Доварон 12 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУВОЗДАҲУМ Мубориза бо эфроимиён. Ибсон — довари даҳум. 1 Ва аҳли Эфроим ҷамъ шуда, ба тарафи шимол гузаштанд ва ба Йифтоҳ гуфтанд: «Чаро барои ҷангидан бо банӣ‐Аммӯн рафтӣ, вале моро нахондӣ, то ки ҳамроҳи ту биравем? Мо хонаи туро оташ дода, бар сари ту хоҳем сӯзонид». 2 Вале Йифтоҳ ба онҳо гуфт: «Ман ва қавми ман бо банӣ‐Аммӯн низои сахте доштем; ва ман шуморо хондам, вале маро аз дасти онҳо наҷот надодед. 3 Ва чун дидам, ки наҷот намедиҳӣ, ҷони худро ба кафи даст гирифта, ба ҳудуди банӣ‐Аммӯн гузаштам, ва Худованд онҳоро ба дасти ман супурд; пас чаро шумо имрӯз назди ман баромадаед, то ки бо ман ҷанг кунед?» 4 Ва Йифтоҳ тамоми мардуми Ҷилъодро ҷамъ оварда, бо Эфроим ҷанг кард; ва мардуми Ҷилъод ба эфроимиён зарба расониданд, чунки гуфта буданд: «Эй аҳли Ҷилъод, шумо гурезаҳои Эфроим андаруни Эфроим ва андаруни Менашше ҳастед». 5 Ва аҳли Ҷилъод маъбарҳои Урдунро аз Эфроим гирифтанд, ва ҳангоме ки касе аз гурезаҳои Эфроим мегуфт: «Бимон, ки бигзарам», мардуми Ҷилъод ба вай мегуфтанд: «Оё ту эфроимӣ ҳастӣ?» Вай мегуфт: «Не». 6 Онҳо ба вай мегуфтанд: «Бигӯй: „Шиббӯлет“», вале вай мегуфт: «Сиббӯлет», ва наметавонист дуруст талаффуз намояд; ва онҳо варо дастгир карда, назди маъбарҳои Урдун мекуштанд; ва дар он вақт чилу ду ҳазор нафар эфроимиён кушта шуданд. 7 Ва Йифтоҳ бар Исроил шаш сол доварӣ намуд; ва Йифтоҳи ҷилъодӣ вафот ёфта, дар яке аз шаҳрҳои Ҷилъод дафн карда шуд. 8 Ва баъд аз ӯ Ибсони байтлаҳмӣ бар Исроил доварӣ намуд. 9 Ва ӯ сӣ писар дошт, ва сӣ духтарашро берун бароварда, аз берун барои писаронаш сӣ духтар гирифта буд; ва ӯ ҳафт сол бар Исроил доварӣ намуд. 10 Ва Ибсон вафот ёфта, дар Байт‐Лаҳм дафн карда шуд. Элӯн — довари ёздаҳум. 11 Ва баъд аз ӯ Элӯни забулунӣ бар Исроил доварӣ намуд; ва ӯ даҳ сол бар Исроил доварӣ намуд. 12 Ва Элӯни забулунӣ вафот ёфта, дар Аёлӯн, ки дар замини Забулун аст, дафн карда шуд. Абдӯн — довари дувоздаҳум. 13 Ва баъд аз ӯ Абдӯн ибни Ҳиллели фиръотӯнӣ бар Исроил доварӣ намуд. 14 Ва ӯ чил писар ва сӣ набера дошт, ки бар ҳафтод харкурра савор мешуданд; ва ӯ ҳашт сол бар Исроил доварӣ намуд. 15 Ва Абдӯн ибни Ҳиллели фиръотӯнӣ вафот ёфта, дар Фиръотӯн, ки дар замини Эфроим бар кӯҳи Амолеқ аст, дафн карда шуд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden