Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Филиппиён* 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ДУЮМ Даъват ба ягонагӣ ва фармонбардорӣ.

1 Пас, агар тасаллое дар Масеҳ бошад, агар хушнӯдии муҳаббат бошад, агар алокаи рӯҳ бошад, агар марҳамат ва дилсӯзӣ бошад, —

2 Пас шодии маро пурра кунед, ба тавре ки дорои як фикр бошед, дорои як муҳаббат буда, якдил ва ҳамфикр бошед,

3 Аз рӯи рақобат ё шӯҳратпарастӣ ҳеҷ коре накунед, балки бо фурӯтанӣ якдигарро аз худ авло донед,

4 Ва ҳар яке на танҳо дар бораи худаш, балки дар бораи дигарон низ ғамхорӣ намояд.

5 Зеро дар шумо низ бояд айни ҳамон ҳиссиёт бошад, ки дар Исои Масеҳ буд,

6 Ки Ӯ, бо вуҷуди он ки дар сурати Худо буд, бо Худо баробар буданро ҳарисона барои Худ нигоҳ надошт.

7 Балки Худро кам дониста, ба сурати ғулом даромад ва ба одамон монандӣ пайдо карда, ба зоҳир мисли одамизод шуд,

8 Ва Худро фурӯтан сохта, то вақти мамот, то дами мавти салиб фармонбардор буд.

9 Бинобар ин Худо низ Ӯро сарафроз кард ва ба Ӯ номе дод, ки аз ҳар ном болотар аст,

10 То ки ба исми Исо ҳар зонуе ки дар осмон ва бар замин ва зери замин аст, хам шавад,

11 Ва ҳар забон зътироф намояд, ки Исои Масеҳ Худованд аст барои ҷалоли Худои Падар.


Ғамхорӣ дар бораи наҷоти ҷон.

12 Пас, эй маҳбубонам, модоме ки шумо ҳамеша фармонбардор будед, аз ин рӯ — на танҳо дар ҳузури ман, балки боз ҳам зиёдтар алҳол, дар вақти набудани ман, — бо тарсу ларз наҷоти худро ба амал оваред,

13 Зеро ки Худо дар шумо, бо ҳусни таваҷҷӯҳи Худ, ҳам хоҳиш ва ҳам амалро ба вуҷуд меоварад.

14 Ҳар корро бе шиква ва шубҳа ба ҷо оваред,

15 То ки бенуқсон ва пок, фарзандони беайби Худо бошед, дар миёни насли саркаш ва фосид, ки дар он шумо мисли найирҳо дар ҷаҳон медурахшед,

16 Ва каломи ҳаётро нигоҳ доред, то ки ман дар рӯзи Масеҳ фахр намоям, ки ман бар абас надавидаам ва бар абас меҳнат накардаам.

17 Лекин, агар ман курбонии рехтание бар курбонӣ ва ибодати имони шумо шавам ҳам, аз ин шодам ва бо ҳамаи шумо шодӣ мекунам;

18 Шумо низ аз ин шод бошед ва бо ман шодӣ кунед.


Ба зудӣ фиристодани Тимотиюс ва фавран баргардонидани Эпафрӯдитус.

19 Ва дар Масеҳи Худованд умедворам, ки Тимотиюсро ба зудӣ назди шумо фиристонам, то ки ман низ аз аҳволатон хабар ёфта, рӯҳбаланд шавам.

20 Зеро каси дигаре мисли ӯ надорам, ки дар бораи шумо аз самими қалб ғамхорӣ мекарда бошад;

21 Чунки ҳама нафъи худро толибанд, на он чиро, ки ба Исои Масеҳ тааллуқ дорад.

22 Вале шумо бовафоии ӯро медонед, чунки ӯ ба ман, мисли писар ба падар, дар башорат хизмат кардааст.

23 Пас, умедворам, ки ӯро дарҳол равона кунам, чун бубинам, ки аҳволи ман чӣ мешавад;

24 Вале дар Худованд боварӣ дорам, ки худам низ ба зудӣ биёям.

25 Аммо лозим донистам, ки Эпафрӯдитусро назди шумо баргардонам. Ӯ бародар ва ҳамкор ва ҳамсафи ман аст, ва шумо ӯро чун элчӣ ва хизматгузор дар мӯҳтоҷии ман фиристода будед.

26 Чунки ӯ иштиёқманди дидори ҳамаи шумо буд ва бисьёр андӯҳгин шуд аз он ки овозаи бемории ӯ ба гӯши шумо расидааст.

27 Ҳақиқатан бемории ӯ марговар буд; лекин Худо ба ӯ марҳамат кард, ва на фақат ба ӯ, балки ба ман низ, то ки бар ғуссаи ман ғуссае зам нашавад.

28 Бинобар ин ба фиристодани ӯ шитоб намудам, то ки шумо Ӯро аз нав дида, хурсанд шавед, ва ғуссаи ман низ сабук гардад.

29 Пас ӯро дар Худованд бо камоли хурсандӣ пазироӣ намоед, ва чунин одамонро қадрдонӣ кунед,

30 Зеро ки ӯ барои кори Масеҳ ба мурдан наздик буд ва ҷонашро дар зери хатар монд, то ки камии хизмати шуморо барои ман пур кунад.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan