Филиппиён* 3 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СЕЮМ Огоҳонидан аз баргаштан ба ақидаи яҳудиён дар бораи сафедшавӣ ба воситаи аъмол. Бузургии беҳадди дониши Исо. 1 Пас, эй бародаронам, дар Худованд шод бошед. Айни ҳамон нуктаро ба шумо навиштанам барои ман гарон нест, лекин барои шумо кувватбахш аст. 2 Аз сагон эҳтиёт шавед, аз коркунони бад эҳтиёт шавед, аз хатна эҳтиёт шавед; 3 Зеро аҳли хатна моем, ки Худоро дар Рӯҳ ибодат менамоем, ва бо Исои Масеҳ фахр мекунем, ва ба ҷисм эътимод надорем, 4 Гарчанде ки маро асосе ҳаст ба ҷисм ҳам эътимод дошта бошам. Агар каси дигар гумон кунад, ки метавонад ба ҷисм эътимод дошта бошад, ман — бештар, 5 Ки ман дар рӯзи ҳаштум маҳтун шудам, аз насли Исроил ҳастам, аз сибти Биньёмин, ибронӣ аз иброниён, аз ҷиҳати шариат — фарисӣ, 6 Аз ҷиҳати ғайрат — таъқибкунандаи Калисо, аз ҷиҳати адолати шаръӣ — беайб. 7 Лекин он чи барои ман бартарӣ буд, ба ҳотири Масеҳ нуқсон донистам. 8 Ва ҳанӯз ҳамаашро ба ҳотири афзалияти дониши Худованди ман Исои Масеҳ нуқсон медонам, ки барои Ӯ ман аз ҳамааш даст кашидам ва ҳамаашро ахлот медонам, то ки Масеҳро пайдо кунам 9 Ва дар Ӯ пайдо шавам, на бо адолати худ, ки аз шариат аст, балки бо он чи ба воситаи имон ба Масеҳ аст, яъне бо адолате ки аз Худо бар ҳасби имон аст, 10 То ки Ӯро, ва қуввати эҳьёи Ӯро, ва ширкати уқубатҳои Ӯро дарк намоям ва дар мамоти Ӯ ба Ӯ монанд шавам, 11 Ба умеди он ки ба эҳьёи мурдагон бирасам. 12 На ин ки аллакай расида бошам, ё комил шуда бошам, балки саъю кӯшиш менамоям, ки шояд ман ҳам бирасам, чунон ки Исои Масеҳ ба ман расидааст. 13 Эй бародарон, гумон намекунам, ки ман аллакай расида бошам, балки фақат як чизро мегӯям: он чиро, ки дар қафост, аз ҳотир бароварда ва ба пеш ҳаракат карда, 14 Ман сӯи мақсаде шитоб менамоям, ки фарҷоми ғолибонаи даъвати Худост аз арши аъло дар Исои Масеҳ. 15 Пас, ҳар касе аз мо, ки комил бошад, бояд ҳамин тавр фикр ронад; вале агар шумо фикри дигаре дошта бошед, Худо инро ҳам ба шумо ошкор ҳоҳад соҳт. 16 Аммо ба ҳар чи мо расидаем, аз рӯи он бояд рафтор кунем. Онҳое ки ба таври дуньёвӣ фикр мекунанд ва табааи осмон мебошанд. 17 Эй бародарон, ба ман тақлид намоед ва ба касоне нигоҳ кунед, ки онҳо мувофиқи намунае ки дар мо доред, рафтор мекунанд. 18 Зеро бисьёр касон, ки дар бораи онҳо ба шумо борҳо гуфтаам, ва ҳоло низ бо гирья мегӯям, ҳамчун душманони салиби Масеҳ рафтор мекунанд; 19 Фарҷоми онҳо ҳалокат аст, худои онҳо шикам аст, ва ҷалоли онҳо дар нанг аст: онҳо дар бораи чизҳои заминӣ фикр мекунанд. 20 Лекин иқоматгоҳи мо акнун дар осмон аст, ки аз он ҷо Исои Масеҳи Худовандро, ҳамчун Наҷотдиҳанда, интизор дорем, 21 Ки Ӯ ҷисми залили моро ба шабоҳати ҷисми ҷалили Ӯ бо амали ҳамон қуввате дигаргун ҳоҳад кард, ки бо он Ӯ ҳама чизро ба Худ тобеъ намуда метавонад. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden