Доварон 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУЮМ Шарҳи воқеаҳо аз вақти дохилшавӣ ба Канъон то вақти вафоти Еҳушаъ ибни Нун. Саркашии Исроил, пушаймонӣ ва ҷазо. 1 Ва фариштаи Худованд аз Ҷилҷол ба Бӯким омада, гуфт: «Ман шуморо аз Миср берун овардам, ва шуморо ба замине ки дар бораи он ба падаронатон қасам хӯрда будам, овардам, ва Ман гуфтам: „Аҳди Худро бо шумо то абад нахоҳам шикаст; 2 Ва шумо бо сокинони ин замин аҳд набандед, қурбонгоҳҳои онҳоро бишканед“. Вале шумо овози Маро нашнидед. Ин чӣ кор аст, ки кардед? 3 Ва низ гуфтам: „Онҳоро аз пеши шумо бадар нахоҳам ронд, ва онҳо барои шумо садди роҳ хоҳанд буд, ва худоҳои онҳо барои шумо дом хоҳанд буд“». 4 Ва ҳангоме ки фариштаи Худованд ин суханонро ба тамоми банӣ‐Исроил гуфт, қавм овози худро баланд карда, гиристанд. 5 Ва номи он мавзеъро Бӯким монданд, ва дар он ҷо барои Худованд қурбонӣ карданд. 6 Баъд аз он ки Еҳушаъ қавмро равона кард, банӣ‐Исроил ҳар яке ба мулки худ рафтанд, то ки заминро тасарруф намоянд. 7 Ва дар тамоми айёми Еҳушаъ ва дар тамоми айёми пироне ки баъд аз Еҳушаъ дар қайди ҳаёт буда, ҳамаи корҳои бузурги Худовандро, ки барои Исроил кардааст, дида буданд, қавм Худовандро ибодат менамуданд. 8 Ва Еҳушаъ ибни Нун, бандаи Худованд, дар синни саду даҳсолагӣ вафот ёфт. 9 Ва ӯро дар ҳудуди мулкаш, дар Тимнат‐Ҳорас, дар кӯҳи Эфроим, ба тарафи шимолии кӯҳи Ҷоаш дафн карданд. 10 Ва тамоми он насл низ назди падарони худ рафтанд, ва баъд аз онҳо насли дигаре бархостанд, ки Худовандро намедонистанд, ва корҳоеро низ, ки Ӯ барои Исроил кардааст. 11 Ва банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Баалҳоро ибодат карданд; 12 Ва Худованд Худои падарони худро, ки онҳоро аз замини Миср берун оварда буд, тарк карданд, ва худоёни дигарро аз байни худоёни қавмҳое ки дар гирду пешашон буданд, пайравӣ намуда, ба онҳо саҷда бурданд, ва Худовандро ба ғазаб оварданд. 13 Ва Худовандро тарк карда, Баал ва Аштораҳоро ибодат намуданд. 14 Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва Ӯ онҳоро ба дасти тороҷгарон супурд, ва онҳоро тороҷ карданд; ва онҳоро ба дасти душманони онҳо, ки дар гирду пешашон буданд, супурд, ва онҳо дигар натавонистанд пеши душманони худ истодагӣ намоянд. 15 Ҳар бор, ки ба ҷанг мебаромаданд, дасти Худованд бар онҳо ба бадӣ буд, чунон ки Худованд гуфта буд ва чунон ки Худованд ба онҳо қасам хӯрда буд; ва онҳо бисьёр ба танг омаданд. Таъсис ёфтани доварон. 16 Ва Худованд доваронро ба майдон овард, ки онҳоро аз дасти тороҷгарони онҳо наҷот медоданд. 17 Вале онҳо ба доварони худ низ итоат надоштанд, зеро ки гумроҳ шуда, худоёни дигарро пайравӣ мекарданд ва ба онҳо саҷда мебурданд; аз роҳе ки падаронашон бо он рафтор намуда, ба аҳкоми Худованд итоат мекарданд, бо зудӣ дур шуданд, ва мисли онҳо амал накарданд. 18 Ва ҳангоме ки Худованд барои онҳо доваронро ба майдон овард, Худованд бо довар буд ва онҳоро дар тамоми айёми довар аз дасти душманонашон наҷот медод, зеро ки Худованд ба сабаби оҳу нолаи онҳо, ки аз дасти золимон ва ситамгарони худ мекарданд, ба онҳо дилсӯзӣ менамуд. 19 Ва ҳамин ки довар вафот меёфт, онҳо аз нав, аз падарони худ зиёдтар фосид гардида, худоёни дигарро пайравӣ мекарданд, онҳоро ибодат намуда, саҷда мебурданд, аз корҳои зишт ва роҳи бади худ ҳеҷ даст намекашиданд. Оқибати беитоатии Исроил. 20 Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва Ӯ гуфт: «Азбаски ин халқ аҳди Маро, ки ба падаронашон амр фармудаам, поймол карда, ба овози ман гӯш намедиҳанд, 21 Ман низ ҳеҷ яке аз он ҳалқҳоро, ки Еҳушаъ боқӣ гузошта вафот ёфтааст, дигар аз пеши онҳо бадар нахоҳам ронд, 22 То ки ба воситаи онҳо Исроилро биозмоям: оё онҳо роҳи Худовандро мисли он ки падаронашон риоя мекарданд, риоя намуда, бо он рафтор мекунанд ё не?» 23 Ва Худованд он халқҳоро боқӣ гузошт, бе он ки онҳоро бо зудӣ бадар ронад; ва онҳоро ба дасти Еҳушаъ таслим накард. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden