Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Эстер 10 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ДАҲУМ Мордахай — шахси олиҷоҳи дуюм баъд аз подшоҳ.

1 Ва подшоҳ Аҳашверӯш бар замин ва ҷазираҳои баҳр боҷу хироҷ андохт.

2 Ва тамоми фаъолияти салтанат ва иқтидори ӯ ва тасвири шавкати Мордахай, ки ӯро подшоҳ ба бузургӣ расонида буд, оё дар китоби вақоеи айёми подшоҳони Модай ва Форс навишта нашудааст?

3 Зеро ки Мордахаи яҳудӣ баъд аз подшоҳ Аҳашверӯш шахси дуюм ва дар миёни яҳудиён бузург ва барои аксари бародарони худ матлуб буд, ки некбахтии қавми худро мехост ва барои саломатии тамоми насли худ ғамхорӣ мекард.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan