Еҳушаъ ибни Нун 3 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СЕЮМ Аз Урдун убур карданд. 1 Ва Еҳушаъ бомдодон бармаҳал бархост, ва ӯ ва тамоми банӣ‐Исроил аз Шиттим равона шуда, ба Урдун омада расиданд, ва пеш аз он ки убур кунанд, шабро дар он ҷо гузарониданд. 2 Ва баъд аз гузаштани се рӯз нозирон андаруни ӯрдугоҳ давр заданд, 3 Ва ба қавм амр фармуда, гуфтанд: «Вақте ки сандуқи аҳди Худованд Худои худро бубинед, ки коҳинон ва левизодагон онро бардошта мебаранд, шумо низ аз ҷои худ равона шавед, ва аз ақиби он биравед. 4 Аммо дар миёни шумо ва он то ду ҳазор зироъ масофа бояд бошад; ба он наздик нашавед, то роҳеро, ки бо он хоҳед рафт, бидонед, зеро ки шумо ҳаргиз бо ин роҳ убур нанамудаед». 5 Ва Ехушаъ ба қавм гуфт: «Худро тақдис намоед, зеро ки фардо Худованд дар миёни шумо корҳои аҷоиб хоҳад кард». 6 Ва Ехушаъ ба коҳинон сухан ронда, гуфт: «Сандуқи аҳдро бардошта, пеши қавм убур намоед». Ва онҳо сандуқи аҳдро бардошта, пеши қавм равона шуданд. 7 Ва Худованд ба Ехушаъ гуфт: «Имрӯз Ман ба бузург гардонидани ту дар назари тамоми Исроил шурӯъ менамоям, то бидонанд, ки чунон ки бо Мусо будам, ончунон бо ту хоҳам буд; 8 Ва ту ба коҳинони бардорандаи сандуқи аҳд амр фармуда, бигӯй: „Ҳамин ки ба канори обҳои Урдун бирасед, дар Урдун биистед“». 9 Ва Еҳушаъ ба банӣ‐Исроил гуфт: «Ба ин ҷо наздик омада, суханони Худованд Худои худро бишнавед». 10 Ва Ехушаъ гуфт: «Бо ин хоҳед донист, ки Худои Ҳай дар миёни шумост, ва Ӯ канъониён ва ҳиттиён ва ҳиввиён ва фариззиён ва ҷирҷошиён ва амӯриён ва ябусиёнро аз пеши шумо маҳв хоҳад кард; 11 Инак, сандуқи аҳди Молики тамоми ҷаҳон пешопеши шумо аз Урдун убур хоҳад намуд; 12 Ва алҳол шумо дувоздаҳ нафар аз сибтҳои Исроил, аз ҳар сибт як нафар, барои худ бигиред; 13 Ва ҳамин ки кафи пойҳои коҳинони бардорандаи сандуқи аҳди Худованди Молики тамоми ҷаҳон ба обҳои Урдун дохил шавад, обҳои Урдун, обҳое ки аз боло фурӯд меояд, қатъ гардида, мисли деворе хоҳад бозистод». 14 Ва ҳангоме ки қавм аз хаймаҳои худ равона шуданд, то аз Урдун убур намоянд, ва коҳинони бардорандаи сандуқи аҳд пешопеши қавм буданд, 15 Ҳамин ки бардорандагони сандуқ ба Урдун расиданд, ва пойҳои коҳинони бардорандаи сандуқ ба канори об ғӯтид, — дар сурате ки Урдун тамоми айёми дарав бар ҳамаи соҳилҳояш лабрез мешавад, — 16 Обҳое ки аз боло фурӯд меомад, ба масофаи бисьёр дур аз шаҳри Одом, ки дар ҷониби Сортон аст, мисли деворе бозистод, ва обҳое ки сӯи баҳри биёбон, яъне баҳри Намак, фурӯд меомад, тамоман қатъ гардид, ва қавм дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ убур карданд. 17 Ва коҳинони бардорандаи сандуқи аҳди Худованд андаруни Урдун дар хушкӣ маҳкам меистоданд, ва тамоми Исроил дар хушкӣ убур мекарданд, то даме ки аз Урдун убур кардани тамоми халқ анҷом ёфт. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden