Доварон 3 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СЕЮМ Халқҳое ки исроилиёнро озмудаанд. 1 Ва инҳоянд халқҳое ки Худованд боқӣ гузошт, то ки ба воситаи онҳо Исроилро биозмояд, яъне ҳамаи онҳоеро, ки ҳамаи ҷангҳои Канъонро намедонистанд, 2 То ки наслҳои банӣ‐Исроил дониш пайдо карда, бурдани ҷангро таълим гиранд, яъне онҳое ки пештар онро намедонистанд: 3 Панҷ ҳокими фалиштиён ва ҳамаи канъониён, сидӯниён ва ҳиввиён, ки дар кӯҳсори Лубнон аз кӯҳи Баал‐Ҳермӯн то даромадгоҳи Ҳамот сокин буданд. 4 Ва онҳо барои он боқӣ гузошта шуда буданд, ки ба воситаи онҳо исроилиён озмуда шаванд, то маълум гардад, ки оё ба аҳкоми Худованд, ки Ӯ ба падаронашон ба воситаи Мусо амр фармудааст, итоат менамоянд ё не. Бори аввал аз Худо дур шудани Исроил. Довари якум — Отниил. 5 Ва банӣ‐Исроил дар миёни канъониён, ҳиттиён ва амӯриён ва фариззиён ва ҳиввиён ва ябусиён сокин буданд; 6 Ва духтарони онҳоро барои худ ба занӣ мегирифтанд, ва духтарони худро ба писарони онҳо медоданд, ва худоёни онҳоро ибодат мекарданд. 7 Ва банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Худованд Худои худро фаромӯш намуда, Баалҳо ва бутҳои Ашераро ибодат карданд. 8 Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва онҳоро ба дасти Кушан‐Ришъотаим, ки подшоҳи Арам‐наҳрайн буд, супурд, ва банӣ‐Исроил ҳашт сол ба Кушан‐Ришъотаим хизмат карданд. 9 Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд, ва Худованд барои банӣ‐Исроил наҷотдиҳандае ба майдон овард, ки ӯ онҳоро наҷот дод: ӯ Отниил ибни Қеназ, додари хурдии Колеб буд. 10 Ва Рӯҳи Худованд бар ӯ буд, ва Исроилро доварӣ менамуд; ва барои ҷанг берун омад, ва Худованд Кушан‐Ришъотаимро, ки подшоҳи Арам‐наҳрайн буд, ба дасти ӯ таслим кард, ва ӯ бар Кушан‐Ришъотаим дастболо шуд. 11 Ва замин чил сол ором ёфт; ва Отниил ибни Қеназ вафот ёфт. Бори дуюм аз Худо дур шуданд; довари дуюм — Эҳуд. 12 Ва аз нав банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд; ва Худованд Аҷлӯнро, ки подшоҳи Мӯоб буд, бар Исроил ғолиб сохт, чунки онҳо он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд. 13 Ва ӯ банӣ‐Аммӯн ва Амолеқро назди худ ҷамъ кард, ва омада, ба Исроил зарба расонид, ва онҳо шаҳри Хурмозорро гирифтанд. 14 Ва банӣ‐Исроил ба Аҷлӯн — подшоҳи Мӯоб — ҳаждаҳ сол хизмат карданд. 15 Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд, ва Худованд барои онҳо наҷотдиҳандае, яъне Эҳуд ибни Ҷерои биньёминиро, ки марди чапдасте буд, ба майдон овард; ва банӣ‐Исроил ба воситаи ӯ ба Аҷлӯн — подшоҳи Мӯоб — ҳадия фиристоданд. 16 Ва Эҳуд барои худ шамшери дудамае ки дарозияш як зироъ буд, сохт, ва онро дар таги ҷомаи худ, бар рони росташ овехт. 17 Ва ҳадияро ба Аҷлӯн — подшоҳи Мӯоб — пешкаш намуд; ва Аҷлӯн шахси бағоят фарбеҳ буд. 18 Ва чун пешкаш кардани ҳадияро анҷом дод, одамонеро, ки ҳадияро бардошта оварда буданд, гуселонид. 19 Ва худаш аз пеши санамҳое ки назди Ҷилҷол буд, баргашта, гуфт: «Сухани махфие барои ту дорам, эй подшоҳ». Вай гуфт: «Хомӯш!» Ва ҳамаи ҳозирон аз пеши вай баромаданд. 20 Ва Эҳуд ба вай наздик омад, дар сурате ки вай дар болохонаи салқин танҳо нишаста буд; ва Эҳуд гуфт: «Каломе аз ҷониби Худо барои ту дорам». Вай аз курсӣ бархост. 21 Ва Эҳуд дасти чапи худро дароз карда, шамшерро аз болои рони рости худ гирифт, ва онро ба шиками вай халонид, 22 Ба тавре ки дастаи он низ бо теғаш фурӯ рафт, ва чарбу теғро пӯшонид, зеро ки шамшерро аз шиками вай кашида набаровард; ва наҷосати вай зада баромад. 23 Ва Эҳуд ба роҳрав баромада, дарҳои болохонаро аз пушти вай баст ва қуфл кард. 24 Ва чун ӯ берун рафт, навкарони вай омада диданд, ки инак, дарҳои болохона қуфл аст; ва дар дили худ гуфтанд: «Яқинан, вай дар хонаи салқин ба ҳоҷат бархостааст». 25 Ва хеле вақт маътал монданд, ва инак, вай дарҳоро намекушояд; ва онҳо калидро гирифта, кушоданд, ва инак, оғояшон бар замин мурда хобидааст. 26 Ва Эҳуд дар замоне ки онҳо интизор меистоданд, нопадид гашт, ва аз пеши санамҳо гузашта, ба сӯи Саиро гурехт. 27 Ва ҳамин ки ба он ҷо расид, бар кӯҳи Эфроим шох навохт; ва банӣ‐Исроил бо ӯ аз кӯҳ фурӯд омаданд, ва ӯ пешопеши онҳо буд. 28 Ва ба онҳо гуфт: «Аз ақиби ман битозед, зеро ки Худованд душмани шуморо ба дасти шумо супурдааст». Ва онҳо аз ақиби ӯ фурӯд омаданд, ва маъбарҳои Урдунро, ки ҷониби Мӯоб буд, гирифтанд, ва ҳеҷ якеро нагузоштанд, ки аз онҳо убур намояд. 29 Ва дар он вақт тақрибан даҳ ҳазор нафарро аз мӯобиён, яъне ҳар паҳлавон ва ҷанговарро куштанд, ва ҳеҷ кас натавонист бигрезад. 30 Ва Мӯоб дар он рӯз зери дасти Исроил итоат намуд, ва замин ҳаштод сол ором ёфт. Шамҷар — довари сеюм. 31 Ва баъд аз ӯ Шамҷар ибни Анот буд, ва шашсад нафарро аз фалиштиён бо таёқи говронӣ зада кушт; ва ӯ низ Исроилро наҷот дод. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden