан ба вуҷуд овардаӣ.

13 Чашмони Ту он қадар пок аст, ки наметавонӣ шароратро бубинӣ ва ба хабосат назар андозӣ; пас чаро ба ғаддорон назар меандозӣ, ва ҳангоме ки шарир шахси аз худаш одилтарро фурӯ мебарад, хомӯш мемонӣ?

14 Ва одамонро мисли моҳиёни баҳр, мисли хазандагоне ки ҳокиме надоранд, мегардонӣ?

15 Вай ҳамаи онҳоро бо шаст мекашад, ба тӯри худ медарорад ва дар доми худ ҷамъ мекунад, аз ин сабаб шод ва хурсанд мешавад.

16 Бинобар ин барои тӯри худ қурбонӣ мекунад, ва барои доми худ бухур месӯзонад, зеро ки насибаи вай аз онҳо равғанин, ва хӯроки вай болаззат гардидааст.

17 Оё аз ин сабаб нест, ки вай тӯри худро холӣ карда меистад ва ҳамеша халқҳоро бераҳмона мекушад?

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan