Ғалотиён* 1 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЯКУМ Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Худо. 1 Павлуси ҳавворӣ, ки на аз ҷониби одамон ва на ба воситаи одамизод аст, балки ба василаи Исои Масеҳ ва Худои Падар, ки Ӯро аз мурдагон эҳьё кардааст, 2 Ва ҳамаи бародароне ки бо ман мебошанд, ба калисоҳои Ғалотия: 3 Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Худои Падар ва Худованди мо Исои Масеҳ бар шумо бод, 4 Ки Худро барои гуноҳҳои мо дод, то ки моро аз ин олами шарир, мувофиқи иродаи Худо, Падари мо, халос кунад, 5 Ки Ӯро то абад ҷалол бод, омин. Одамоне ки ба изтироб меандозанд. 6 Тааҷҷуб менамоям, ки ин қадар зуд шумо аз Он ки шуморо ба файзи Масеҳ даъват намудааст, баргашта, ба башорати дигаре мегузаред, 7 Ки он на дигарест, балки фақат баъзе касоне ҳастанд, ки шуморо ба изтироб меандозанд ва башорати Масеҳро таҳриф кардан мехоҳанд. 8 Лекин агар ҳатто мо ё фариштае аз осмон Инҷиле бар хилофи он чи мо ба шумо башорат додаем, ба шумо башорат диҳад, — малъун бод. 9 Чунон ки мо пештар гуфта будем, ҳозир ҳам боз мегӯям: агар касе бар хилофи он чи қабул кардаед, ба шумо башорат диҳад, — малъун бод. 10 Оё ман алҳол назди одамон хусни таваҷҷӯҳ меҷӯям, ё назди Худо? Оё саъю кӯшиш менамоям дили одамонро ёбам? Агар ман ҳанӯз дили одамонро меёфтам, бандаи Масеҳ намебудам. Павлус на аз ҷониби одамон, балки аз ҷониби Худо ба ҳавворигӣ даъват шудааст. 11 Ба шумо, эй бародарон, эълон мекунам: Инҷиле ки ман башорат додаам, аз они одамизод нест; 12 Зеро ки ман онро на аз одамизод қабул кардаам ва таълим гирифтаам, балки ба василаи ваҳйи Исои Масеҳ. 13 Зеро шумо тарзи ҳаёти пештараи маро дар миёни яҳудиён шунидаед, ки ман Калисои Худоро аз ҳад зиёд таъқиб менамудам, ва онро несту нобуд мекардам, 14 Ва дар дини яхудӣ дар авлодам назар ба бисьёр ҳамсолони худ бештар комьёб будам, дар ҳолате ки барои ривоятҳои падаронам ниҳоятдараҷа ғайрат мекардам. 15 Аммо ҳангоме ки Худо, ки маро аз батни модарам баргузида, бо файзи Худ даъват кардааст, таваҷҷӯҳ намуд, 16 Ки Писари Худро дар ман ошкор созад, то ки Ӯро дар миёни ҳалқҳо башорат диҳам, — ман он вақт бо ҷисм ва хун машварат накардам, 17 Ва ба Ерусалим назди онҳое ки пеш аз ман ҳавворӣ буданд, нарафтам, балки ба Арабистон равона шудам ва боз ба Димишқ баргаштам. 18 Сонӣ, пас аз се сол, ба Ерусалим барои дидани Петрус рафтам ва понздаҳ рӯз назди ӯ истодам. 19 Аз ҳаввориён, ғайр аз Яъқуби бародари Худованд, каси дигарро надидаам. 20 Ва он чи ба шумо менависам, инак, ба ҳузури Худо, дурӯғ намегӯям. 21 Пас аз он ман ба кишварҳои Сурия ва Қилиқия равона шудам. 22 Аммо калисоҳои Масеҳ дар Яҳудо маро шаҳсан намешиноҳтанд, 23 Балки фақат шунида буданд, ки ҳамон шаҳсе ки як вақте онҳоро таъқиб менамуд, ҳоло имонеро башорат медиҳад, ки пештар онро несту нобуд мекард, — 24 Ва Худоро ба ҳотири ман мадҳ мегуфтанд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden