Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ғалотиён* 3 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ СЕЮМ Бахшоиши Рӯҳулқудсро бо имон ёфтан мумкин аст, на бо аъмоли шариат.

1 Эй ғалотиёни нофаҳм! Кӣ шуморо ба васваса андохт, ки аз ростӣ сар тобед, дар сурате ки пеши назари шумо Исои Масеҳи маслуб тасвир ёфтааст?

2 Фақат инро аз шумо фаҳмидан мехоҳам: оё шумо Рӯҳро аз аъмоли шариат қабул кардаед, ё ки аз мавъизаи имон?

3 Оё он қадар шумо нофаҳм ҳастед, ки бо Рӯҳ сар карда, алҳол бо ҷисм анҷом медиҳед?

4 Оё бар абас ин қадар заҳмат кашидаед? Тасаввур намекунам.

5 Пас, Он ки Рӯҳро ба шумо мебахшад ва дар миёни шумо мӯъҷизот ба амал меоварад, оё инро ба воситаи аъмоли шариат мекунад ё ки ба воситаи мавъизаи имон?

6 Чунончи, Иброҳим ба Худо имон овард, ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд.

7 Пас бидонед, ки аҳли имон фарзандони Иброҳим ҳастанд.

8 Ва Навиштаҳо чун пешбинӣ намуд, ки Худо халқҳоро ба воситаи имон сафед мекунад, пешакӣ ба Иброҳим башорат дода, гуфт: «Дар ту ҳамаи халқҳо баракат хоҳанд хост».

9 Бинобар ин аҳли имон бо Иброҳими имондор баракат мехоҳанд,

10 Лекин тамоми аҳли аъмоли шариат зери дасти лаънат мебошанд; зеро ки навишта шудааст: «Малъун аст ҳар касе ки ҳар чизи дар китоби шариат навишташударо доимо ба ҷо намеоварад».

11 Ва ин ки ҳеҷ кас ба воситаи шариат ба ҳузури Худо сафед намешавад, ин равшан аст, чунки одил ба воситаи имон зиндагӣ хоҳад кард.

12 Аммо шариат аз имон нест, вале касе ки онро ба ҷо меоварад, бо он зиндагӣ хоҳад кард.

13 Масеҳ моро аз лаънати шариат фидия дода гирифта, барои мо лаънат гардид, — зеро ки навишта шудааст: «Малъун аст ҳар касе ки ба дор овехта шудааст», —

14 То ки баракати Иброҳим ба василаи Исои Масеҳ ба ғайрияҳудиён татбиқ шавад, барои он ки ваъдаи Рӯҳро мо ба воситаи имон пайдо кунем.


Ваъдаҳои ба Иброҳим додашударо шариат ботил накардааст; шариат асокаши мо сӯи Масеҳ гардид.

15 Эй бародарон! Ба тариқи одамизод сухан меронам: ҳатто васиятеро, ки одамизод тартиб дода бошад, ҳеҷ кас ботил намекунад ва чизе ба он илова наменамояд.

16 Лекин ваъдаҳо ба Иброҳим ва ба насли ӯ дода шудааст. Нагуфтааст: «Ва ба наслҳои ту», гӯё ки дар бораи бисьёре, балки дар бораи яке: «Ва ба насли ту», ки он Масеҳ аст.

17 Ва ман чунин мегӯям: аҳдеро, ки Худо пештар дар бораи Масеҳ муқаррар намудааст, шариат, ки баъд аз чорсаду сӣ соли он пайдо шуд, ботил намекунад, ба тавре ки ваъда аз байн равад.

18 Зеро, агар мерос аз рӯи шариат бошад, он дигар аз рӯи ваъда нахоҳад буд; аммо Худо онро аз рӯи ваъда ба Иброҳим ато намудааст.

19 Пас, шариат барои чист? Он баъдтар аз боиси ҷиноятҳо дода шудааст, то вақти омадани Насле ки ваъда ба Ӯ дахл дорад, ва он ба воситаи фариштаҳо бо дасти миёнарав фармоиш карда шудааст.

20 Аммо миёнарав назди як намешавад, вале Худо як аст.

21 Пас, оё шариат ба ваъдаҳои Худо мухолиф аст? Ба ҳеҷ сурат! Зеро, агар шариате дода мешуд, ки қобили ҳаётбахшӣ бошад, адолат ҳақиқатан аз шариат мебуд;

22 Аммо Навиштаҳо ҳама чизро зери дасти гуноҳ банд кардааст, то ки ба воситаи имон ба Исои Масеҳ ваъда ба имондорон ато шавад.

23 Аммо пеш аз омадани имон зери дасти посбонии шариат банд будем, то даме ки имон мебоист зоҳир мешуд.

24 Пас, шариат асокаши мо сӯи Масеҳ гардид, то ки ба воситаи имон сафед шавем;

25 Аммо вақте ки имон омад, мо дигар зери дасти асокаш нестем.

26 Зеро ки ҳамаи шумо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ писарони Худо ҳастед;

27 Зеро ҳамаи шумо, ки дар Масеҳ таъмид ёфтаед, Масеҳро дар бар кардаед.

28 Дигар на яҳудӣ ҳаст, на юнонӣ; на ғулом ҳаст, на озод; на мард ҳаст, на зан; зеро ки ҳамаи шумо дар Исои Масеҳ як ҳастед.

29 Ва агар шумо аз они Масеҳ бошед, пас насли Иброҳим ҳастед, ворисонед мувофиқи ваъда.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan