Доварон 8 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ҲАШТУМ Хархашаи сибти Эфроим. Аъмоли Ҷидъӯн ва фавти ӯ. 1 Ва мардуми Эфроим ба ӯ гуфтанд: «Ин чӣ кор аст, ки ба мо кардӣ, яъне вақте ки бар зидди Мидьён ба ҷанг рафтӣ, моро даъват нанамудӣ?» Ва ба ӯ сахт хархаша карданд. 2 Вале ӯ ба онҳо гуфт: «Алҳол ман чӣ коре мисли шумо кардаам? Оё шингилҳои охирине ки Эфроим чидааст, аз тамоми ангурчинии Абиэзер беҳтар нест? 3 Мирони Мидьён, Ӯриб ва Заибро Худо ба дасти шумо таслим намуд, ва ман чӣ коре мисли шумо метавонистам бикунам?» Вақте ки ӯ ин суханонро гуфт, хашмашон аз ӯ фурӯ нишаст. 4 Ва Ҷидъӯн ба Урдун расид; ӯ ва сесад нафаре ки ҳамроҳаш буданд, убур карданд. Онҳо монда шуда буданд, вале ҳанӯз таъқиб менамуданд. 5 Ва ӯ ба мардуми Суккӯт гуфт: «Лутфан, ба қавме ки дар ақиби ман равонанд, нон бидиҳед, зеро ки онҳо монда шудаанд, ва ҳол он ки ман подшоҳони Мидьён, Забаҳ ва Салмуноъро таъқиб менамоям». 6 Вале мирони Суккӯт гуфтанд: «Магар кафи Забаҳ ва Салмуноъ аллакай дар дасти туст, то ки ба лашкари ту нон диҳем?» 7 Ва Ҷидъӯн гуфт: «Ба ин сабаб, вақте ки Худованд Забаҳ ва Салмуноъро ба дасти ман таслим намояд, ман гӯшти бадани шуморо бо хорҳои биёбон ва бо янтоқҳо хоҳам кӯфт». 8 Ва аз он ҷо ӯ ба Фануил рафта, ба мардумаш айни ҳамон суханро гуфт, ва онҳо ба ӯ он гуна ҷавоб доданд, ки мардуми Суккӯт ҷавоб дода буданд. 9 Ва ӯ ба мардуми Фануил низ гуфт: «Вақте ки ба саломатӣ баргардам, ин бурҷро вайрон хоҳам кард». 10 Ва Забаҳ ва Салмуноъ дар Қарқӯр буданд, ва ӯрдуи онҳо тақрибан аз понздаҳ ҳазор нафар иборат буд, ки инҳо аз тамоми ӯрдуи аҳли машриқ боқӣ монда буданд, чунки саду бист ҳазор нафар мардони ҷангӣ несту нобуд шуда буданд. 11 Ва Ҷидъӯн бо роҳи хайманишинон ба тарафи шарқии Нӯвоҳ ва Ёҷбеҳо баромада, ӯрдуро зарба зад, дар сурате ки ӯрду бепарво мезистанд. 12 Забаҳ ва Салмуноъ рӯ ба гурез оварданд, ва ӯ онҳоро таъқиб менамуд, ва ду подшоҳи Мидьён, Забаҳ ва Салмуноъро дастгир кард, ва тамоми ӯрду ба ҳарос афтоданд. 13 Ва Ҷидъӯн ибни Юош аз баландии Ҳорас аз ҷанг баргашт. 14 Ва амрадеро аз мардуми Суккӯт дастгир карда, аз вай пурсупос намуд, ва вай барои ӯ номҳои мирони Суккӯт ва пирони онро, ки ҳафтоду ҳафт нафар буданд, навишт. 15 Ва ӯ назди мардуми Суккӯт омада, гуфт: «Инак Забаҳ ва Салмуноъ, ки дар бораи онҳо шумо тамасхур намуда, гуфтед: „Магар кафи Забаҳ ва Салмуноъ аллакай дар дасти туст, то ки ба одамони хастаи ту нон диҳем?“» 16 Ва пирони шаҳр ва хорҳои биёбон ва янтоқҳоро гирифта, бо онҳо мардуми Суккӯтро ба ҷазо мустаҳиқ намуд. 17 Ва бурҷи Фануилро вайрон карда, мардуми шаҳрро кушт. 18 Ва ба Забаҳ ва Салмуноъ гуфт: «Онҳое ки шумо дар Тобӯр куштед, чӣ гуна одамон буданд?» Ва гуфтанд: «Онҳо мисли ту буданд, ҳар яке намуди шоҳзодаро дошт». 19 Ва ӯ гуфт: «Онҳо бародарони ман, писарони модари ман буданд. Ба Худованди Ҳай қасам, ки агар онҳоро зинда нигоҳ медоштед, ман шуморо намекуштам». 20 Ва ба нахустзодаи худ Етер гуфт: «Бархез ва онҳоро бикуш!» Лекин амрад шамшери худро накашид, зеро ки метарсид, чунки ҳанӯз амрад буд. 21 Ва Забаҳ ва Салмуноъ гуфтанд: «Бархез ва моро бикуш, зеро ки мардро мардонагӣ месозад». Ва Ҷидъӯн бархоста, Забаҳ ва Салмуноъро кушт, ва ҳилолҳои зарринро, ки бар гардани шутурҳошон буд, гирифт. 22 Ва исроилиён ба Ҷидъӯн гуфтанд: «Бар мо салтанат бирон, ҳам худат, ҳам писарат, ҳам писари писарат; зеро ки ту моро аз дасти Мидьён раҳо кардӣ». 23 Вале Ҷидъӯн ба онҳо гуфт: «Ман бар шумо салтанат нахоҳам ронд, писарам низ бар шумо салтанат нахоҳад ронд; Худованд бар шумо салтанат хоҳад ронд». 24 Ва Ҷидъӯн ба онҳо гуфт: «Аз шумо хоҳише дорам, ки ҳар яке аз шумо гӯшворае аз ғанимати худ ба ман бидиҳад». Зеро ки исмоилиён гӯшвораҳои тилло доштанд. 25 Ва гуфтанд: «Албатта хоҳем дод». Ва пероҳане паҳн карда, ҳар яке гӯшвораеро аз ғанимати худ дар он андохтанд. 26 Ва вазни гӯшвораҳои тиллое ки ӯ талабид, ҳазору ҳафтсад сиқли тилло буд, ғайр аз ҳилолҳо ва ҳалқаҳо ва либосҳои арғувоне ки бар подшоҳони Мидьён буд, ва ғайр аз гарданбандҳое ки бар гардани шутурҳошон буд. 27 Ва Ҷидъӯн аз он тилло эфӯд сохта, онро дар шаҳри худ Ӯфро гузошт; ва ҳамаи исроилиён аз пушти он дар он ҷо ба бутпарастӣ дода шуданд, ва он барои Ҷидъӯн ва хонадони ӯ доме гардид. 28 Ва аҳли Мидьён пеши банӣ‐Исроил итоат карданд, ва дигар сари худро набардоштанд; ва замин дар айёми Ҷидъӯн чил сол ором ёфт. 29 Ва Ерубаал ибни Юош рафта, дар хонаи худ умр ба сар бурд. 30 Ва Ҷидъӯн ҳафтод писар дошт, ки аз камари ӯ ба вуҷуд омада буданд, зеро ки занонаш бисьёр буданд. 31 Ва суррияе ки ӯ дар Шакем дошт, вай низ барои ӯ писаре зоид, ва ӯ ин писарро Абималик ном монд. 32 Ва Ҷидъӯн ибни Юош дар пирии некӯ вафот ёфт, ва дар мақбараи падараш Юош дар Ӯфрои Абиэзрӣ дафн карда шуд. Бори панҷум аз Худо дур шуда, ошӯб бардоштанд. 33 Ва чунин воқеъ шуд, ки чун Ҷидъӯн вафот ёфт, банӣ‐Исроил аз нав ба ибодати Баалҳо дода шуданд, ва Баал‐Бритро худои худ донистанд. 34 Ва банӣ‐Исроил Худованд Худои худро ба ёд наоварданд, ки Ӯ онҳоро аз дасти ҳамаи душманоне ки дар гирду пеши худ доштанд, раҳо карда буд. 35 Ва ба хонадони Ерубаал, ки Ҷидъӯн бошад, ба хотири тамоми некие ки ӯ ба Исроил карда буд, эҳсон нанамуданд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden