Доварон 21 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ БИСТУ ЯКУМ Тақдири баъдинаи сибти Биньёмин. 1 Ва исроилиён дар Мисфо қасам хӯрда, гуфтанд: «Касе аз мо духтарашро ба биньёминӣ ба занӣ нахоҳад дод». 2 Ва қавм ба Байт‐Ил омада, то шом дар он ҷо ба хузури Худо нишастанд, ва овози худро баланд карда, зор‐зор гиристанд. 3 Ва гуфтанд: «Чаро, эй Худованд Худои Исроил, чунин воқеа дар Исроил рӯй дод, ки имрӯз як сибт аз Исроил кам мешавад?» 4 Ва фардояш қавм субҳидам бархоста, дар он ҷо қурбонгоҳ бино карданд, ва қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатӣ оварданд. 5 Ва банӣ‐Исроил гуфтанд: «Кист аз ҳамаи сибтҳои Исроил, ки ба ҷамъомади назди Худованд наомадааст?» Зеро қасами сахт хӯрда гуфта буданд, ки ҳар кӣ назди Худованд ба Мисфо наомада бошад, бояд ҳатман кушта шавад. 6 Ва банӣ‐Исроил дар хусуси бародари худ Биньёмин пушаймон шуда, гуфтанд: «Имрӯз як сибт аз Исроил маҳв шуд. 7 Пас, бо бақияи онҳо дар бобати занон чӣ бояд бикунем? Мо, охир, ба Худованд қасам хӯрдаем, ки духтарони худро ба онҳо ба занӣ надиҳем». 8 Ва гуфтанд: «Оё ягон сибти Исроил ҳаст, ки ба Мисфо назди Худованд наомада бошад?» Ва инак, аз Ёбиш‐Ҷилъод касе ба ҷамъомади ӯрдугоҳ наомадааст. 9 Ва қавм аз назар гузаронида шуданд, ва инак, аз сокинони Ёбиш‐Ҷилъод касе дар он ҷо набуд. 10 Ва ҷамоат дувоздаҳ ҳазор нафар ҷанговарони далерро ба он ҷо фиристоданд, ва ба онҳо амр фармуда, гуфтанд: «Биравед ва сокинони Ёбиш‐Ҷилъодро бо занон ва кӯдаконашон ба дами шамшер бикушед. 11 Ва чунин аст коре ки бояд бикунед: ҳар мард ва ҳар занеро, ки бо мард хобида бошад, маҳв намоед». 12 Ва аз миёни сокинони Ёбиш‐Ҷилъод чорсад духтари бокираи бо мард нахобидаро ёфтанд, ва онҳоро ба ӯрдугоҳи Шилӯ, ки дар замини Канъон аст, оварданд. 13 Ва тамоми ҷамоат назди банӣ‐Биньёмин, ки дар сахраи Риммӯн буданд, барои гуфтугӯ кас фиристода, онҳоро ба сулҳ даъват карданд. 14 Дар он вақт биньёминиён баргаштанд, ва духтаронеро, ки аз занони Ёбиш‐Ҷилъод зинда нигоҳ дошта буданд, ба онҳо доданд, вале ин адад барояшон кифоят накард. 15 Валекин қавм дар хусуси Биньёмин пушаймон буданд, зеро ки Худованд дар сибтҳои Исроил рахнае ба амал оварда буд. 16 Ва пирони ҷамоат гуфтанд: «Бо бақияи онҳо дар бобати занон чӣ бояд бикунем? Зеро ки занон аз байни Биньёмин маҳв шудаанд». 17 Ва гуфтанд: «Бигзор мулки Биньёмин мероси растагорони вай гардад, то сибте аз Исроил маҳв нашавад. 18 Вале мо наметавонем духтарони худро ба онҳо ба занӣ диҳем, зеро ки банӣ‐Исроил қасам хӯрда, гуфтаанд: „Малъун бод касе ки ба Биньёмин зан диҳад!“» 19 Ва гуфтанд: «Инак, дар Шилӯ, ки ба тарафи шимолии Байт‐Ил ва ба тарафи шарқии роҳе ки аз Байт‐Ил ба Шакем мебарад, ва ба тарафи ҷанубии Лабӯно воқеъ аст, ҳар сол иди Худованд гузаронида мешавад». 20 Ва ба банӣ‐Биньёмин амр фармуда, гуфтанд: «Биравед ва дар токзорҳо камин гиред. 21 Ва чун дидед, ки инак, духтарони Шилӯ барои рақсидан ба майдони рақсу суруд баромадаанд, шумо аз токзорҳо берун омада, ҳар яке барои худ аз духтарони Шилӯ зане бирабоед ва ба замини Биньёмин биравед. 22 Ва ҳангоме ки падарон ё бародарони онҳо назди мо омада шикоят кунанд, мо ба онҳо хоҳем гуфт: „Онҳоро бибахшед, зеро ки ҳар яке зани худро дар ҷанг ба даст наовардаанд, ва шумо низ ба онҳо надодаед, ки алҳол айбдор шавед“». 23 Пас, банӣ‐Биньёмин ҳамин тавр амал карданд, ва бар ҳасби шумораи худ духтаронро аз миёни раққосагон рабуда, ба занӣ гирифтанд, ва рафта ба мулки худ баргаштанд, ва шаҳрҳо бино карда, дар онҳо сокин шуданд. 24 Ва аз он ҷо банӣ‐Исроил дар он вақт ҳар яке ба сибти худ ва ба қабилаи худ равона шуданд, ва аз он ҷо ҳар яке ба мулки худ берун омаданд. 25 Дар он айём подшоҳе дар Исроил набуд; ҳар кас он чи ба назараш писанд меомад, мекард. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden