Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Филиппиён* 4 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЧОРУМ Машваратҳои хотимавӣ.

1 Пас, эй бародарони маҳбуб ва матлуби ман, эй шодмонӣ ва тоҷи сари ман, дар Худованд ҳамин тавр истодагӣ намоед, эй маҳбубон.

2 Аз Авҳӯдия илтимос мекунам ва аз Сунтихӣ илтимос мекунам, ки дар Худованд ҳамфикр бошанд.

3 Аз ту низ, эй ҳамкори самимӣ, хоҳишмандам, ки ба ин занон кӯмак бирасонӣ, ки онҳо дар роҳи башорат бо ман ва бо Қлимис ва бо ҳамроҳони дигарам, ки номашон дар дафтари ҳаёт аст, ҷидду ҷаҳд кардаанд.

4 Ҳамеша дар Худованд шод бошед; боз мегӯям: шод бошед.

5 Бигзор фурӯтании шумо ба ҳамаи одамон машҳур гардад; Худованд наздик аст.

6 Ҳеҷ ғам нахӯред, аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед, —

7 Ва осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо дар Исои Масеҳ нигоҳ хоҳад дошт.

8 Хуллас, эй бародарон, ҳар он чи рост аст, ва ҳалол аст, ва боинсоф аст, ва пок аст, ва хушоянд аст, ва шоёни таҳсин аст, ва ҳар эҳсон ва ҳамде ки бошад, — дар бораи онҳо фикр кунед.

9 Он чи шумо дар ман омӯхтаед, ва қабул кардаед, ва шунидаед, ва дидаед, — онҳоро ба ҷо оваред, ва Худои осоиштагӣ бо шумо хоҳад буд.


Миннатдории ҳавворӣ барои садақае ки ба ӯ фиристода шудааст.

10 Ва ман дар Худованд бағоят шод шудам, ки алҳол шумо ғамхории худро дар ҳаққи ман аз нав ривоҷ додаед; пештар ҳам шумо ғамхорӣ менамудед, вале вазъият мусоидат намекард.

11 На ин ки ба сабаби мӯҳтоҷӣ мегуфта бошам; зеро ман ёд гирифтаам, ки бо он чи дорам, қаноат намоям:

12 Дар камбағалӣ ҳам зиста метавонам, дар фаровонӣ ҳам; дар ҳар чиз ва дар ҳар ҷо аз сар гузаронидани серӣ ва гуруснагӣ, фаровонӣ ва камиро ёд гирифтаам;

13 Ҳамааш аз дастам меояд, бо мадади Масеҳ, ки маро кувват мебахшад.

14 Лекин хуб кардед, ки дар андӯҳи ман шарик шудед.

15 Ва шумо, эй филиппиён, медонед, ки дар ибтидои башорат, вақте ки аз Мақдуния баромадам, ҳеҷ як калисо дар кори додану гирифтан бо ман шарикӣ накард, ба ғайр аз шумо;

16 Ҳатто ба Таслӯникӣ шумо як‐ду карат барои эҳтиёҷоти ман фиристодед.

17 На ин ки ман талабгори ҳадия бошам, балки толиби самаре ҳастам, ки ба фоидаи шумо биафзояд.

18 Ман ҳамаашро гирифтам ва ба қадри барзиёд дорам; ва ман аз ҳар чиз пур гаштам, вақте ки ҳадияи фиристодаи шуморо, ҳамчун бӯи муаттар, ҳамчун қурбонии хуши писандидаи Худо, аз дасти Эпафрӯдитус гирифтам.

19 Ва Худои ман ҳар эҳтиёҷи шуморо ба ҳасби сарвати ҷалоли Худ дар Исои Масеҳ пур хоҳад кард.

20 Худо, Падари моро то абад ҷалол бод, омин.


Саломҳо.

21 Ба ҳар як муқаддас дар Исои Масеҳ салом гӯед. Бародароне ки бо ман мебошанд, ба шумо салом мегӯянд.

22 Ҳамаи муқаддасон, алалхусус аз хонаи қайсар ба шумо салом мегӯянд.

23 Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод, омин.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan