Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Эзро 5 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ПАНҶУМ Бо ҷидду ҷаҳди Ҳаҷҷаи набӣ ва Закарьёи набӣ аз нав ба кор шурӯъ карданд.

1 Ва Ҳаҷҷаи набӣ ва Закарьё ибни Иддӯи набӣ ба яҳудиёне ки дар Яҳудо ва Ерусалим буданд, ба исми Худои Исроил дар ҳаққи онҳо нубувват карданд.

2 Он гоҳ Зарубобил ибни Шаалтиил ва Ешуа ибни Юсодоқ бархоста, ба бино кардани хонаи Худо, ки дар Ерусалим аст, шурӯъ намуданд, ва анбиёи Худо бо онҳо буда, ба онҳо ёварӣ мекарданд.

3 Дар он вақт Татнай, волии Мовароуннаҳр, ва Штар‐Бузнай, ва рафиқонашон назди онҳо омада, ба онҳо чунин гуфтанд: «Кист, ки ба шумо фармон додааст, ки ин хонаро бино кунед ва ин ҳисорро барпо намоед?»

4 Он гоҳ мо ба онҳо номҳои касонеро гуфтем, ки ин иморатро бино мекарданд.

5 Ва чашми Худои онҳо бар пирони яҳудиён буд, ва кори онҳо қатъ карда нашуд, то даме ки ин масъаларо ба Дорьёвеш равона карданд, ва дар ин бора ҷавобе расид.


Хабаркашӣ ба подшоҳ Дорьёвеш.

6 Ин аст мундариҷаи номае ки Татнай, волии Мовароуннаҳр, ва Штар‐Бузнай ва рафиқонашон, афраксиёне ки дар Мовароуннаҳр буданд, ба подшоҳ Дорьёвеш фиристодаанд;

7 Номае ба ӯ фиристодаанд, ва андаруни он чунин навишта шудааст: «Ба подшоҳ Дорьёвеш осоиштагии комил бод!

8 Подшоҳро маълум бод, ки мо ба кишвари Яҳудия, ба хонаи Худои муаззам рафтем; ва он аз сангҳои бузург бино карда мешавад, ва чӯб бар деворҳояш гузошта мешавад, ва ин кор дар дасти онҳо ба сурати мукаммал ва бомуваффақият ба ҷо оварда мешавад.

9 Он гоҳ мо ба пирони онҳо савол дода, гуфтем: „Кист, ки ба шумо фармон додааст, ки ин хонаро бино кунед ва ин ҳисорро барпо намоед?“

10 Ва низ номҳои онҳоро пурсидем, то ба ту хабар диҳем ва номҳои касонеро, ки ба онҳо сардорӣ мекунанд, бинависем.

11 Ва онҳо дар ҷавоби мо чунин суханонро гуфтанд: „Мо бандагони Худои осмон ва замин ҳастем, ва хонаеро бино мекунем, ки чандин сол пеш аз ин бино ёфта буд, ва подшоҳи бузурги Исроил онро бино карда ва ба анҷом расонда буд.

12 Аммо, вақте ки падарони мо Худои осмонро ба ғазаб оварданд, Ӯ онҳоро ба дасти Набукаднесари калдонӣ, подшоҳи Бобил, таслим намуд, ки вай ин хонаро хароб кард, ва ин қавмро ба Бобил ба асирӣ бурд.

13 Лекин дар соли якуми Куруш, подшоҳи Бобил, подшоҳ Куруш фармон дод, ки ин хонаи Худоро бино кунанд;

14 Ва низ зарфҳои тилло ва нуқраи хонаи Худо, ки Набукаднесар аз маъбади Ерусалим гирифта, ба маъбади Бобил оварда буд, — онҳоро подшоҳ Куруш аз маъбади Бобил берун оварда, ба Шешбасар ном шахсе дод, ки варо волӣ таъин намуд.

15 Ва ба вай гуфт: ин зарфҳоро бардошта бирав ва онҳоро дар маъбаде ки дар Ерусалим аст, бигузор, ва хонаи Худо дар ҷояш бино карда шавад.

16 Пас, ин Шешбасар омада, буньёди хонаи Худоро, ки дар Ерусалим аст, ниҳод, ва аз он вақт то кунун бино карда мешавад, ва ҳанӯз анҷом наёфтааст“.

17 Ва алҳол, агар подшоҳ салоҳ донад, бигзор дар ганҷхонаи подшоҳ, ки дар Бобил аст, ҷустуҷӯ намоянд, ки оё подшоҳ Куруш ҳақиқатан фармон дода будааст, ки ин хонаи Худоро дар Ерусалим бино кунанд; ва иродаи подшоҳ дар ин бора бигзор ба мо фиристода шавад».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan