Еҳушаъ ибни Нун 5 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ПАНҶУМ Тарсу ҳарос дар Канъон. Манн тамом шуд. 1 Ва ҳамаи подшоҳони амӯрӣ, ки дар он тарафи Урдун ба самти ғарб буданд, ва ҳамаи подшоҳони канъонӣ, ки дар соҳили баҳр буданд, чун шуниданд, ки Худованд обҳои Урдунро пеши банӣ‐Исроил хушконидааст, то даме ки онҳо убур кардаанд, — дилҳошон бемаҷол гардид, ва дар онҳо дигар рӯҳи муқовимат пеши банӣ‐Исроил боқӣ намонд. 2 Дар он вақт Худованд ба Еҳушаъ гуфт: «Кордҳо аз санги чақмоқ барои худ бисоз, ва аз нав, бори дуюм банӣ‐Исроилро хатна намо». 3 Ва Еҳушаъ кордҳои чақмоқ барои худ сохта, банӣ‐Исроилро бар тали Аролӯт хатна кард. 4 Ва ин аст сабаби хатна кардани Еҳушаъ: тамоми наринаи қавме ки аз Миср берун омада буданд, ҳамаи мардони ҷангӣ, баъд аз он ки аз Миср берун омаданд, дар роҳи биёбон мурданд, 5 Дар сурате ки тамоми ин қавми беруномада махтун буданд, вале тамоми қавме ки дар роҳи биёбон, баъд аз берун омадан аз Миср, таваллуд шуда буданд, махтун набуданд. 6 Зеро ки банӣ‐Исроил чил сол дар биёбон роҳ рафтанд, то вақти фано шудани тамоми он халқ, яъне ҳамаи мардони ҷангие ки аз Миср берун омада буданд, зеро ки онҳо ба овози Худованд гӯш надоданд, ва Худованд ба онҳо қасам хӯрд, ки онҳо он заминро нахоҳанд дид, ки Худованд ба падаронашон қасам хӯрда буд, ки онро ба мо бидиҳад, замине ки шир ва асал дар он ҷорист; 7 Ва писарони онҳоро ба ҷои онҳо барпо намуд; ана ҳаминҳоро Еҳушаъ хатна кард, зеро ки ғилофакдор буданд, чунки онҳоро дар роҳ хатна накарда буданд. 8 Ва ҳангоме ки хатнаи тамоми ин халқ анҷом ёфт, онҳо дар ҷойҳои худ дар ӯрдугоҳ монданд, то даме ки сиҳат ёфтанд. 9 Ва Худованд ба Еҳушаъ гуфт: «Имрӯз Ман нанги Мисрро аз шумо дур кардам». Аз ин рӯ номи ин макон то имрӯз Ҷилҷол хонда мешавад. 10 Ва банӣ‐Исроил дар Ҷилҷол ӯрду заданд, ва иди фисҳро дар рӯзи чордаҳуми моҳ, бегоҳирӯзӣ, дар саҳроҳои Ериҳӯ ба ҷо оварданд. 11 Ва фардои фисҳ, аз ҳосилоти ин замин дар ҳамон рӯз фатир ва хӯшабирьён хӯрданд. 12 Ва аз фардояш, вақте ки аз ҳосили замин хӯрданд, боридани манн қатъ шуд, ва банӣ‐Исроил дигар манн надоштанд, балки дар он сол онҳо аз ҳосилоти замини Канъон мехӯрданд. Пешвои асроромез. 13 Ва ҳангоме ки Еҳушаъ назди Ериҳӯ буд, ӯ чашмонашро боло бардошта, нигарист, ва инак, марде дар рӯ ба рӯи ӯ истодааст, ва шамшери бараҳна дар дасти вай аст; ва Еҳушаъ назди вай омада, ба вай гуфт: «Оё ту аз мо ҳастӣ ё аз душманони мо?» 14 Вай гуфт: «Не, балки ман пешвои лашкари Худованд ҳастам, ки алҳол омадам». Ва Еҳушаъ рӯ ба замин афтода, сачда бурд ва ба вай гуфт: «Оғоям ба бандаи худ чӣ мегӯяд?» 15 Ва пешвои лашкари Худованд ба Еҳушаъ гуфт: «Пойафзолатро аз пойҳоят бикаш, зеро ҷое ки ту истодаӣ, муқаддас аст». Ва Еҳушаъ чунин кард. 16 Ва Ериҳӯ пеши банӣ‐Исроил маҳкам баста шуда буд: касе аз он берун намерафт ва касе ба он дохил намешуд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden