Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Эфсӯсиён* 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ДУЮМ Худо бар ҳасби муҳаббати бузурги Худ имондоронро ба воситаи Хуни Масеҳ наҷот медиҳад.

1 Шумо ба сабаби хатоҳо ва гуноҳҳои худ як вақте мурда будед.

2 Дар онҳо шумо мувофиқи давраи ин олам ва иродаи мире ки дар ҳаво ҳукмрон аст, яъне он рӯҳе ки ҳоло дар писарони исьён амал мекунад, зиндагӣ мекардед.

3 Дар миёни онҳо ҳамаи мо низ як вақте аз рӯи шаҳавоти ҷисми худ зиндагӣ карда, ҳавасҳои ҷисм ва хаёлотро ба ҷо меовардем ва табиатан, мисли дигарон, фарзандони ғазаб будем.

4 Аммо Худои пур аз марҳамат, бар тибқи муҳаббати бузурге ки ба мо дорад,

5 Моро, агарчи аз рӯи хатоҳо мурда будем, бо Масеҳ зинда кард, — бо файз шумо наҷот ёфтаед, —

6 Ва бо Ӯ моро бархезонд ва дар афлок дар Исои Масеҳ шинонд,

7 То ки дар асрҳои оянда сарвати беҳадди файзи Худро дар меҳрубоние ки ба мо дар Исои Масеҳ дорад, зоҳир намояд.

8 Зеро ки шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост, балки атои Худост,

9 Ва аз аъмол нест, то ки ҳеҷ кас фахр накунад.

10 Зеро ки мо офаридаи Ӯ ҳастем ва дар Исои Масеҳ барои аъмоли нек, ки иҷрои онҳоро Худо пешакӣ барои мо таъин намудааст, ба вуҷуд оварда шудаем.

11 Пас, дар хотир дошта бошед, ки як вақте ба ҳасби ҷисм шумо халқҳо будед, ва касоне ки махтун номида мешаванд, шуморо номахтун меномиданд, вале хатнаи онҳо ҷисмонист ва бо дасти инсон ба амал оварда шудааст;

12 Дар он замон шумо бе Масеҳ, аз ҷамоати Исроил ҷудо ва нисбат ба аҳдҳои ваъда бегона будед, дар олам бе умед ва бе Худо будед.

13 Аммо акнун, дар Исои Масеҳ, шумо, ки як вақте дур будед, бо Хуни Масеҳ наздик шудаед.


Ба воситаи Исо яҳудиён ва халқҳо иҷозат доранд, ки ба Падаре ки дар осмон аст, наздик шаванд.

14 Зеро ки Ӯ осоиштагии мост, ки ҳар дуро як гардонд ва девори ҷудоиро, яъне адоватро дар Бадани Худ хароб кард,

15 Ва шариати аҳкомро, ки аз амрҳо иборат буд, ботил намуд, то ки дар Худ аз ҳар ду як одами навро ба вуҷуд оварда, осоиштагӣ барқарор намояд,

16 Ва ба воситаи салиб дар як ҷисм ҳар дуро бо Худо оштӣ диҳад ва адоватро бикушад.

17 Ӯ ба шумо, ки дур будед, ва ба онҳое ки наздик буданд, омад ва осоиштагиро башорат дод,

18 Зеро ба воситаи Ӯ ҳар дуи мо иҷозат дорем, ки дар як Рӯҳ ба Падар наздик шавем.

19 Пас, шумо акнун на ғайр ҳастед ва на бегона, балки ҳамватани муқаддасонед ва аҳли хонаи Худо,

20 Ва бар асоси ҳаввориён ва анбиё барқарор гардидаед, ки Худи Исои Масеҳ санги зовия аст.

21 Бар Ӯ тамоми иморат маҳкам пайваст шуда, ба маъбади муқаддасе дар Худованд табдил меёбад,

22 Ва бар Ӯ шумо низ бино меёбед, то ки дар Рӯҳ маскани Худо бошед.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan