Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Эфсӯсиён* 6 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ШАШУМ

1 Эй фарзандон, ба падару модари худ дар Худованд итоат намоед, зеро ки ин аз рӯи инсоф аст.

2 «Падар ва модари худро иззат намо», ин аст хукми аввалин бо чунин ваъда:

3 «То ки некӯаҳвол бошӣ ва бар замин умри дароз бинӣ».

4 Ва шумо, эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоваред, балки онҳоро дар таълимот ва насиҳати Худованд тарбия кунед.

5 Эй ғуломон, ба оғоёни башарии худ бо тарсу ларз ва бо соддадилӣ, мисли он ки ба Масеҳ бошад, итоат намоед,

6 На бо ҳозирхизматии зоҳирӣ, ҳамчун одампарастон, балки ҳамчун ғуломони Масеҳ, ки иродаи Худоро аз таҳти дил ба ҷо меоваранд.

7 Ғайратмандона хизмат кунед, мисли он ки ба Масеҳ бошад, на ба одамон,

8 Зеро медонед, ки ҳар кас, хоҳ ғулом бошад, хоҳ озод, ба андозаи кори неке ки кардааст, аз Худованд мукофот хоҳад гирифт.

9 Ва шумо, эй оғоён, бо онҳо низ ҳамин тавр рафтор кунед, ва аз таҳдид даст кашед, ва бидонед, ки бар сари шумо ҳам дар осмон Оғое ҳаст, ва Ӯ рӯйбинӣ надорад.


Зиреҳи куллии рӯҳонӣ.

10 Ниҳоят, эй бародаронам, дар Худованд ва дар тавоноии қудрати Ӯ неруманд шавед.

11 Зиреҳи куллии Худоро дар бар кунед, то ки битавонед ба дасисаҳои иблис муқобилат намоед.

12 Чунки муборизаи мо на бар зидди хун ва ҷисм аст, балки бар зидди сарварон, бар зидди ҳукуматдорон, бар зидди фармонравоёни ин олами зулмот аст, бар зидди қувваҳои рӯҳии шарорат, ки дар афлок аст.

13 Бинобар ин, зиреҳи куллии Худоро бигиред, то ки дар рӯзи бад муқобилат намуда ва ҳама корҳоро анҷом дода, истодагӣ карда тавонед.

14 Пас, бо ростӣ камар баста ва ҷавшани адолатро дар бар карда, биистед,

15 Ва пойафзоли омодагиро барои додани башорати осоиштагӣ ба пои худ бипӯшед,

16 Дар айни ҳол сипари имонро бигиред, ки бо он ҳамаи тирҳои тафсони шарирро хомӯш карда метавонед;

17 Ва хӯди наҷотро бигиред, ва шамшери Рӯҳро, ки каломи Худост;

18 Дар ҳар вақт дар Рӯҳ бо ҳар дуо ва илтимос дуо гӯед, ва ҳушьёр ва босабот буда, ҳамеша дар бораи ҳамаи муқаддасон илтимос кунед,

19 Барои ман низ дуо гӯед, то ба ман калом ато шавад, ки даҳон кушода, сирри башоратро боҷуръат баён намоям,

20 Ки барои он ман дар занҷирҳо вазифаи сафирро ба ҷо меоварам, то ки далерона ва ба таври бояду шояд сухан гӯям.


Сухани хотимавӣ.

21 Ва барои он ки шумо низ аз вазъиятам ва корҳоям воқиф шавед, Тӯхиқӯс, ки бародари маҳбуб ва хизматгузори амин дар Худованд аст, шуморо аз ҳар хусус хабардор хоҳад кард,

22 Ки ӯро барои ҳамин назди шумо фиристодам, то ки аз вазъияти мо огоҳ бошед, ва ӯ дилҳои шуморо тасаллӣ диҳад.

23 Бародаронро осоиштагӣ ва муҳаббат бо имон аз ҷониби Худои Падар ва Исои Масеҳи Худованд бод.

24 Бо ҳамаи онҳое ки ба Худованди мо Исои Масеҳ муҳаббати бефано доранд, файз бод, омин.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan