Эстер 4 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧОРУМ Рӯзадорӣ ва андӯҳ дар миёни яҳудиён. 1 Ва Мордахай аз он чи воқеъ шуда буд, огоҳӣ ёфт, ва Мордахай либоси худро чок зада, палос ва хокистар дар бар кард, ва андаруни шаҳр рафта, фиғони азим ва талхе баровард. 2 Ва то ба пеши дарвозаи подшоҳ расид, зеро мумкин набуд, ки касе палос дар тан ба дарвозаи подшоҳ дарояд. 3 Ва дар ҳар вилоят ва мавзеъ, ки амри подшоҳ ва қонуни ӯ расида буд, барои яҳудиён мотами бузург ва рӯзадорӣ ва гирья ва овозандозӣ буд; палос ва хокистар барои бисьёр касон бистар шуд. 4 Ва чун канизони Эстер ва хоҷасароёни вай омада, ба вай хабар доданд, малика бағоят музтариб шуд, ва либос фиристод, то ки Мордахайро бипӯшонанд ва палосашро аз ӯ дур кунанд, вале ӯ қабул накард. 5 Ва Эстер Ҳатохро, ки аз хоҷасароёни подшоҳ назди вай таъин шуда буд, даъват намуд ва ӯро амр фармуд, ки аз Мордахай бипурсад, ки ин чист ва ин аз чӣ сабаб аст? 6 Пас Ҳатох ба майдони шаҳр, ки пеши дарвозаи подшоҳ буд, назди Мордахай рафт. 7 Ва Мордахай аз ҳар чи ба ӯ рӯй дода буд, ва аз маблағи нуқрае ки Ҳомон барои нест кардани яҳудиён ба хазоини подшоҳ баркашида доданӣ шуда буд, ӯро хабардор кард, 8 Ва нусхаи фармони ба ҳукми қонун даромадаро, ки дар Шушан дар бораи нобуд кардани онҳо мунташир шуда буд, ба ӯ дод, то ки онро ба Эстер нишон диҳад ва ба вай хабар расонад, ва варо амр фармояд, ки назди подшоҳ даромада, аз ӯ зорию илтиҷо кунад ва барои қавми худ аз ӯ илтимос намояд. 9 Ва Ҳатох омада, суханони Мордахайро ба Эстер хабар дод. 10 Ва Эстер ба Ҳатох сухан ронда, ӯро амр фармуд, ки ба Мордахай бигӯяд: 11 «Ҳамаи маъмурони подшоҳ ва қавми вилоятҳои подшоҳ медонанд, ки барои ҳар мард ва зане ки назди подшоҳ ба саҳни дарунӣ биёяд, бе он ки даъват шуда бошад, фақат як қонун ҳаст, ки бояд қатл карда шавад, ба ҷуз касе ки подшоҳ чӯбдасти тиллоро сӯи вай дароз кунад, то ки зинда монад; инак сӣ рӯз аст, ки ман даъват нашудаам, ки назди подшоҳ биёям». 12 Вақте ки суханони Эстерро ба Мордахай хабар доданд, 13 Мордахай гуфт, ки ба Эстер чунин ҷавоб гардонанд: «Дар дили худ гумон накун, ки дар хонаи подшоҳ аз миёни ҳамаи яҳудиён раҳо хоҳӣ шуд, 14 Балки, агар дар ҳамин вақт хомӯш бимонӣ, вусъат ва халосӣ аз ҷои дигар падид хоҳад омад, вале ту ва хонадони падарат талаф хоҳед шуд, ва кист бидонад, ки оё барои чунин вақт ба салтанат нарасидаӣ?» 15 Ва Эстер гуфт, ки ба Мордахай чунин ҷавоб гардонанд: 16 «Бирав ва ҳамаи яҳудиёнро, ки дар Шушан мебошанд, ҷамъ кун, ва барои ман рӯза дошта, се рӯз, шабонаю рӯзона, чизе нахӯред ва нанӯшед; ман низ бо канизони худ ҳамчунин рӯза хоҳам дошт, ва ба ин тариқ назди подшоҳ хоҳам омад, гарчанде ки ин бар хилофи қонун аст, ва агар талаф шавам, бигзор талаф шавам». 17 Ва Мордахай рафта, ончунон ки Эстер ӯро амр фармуда буд, амал кард. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden