Эстер 1 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЯКУМ Аҳашверӯш Ваштии маликаро рад мекунад. 1 Ва воқеъ шуд дар айёми Аҳашверӯш, — ҳамон Аҳашверӯш, ки аз Ҳинд то Ҳабаш бар саду бисту ҳафт вилоят подшоҳӣ мекард, — 2 Дар он айём, ки подшоҳ Аҳашверӯш бар тахти хисравии худ дар Шушани пойтахт нишаста буд, 3 Ва дар соли сеюми подшоҳии худ ӯ барои ҳамаи мирон ва маъмуронаш базм барпо кард, ва сипоҳиёни Форс ва Модай, аъёну ашроф ва ҳокимони вилоятҳо дар ҳузури ӯ буданд, 4 Дар сурате ки ӯ айёми зиёде, саду ҳаштод рӯз, сарвату ҷалоли хисравии худ ва шаъну шавкати бузургии худро нишон медод. 5 Ва чун он рӯзҳо ба итмом расид, подшоҳ барои тамоми қавме ки дар Шушани пойтахт аз бузург то хурд ҳозир буданд, дар саҳни боғи қасри подшоҳ базми ҳафтрӯза барпо кард. 6 Пардаҳо аз матои маҳини сафед ва лоҷвард бо риштаҳои катони сафед ва арғувон бар ҳалқаҳои нуқра ва сутунҳои мармар овезон буд; катҳои тилло ва нуқра бар фарше аз мармари сабз, сиёҳ, садафгун ва сурх истода буд. 7 Ва нӯшокиҳо дар зарфҳои тилло буд, ва зарфҳо аз зарфҳои гуногуншакл иборат буд; ва шароби хисравӣ мувофиқи ҳиммати подшоҳ фаровон буд; 8 Ва шаробнӯшӣ ба муддаои табъ буд: касеро маҷбур намекарданд, зеро подшоҳ ба ҳамаи маъмурони хонаи худ амр фармуда буд, ки ба дилхоҳи ҳар кас амал кунанд. 9 Ваштии малика низ дар хонаи хисравии подшоҳ Аҳашверӯш базме барои занон барпо кард. 10 Дар рӯзи ҳафтум, вақте ки подшоҳ аз шароб дилхуш шуд, ба Меҳумон, Бизто, Ҳарбӯно, Бинто, Абанто, Зетар ва Каркас — ҳафт хоҷасарое ки ба хузури подшоҳ Аҳашверӯш хизмат мекарданд, — амр кард, 11 Ки Ваштии маликаро бо афсари хисравӣ ба ҳузури подшоҳ биёваранд, то ки зебоии варо ба қавмон ва мирон нишон диҳад, зеро ки вай хушрӯй буд. 12 Вале Ваштии малика бо амре ки подшоҳ ба воситаи хоҷасароён фармуда буд, нахост биёяд, ва подшоҳ бағоят хашмгин шуда, ғазабаш андаруни ӯ аланга зад. 13 Ва подшоҳ ба ҳакимони донандаи таворих гуфт, чунки равиши подшоҳ ин буд, ки бо ҳамаи донандагони қонун ва ҳуқуқ машварат кунад. 14 Ва муқаррабони ӯ Каршено, Шетор, Адмото, Таршиш, Мерес, Марсено ва Мемухон буданд, ки ин ҳафт мири Форс ва Модай чеҳраи подшоҳро медиданд ва дар сафи аввали назди тахти хисравӣ менишастанд: 15 «Аз рӯи қонун ба Ваштии малика чӣ бояд кард барои он ки вай амреро, ки подшоҳ Аҳашверӯш ба воситаи хоҷасароён фармуд, ба ҷо наовард?» 16 Ва Мемухон ба ҳузури подшоҳ ва мирон гуфт: «Ваштии малика на танҳо бар зидди подшоҳ гуноҳкор шуд, балки низ бар зидди ҳамаи мирон ва бар зидди ҳамаи қавмоне ки дар ҳамаи вилоятҳои подшоҳ Аҳашверӯш мебошанд, 17 Чунки рафтори малика дар миёни ҳамаи занон овоза шуда, шавҳарҳошон дар назарашон беқадр хоҳанд шуд, ва онҳо хоҳанд гуфт: „Подшоҳ Аҳашверӯш амр кард, ки Ваштии маликаро ба ҳузури ӯ биёваранд, вале вай наомад“. 18 Ва имрӯз хонумҳои Форс ва Модай, ки рафтори маликаро шуниданд, ба ҳамаи мирони подшоҳ чунин хоҳанд гуфт, ва ин боиси таҳқир ва хашми зиёде хоҳад шуд. 19 Агар подшоҳ салоҳ донад, бигзор амри хисравонае аз ҷониби ӯ навишта, дар Форс ва Модай ба таври мансухнопазир ба ҳукми қонун дароварда шавад, ки Ваштӣ дигар ба ҳузури подшоҳ Аҳашверӯш наояд, ва подшоҳ унвони хисравонаи варо ба зани дигаре ки аз вай беҳтар бошад, бидиҳад. 20 Ва фармони подшоҳ ба самъи мардум расида, дар тамоми мамлакати ӯ, ҳарчанд ки азим аст, асар хоҳад бахшид, ва ҳамаи занон ба шавҳарҳои худ аз бузург то хурд қадрдонӣ хоҳанд кард». 21 Ва ин сухан дар назари подшоҳ ва мирон писанд афтод, ва подшоҳ аз рӯи сухани Мемухон амал кард. 22 Ва мактубҳо ба ҳамаи вилоятҳои подшоҳ, ба ҳар вилоят бо хати он ва ба ҳар қавм бо забони он равона кард, то ки ҳар мард бо забони қавми худ сухан ронда, дар хонаи худ ҳукмфармо бошад. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden